«Дипломатия ва одоби ташрифоти расмӣ»

№148 (3942) 11.12.2018

DSC_16986 декабри соли 2018 таҳти ҳамин унвон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи робитаҳои байнипарламентӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Хушмуҳаммад Нуриддинзода суханронӣ намуда, аз ҷумла, иброз дошт, ки сиёсати хориҷӣ ва дипломатия яке аз самтҳои авлавиятноки фаъолияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ин самти муҳим Давлат ва Ҳукумати Тоҷикис­тон корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд, ки ба пешрафту гулгулшукуфии кишвар ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуданд.

DSC_1680Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи тоҷик дар даврони истиқлолият дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ — бартараф кардани низои дохилӣ тавассути ҷараён додани гуфтушунид бо мухолифин, бартараф сохтани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир гузошт.

Тайи солҳои охир бо шарофати дипломатияи сиёсати «дарҳои боз» ва ҷалби кишварҳои гуногун ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ шуданд, ки барои рушди устувори давлат заминаҳои мустаҳкам гузоштанд. Дигар самти муҳими дипломатия иштироки фаъо­лонаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад, ки дар ин маврид низ дастовардҳо назаррасанд.

Маҳз бо шарофати дипломатияи тоҷик, чандин ташаббуси кишвари мо, бахусус, дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи терроризм, тундгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд, ки тадриҷан амалӣ мешаванд.

Вале баъзан давлатҳои абарқуд­рат барои ноил гардидан ба ҳадафҳои худ аз дипломатияи зӯракӣ истифода мебаранд ва инро ҳамчун дипломатияи шиддатнок низ ном мебаранд, ки оқибат ба нохушӣ ва ҳатто ба ҷанг оварда мерасонад.

Дар анҷом Хушмуҳаммад Нуриддинзода ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфт.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон