Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№110 (4372) 04.09.2021

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 сентябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир гардид, масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Моҳияти онро муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин шарҳу тавзеҳ дода, барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки 30 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ, дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» — ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд. Бо мақсади қабули он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 сентябри соли 2021 даъват карда шудааст.

Қонуни авф нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами 245 аз 30 августи соли 2021 даъват карда шудааст, ирсол гардид.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иштирок дошт.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ