Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№156 (4262) 29.12.2020

Бинои ПарламентБисту ҳаштуми декабри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор шуд.

Дар он баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Юсуфӣ М.», «Дар бораи лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, муовини раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳакимзода Шарифҷон Саидович, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Саидов ва мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Комилзода Абдуқодир Ҷафар мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои баррасӣ ба Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ва Созишномаи грантӣ (маблағгузории беруна) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» барои хулоса ба кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуданд.

Инчунин, аъзои Шӯро «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул карданд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ