Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№64 (4326) 12.05.2021

DSC_9891Ёздаҳуми майи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Ибтидо дар он масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва онро муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин шарҳ дод. Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, ки лоиҳаи қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, қабули санадҳои қонуниву асоснок, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва фароҳам овардани шароит барои дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия гаштааст.

Бино ба маълумоти Равшан Раҷабзода, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»  аз муқаддима, 6 боб ва 26 модда иборат буда,  асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд. Ва ба талаботи моддаҳои 1, 2, 5, 10, 14, 17, 30, 42 ва боби 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Сипас, масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Насриддинзода Э. С.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон баровардани Насриддинзода Э. С.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон озод намудани Насриддинзода Э. С.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Насриддинзода Э. С.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб намудани Идизода Ф. Ф.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб намудани Идизода Ф. Ф.» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Идизода Ф. Ф.»  баъди баррасӣ бо қарорҳои алоҳида ба баррасии ҷаласаи навбатии  Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Ҳамин тариқ, масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ва «Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ