Дидору мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров дар Ҷумҳурии Арманистон

№134 (4084) 05.11.2019

Президент_6831Чоруми ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян ҳамсуҳбат шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон барои пазироии самимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон ва мардуми дӯсти арман изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, салом ва таманниёти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонид.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки арманиҳо, ба монанди тоҷикон, ба халқҳои қадимтарини ҷаҳон тааллуқ доранд ва дар таърихи тамаддуни башарият нақши муассир гузоштаанд.

- Миёни Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон ва Арманис­тон, ки дар доираи ин созмонҳо ҳамкории зич доранд, ташаббусҳои ҳамдигарро пайваста дастгирӣ мекунанд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Зикр гардид, ки мулоқотҳои сарони кишварҳо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Ереван бори дигар нишон медиҳанд, ки ҷонибҳо хоҳони таҳкими ҳар чӣ бештари равобити дуҷониба мебошанд. Хусусан, муносибатҳои ду кишвар пас аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Арманистон моҳи июни соли 2017 мазмуну муҳтавои нав касб кард.

Президентҳои мо ба хулоса омаданд, ки барои афзун намудани гардиши мол ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ аз имконоти мавҷуда пурра бояд истифода бурд.

- Мо иштироки ширкатҳои арманиро дар бахши тиҷорат, соҳаҳои энергетика, туризм, истихроҷи маъдан, саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди саноат, инфрасохтори нақлиёт, коммуникатсия ва тандурустӣ, истифодаи имкониятҳои сармоягузорӣ ва технологияҳои нав, лоиҳаҳои аз нуқтаи назари манфиатҳои иқтисодӣ ҷолибро дар Тоҷикистон истиқбол менамоем, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян иброз дошт, ки Ҷумҳурии Арманистон омода аст бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се самт — кор бо технологияи муосир, молия ва бонкдорӣ ва саноати хӯрокворӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.

- Танҳо бо пурра гардонидани мазмуни амалии ҳамгироӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ мо метавонем натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварем, — гуфт ӯ.

ПарламентЧоруми ноябри соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманис­тон Арарат Мирзоян мулоқот намуд.

Зимни суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистонро ба муносибати ба ин мақоми баланд интихоб шуданаш табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки мо метавонем динамикаи мусбати муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонии худро мустаҳкам ва тавсеа бахшем.

Албатта, — гуфт Раиси парлумони касбии мамлакат, — омили муҳимтарини муносибатҳои дуҷонибаи парлумонӣ ташрифи ҳайатҳои маҷлисҳо ба мамолики якдигар мебошад. Дар робита ба ин, мо хушнудем, ки Шумо барои ташрифи расмии мо ба Ҷумҳурии Арманистон имконият фароҳам овардед.

- Итминон дорем, ки минбаъд робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон бо сатҳу сифати нав дар таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим хоҳанд гузошт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диаспораи арманиҳо фарҳанги қадимаи ватани таърихии худро фаъолона рушд дода истодаанд, ки ҳамчун як пули боэътимод миёни Тоҷикистону Арманистон арзёбӣ мегардад, — афзуд ӯ.

Зикр гардид, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон ҷиҳати ҳар чӣ бештар густариш бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бояд фаъол бошанд.

Дар маҷмӯъ, Шукурҷон Зуҳуров аз сатҳи кунунии муносибатҳои тарафҳо изҳори қаноатмандӣ ва иброз намуд, ки мо кӯшиш менамоем бо муколамаҳои сатҳи олӣ барои амалӣ кардани нақшаву ниятҳои некамон такони ҷиддӣ бахшем.

Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян иброз дошт, ки мо ҳамеша ба Тоҷикистон назари нек ва бародарона дорем. Ҷумҳурии Арманистон ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар соҳаҳои гуногун бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рухони IMG_6891Чоруми ноябри соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Патриархи олӣ ва роҳбари олии рӯҳониёни арманҳои дунё Гарегини — 2 вохӯрӣ намуд.

- Таърих ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистону Арманистонро хуб арзёбӣ менамояд. Санъат, адабиёт ва фарҳанги халқҳои мо аз нуқтаи назари ҳамин анъанаҳои пуршарафи таърихӣ рушд ёфтаанд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, таъкид намуд, ки қадами муҳим дар роҳи рушд ва муколамаи тамаддунҳо ин ҷустуҷӯйи нуқтаҳои оғози манфиатҳои муштарак, арзишҳои умумӣ, унсурҳои ҳамҷавори фарҳанг ва мазҳаб мебошанд.

Патриархи олӣ ва роҳбари олии рӯҳониёни арманҳои дунё Гарегини — 2 сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арманистон ва натиҷаҳои онро дар самти таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Арманистон муҳим арзёбӣ намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз  дар Ҷумҳурии Арманистон намояндагони  дину мазҳабҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият намуда, баҳри таҳкиму якпорчагии кишварашон муттафиқона амал мекунанд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон