Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№77 (4339) 15.06.2021

DSC_238214 июни соли 2021 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Онро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ  Ватанзода раисӣ кард.

Дар оғоз масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ­тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2 — юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, қитъаи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Сипас, баъди шарҳу тавзеҳи раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода бо қарорҳои алоҳида барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии  Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

DSC_2360Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, «Оид ба пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» дар алоҳидагӣ қарор қабул кард.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ