Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№143 (3444) 27.10.2015

DSC_156926 октябри соли 2015  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро Қарор қабул кард.

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ш. Раҳимзода, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия С. Шарипов масъалаҳои нахустини рӯзнома –  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ва  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров фикру андеша ва мулоҳизоти хешро зимни баррасии масъалаҳои номбурда баён доштанд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои баёнгардида, доир ба масъалаҳои мазкур, инчунин аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бозхонд намудани Наимова Вера Романовна аз ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Маҳмудов Ҷамолиддин Бурҳониддинович аз ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи қатъ намудани ваколати узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторов Акбаралӣ Қурбоналиевич» таври алоҳида қарорҳо қабул кард ва ин масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Доир ба масъалаҳои зерини рӯзнома –  «Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015» ва «Дар бораи гузориши Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон аз 7 то 18 сентябри соли 2015» қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои охирини  рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳо қабул кард.                                     

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум».

 Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ