Дидору мулоқот тақвиятбахши рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ гардиданд

№25 (4131) 25.02.2020

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Парламенти касбии Тоҷикистон рушди робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷӣ маҳсуб меёбад ва аз ин ҷост, ки ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанба бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад.

DSC_6480Дар ин робита метавон гуфт, ки Маҷлиси намояндагон дар давраи фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Яъне, ҳамкориҳои байнипарлумониву хориҷӣ тавсеа ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров барои заминаи мустаҳкаму устувор гузоштан ба муносибатҳои дуҷонибаи байнипарламентӣ тайи ин муддат бо намояндагони баландпояи кишварҳои наздику дур ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дидору мулоқот ва сафарҳои расмию корӣ анҷом дод. Аз ҷумла, бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон, вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Маҷористон, давлатҳои Япония, Фаластин, Раиси палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехия, ҳайати парламентии Бундестаги Олмон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Индонезия, Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, президентҳои ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Ҳиндустон суҳбатҳо доир намуд. Ҳамчунин, бо ин мақсад намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои муқими Тоҷикистон, аз қабили сафирони фавқулода ва мухтори Конфедератсияи Швейтсария, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, давлатҳои Фаластин, Қувайт, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Япония, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика, ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Эрон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия ва намояндагони созмонҳои хориҷӣ — Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, намояндагони Форуми парламентарҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷроияи ташкилоти байналмилалии АФПНР ва роҳбари Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, ҳайати Комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи умумихитойии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Халқии Хитой, раиси Анҷумани Парламенти Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд, ҳайати Парламенти Аврупо, маърӯзачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштиро ба ҳузур пазируфт.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи мавриди назар Маҷлиси намояндагон бо 60 кишвар ва созмони байнипарламентӣ, аз ҷумла, бо Меҷлиси Туркманистон, Маҷлиси намояндагони Урдун, Шӯрои намояндаҳои минтақавии Ҷумҳурии Индонезия, Палатаи намояндагони Малайзия, Парламенти Ҷумҳурии Сингапур, Шӯрои миллии Конфедератсияи Швейтсария, Парламенти Ҷумҳурии Шри — Ланка, Маҷлиси миллии Венгрия, Палатаи намояндагони Шоҳигарии Марокаш, Палатаи депутатҳои Руминия, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Словакия ва ғайра гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст. Ҳамчунин, гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагон дар Иттиҳоди Баинипарламентӣ, Парламенти Аврупо, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди ассамблеяи парламентии Осиё ва Иттиҳоди парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ муаррифӣ намуд.

Қобили эътироф аст, ки таҳкими ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳз дар партави сиёсати бобарору башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ба таври дигар гӯем, обрӯ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистони биҳиштосо дар ҷаҳони муосир боис шуд, ки Парламенти касбии кишвар аз сӯи ниҳодҳои қонунгузории мамолики дунё эътироф гардад, роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар баррасии масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона ширкат варзанд. Чунончи, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров борҳо дар ҳамоишҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок, суханронӣ ва мавқеи созандаи кишвари моро дар масоили байналмилалӣ муаррифӣ кардааст. Иштирок дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷаласаи 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар шаҳри Даҳваи давлати Қатар, Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, Ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Бишкек, Ҷаласаи чоруми раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Нур-Султон, Ҷаласаи сайёри навбатии Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Ереван ва анҷоми сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Давлати Кувайт, аз ҷумлаи муҳимтарин иқдомоти амалишуда дар бахши равобити байналмилалӣ ба шумор мераванд.

Дар ҷараёни ин ва дигар сафарҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони парламентҳои кишварҳои АвруОсиё, аз ҷумла, бо раисони парламентҳои Кувайт, Раиси Палатаи намояндагони Парламенти Ҷумҳурии Беларус, Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раиси Парламенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Раиси Мажлиси Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Бояд хотирнишон сохт, ки сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати Раиси палатаи қонунбарори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошкент ба рушди муносибатҳои байнипарламентии ду кишвари ба ҳам дӯст заминаҳои устувору ояндадор гузошт.

Ба илова, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаву конфронсҳо ва мустаҳкам намудани робитаҳои байнипарламентиву хориҷӣ муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаву комиссияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба кишварҳои гуногуни дунё, аз қабили Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Австрия, Латвия, Литва, Руминия, Шветсия, Словакия, Канада, Швейтсария, Ҳиндустон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Арманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Беларусия сафарҳои хизматӣ намуда, аз минбарҳои баланд афкору андешаҳои хешро бобати ҳаллу фасли масъалаҳои баррасишаванда баён доштанд.

Ҳамзамон ташрифи намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ, Раиси палатаи қонунбарори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехия, муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии вакилони мардумии Ҷумҳурии Халқии Хитой, Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Индонезия ва Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия ба шаҳри Душанбе бозгӯйи рушди ҳамкориҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Дидору мулоқоти аъзои гурӯҳҳои дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои Парламенти Аврупо дар шаҳри Душанбе, гурӯҳи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии раиси Фраксияи Ҳизби либерал — демократӣ, раиси Гурӯҳи байнипарламентии дӯстии Фаронса ва Осиёи Марказӣ, ҳайати парламентии Бундестаги Олмон низ таҳкимбахши муносибатҳои байниҳамдигарии парлумонҳо буданд. Ҳамчунин, ташрифи Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаи сайёри муштараки Маҷлиси ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо ва комиссияҳо оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъии назди Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД ва Комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии СААД дар шаҳри Душанбе ба рушду нумӯи муносибатҳои байнипарлумонӣ мусоидат намуданд.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба қабулу гусели меҳмонон дар сатҳи баланд, ташкили дидору мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои вакилони парламентӣ ва дигар созмону ташкилотҳо бо роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ нақши Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, бавижа, шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии он хеле назаррас аст. Дар солҳои 2015 — 2020 шуъба зиёда аз 125 вохӯрию мулоқот ва қабули расмии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум, муовинон ва раисони кумитаҳо бо ҳайатҳои расмии ба Тоҷикистон ташрифовардаро ба роҳ монда, онҳоро дар сатҳи баланд анҷом дод. Зимнан, ба манзури тақвият бахшидани муносибатҳои байнипарламентӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ зиёда аз 140 сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба давлатҳои хориҷаи дуру наздик ташкил карда шуд.

Воқеан, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкам намудани робитаҳои байнипарламентӣ ва баланд бардоштани ҷойгоҳ ва нақши мақоми олии қонунгузор дар муносибатҳои байналмилалӣ бо кӯшишҳои амалӣ ба натиҷаҳои назаррас даст ёфтанд. Итминон дорем, ки минбаъд низ кӯшишҳо дар самти робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷӣ таҳкиму густариш ёфта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як сокини кишвар, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, мутобиқсозии қонунгузории кишвар ба шароиту имконият ва меъёрҳои пешрафтаи сатҳи байналмилалӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои миллат ва давлат корҳои аз ин ҳам бештару судманд анҷом дода мешаванд.

Умриддин ҶӮРАЕВ, муовини мудири шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон