Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2021 тасдиқ шуд

№144 (4250) 28.11.2020

DSC_2167Бисту панҷуми ноябри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусатор Саидов ва дигар даъватшудагон иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи иҷлосия бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нурмаҳмадзода Ҷамшед»

2. Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.»

3. Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Машрабзода Ҳ. М.»

4. Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.»

5. Дар бораи тасдиқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ».

РАИС: - Ба баррасии масъалаи аввали рӯзнома — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нурмаҳмадзода Ҷамшед» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат менамояд:

«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нурмаҳмадзода Ҷамшед».

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

шаҳри Душанбе, 20 ноябри соли 2020, №80».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Нурмаҳмадзода Ҷамшед» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала — Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

шаҳри Душанбе, 20 ноябри соли 2020, №81».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Машрабзода Ҳамидулло» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Ализода Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Машрабзода Ҳ. М.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

шаҳри Душанбе, 20 ноябри соли 2020, №82».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Машрабзода Ҳ. М.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасӣ масъала «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.» пешниҳод мегардад. Аз рӯи ин масъала сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Ализода Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон

шаҳри Душанбе, 20 ноябри соли 2020, №83».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ. Ҳ.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи тасдиқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат» оғоз мекунем. Аз рӯи он сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Пайомадҳои ногувори пандемияи коронавирус (COVID-19) ва ноустуворӣ дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ соли 2020 ба фазои иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф, таъсири манфӣ расонида, осебпазирии онҳоро то андозае афзун гардонид. Номуайян будани натиҷаи қарорҳои қабулшуда аз ҷониби кишварҳо дар самти аз байн бурдани бемории коронавирус ва то ҳол идома ёфтани таъсири манфии он аз тағйирёбии вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон ва эҳтимолияти дар давраи пешомад мураккаб ва бо номуайянии зиёд боқӣ мондани ҳолати бавуҷудомада шаҳодат медиҳад.

Дар ин раванд коршиносони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ арзёбии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳонро барои соли 2020 ва пешгӯии онро барои солҳои минбаъда бознигарӣ намуда истодаанд. Аз ҷумла, коҳишёбии рушди воқеии иқтисодиёти ҷаҳон дар соли ҷорӣ аз рӯи баҳодиҳии охирини Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар доираи 4,4 фоиз пешгӯӣ мегардад, ки аз дурнамои қаблӣ 1,4 банди фоизӣ пасттар мебошад.

Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз тағйирёбии вазъи иқтисодиёти берунӣ вобастагии калон дошта, дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус ва таъсири дигар омилҳои беруна ба хавфи бештар дучор гардид, ки онҳо соли ҷорӣ ба вазъи макроиқтисодӣ ва низоми молиявии кишвар таъсири манфӣ расонида, дар паст шудани суръати рушди иқтисодиёт, номуътадилиҳои таваррумӣ, ноус­тувории қурби пули миллӣ, коҳиш ёфтани вуруди интиқолҳои пулӣ ва ҳаҷми сармоягузориҳо, камшавии даромаднокии аҳолӣ, инчунин паст гардидани сатҳи талаботи дохилӣ, мусоидат карданд.

Тибқи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат», ки соли гузашта тасдиқ гардид, дар назди низоми бонкӣ ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, коҳиш додани тағйирёбиҳои қурбӣ ва таваррумӣ, беҳтар намудани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани сатҳи хавфҳо ва қарзҳои ғайрифаъол, такмилдиҳии заминаи ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ вазифаҳои муҳим гузошта шуда буд. Мутаассифона, ба миён омадани пандемияи коронавирус (COVID-19) монеи иҷрои баъзе аз ҳадафҳои пешбинишуда гардид.

Новобаста аз ин, Бонки миллӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои саривақтӣ ба муқобили таъсири хавфҳои эҳтимолӣ аз пандемияи коронавирус, паст намудани хавфҳои асъорию фишорҳои таваррумӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ, дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, баҳри таҳкими дараҷаи таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ, идоракунии самарабахши сатҳи пардохтпазирӣ, пешбурди сиёсати фоизӣ ва кам намудани таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо, барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи сифатан нав – ҳадафгирии таваррум заминаи мувофиқ фароҳам гардид.

Моҳҳои январ-октябри соли 2020 сатҳи таваррум ба 7,0 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар сохтори таварруми бавуқӯъомада болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 9,6 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ — 4,4 ва хизматрасониҳо 3,6 фоизро ташкил медиҳанд.

Сатҳи нархҳо асосан дар моҳҳои март, апрел ва октябри соли равон ба андозаи 5,6 фоиз (моҳи март -1,6 фоиз, апрел -2,2 фоиз ва октябр -1,8 фоиз) болоравӣ дошт, ки ба ин раванд асосан афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла, орд, биринҷ, шакар, равғани пахта, картошка, пиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо дарназардошти омилҳои дорои хусусияти мавсимӣ, таклифотӣ ва фишорҳои берунӣ, вобаста ба авҷ гирифтани пандемияи коронавирус ва дар ин замина маҳдуд шудани ҳамлу нақл тавассути сарҳади як қатор давлатҳои шарикони савдо, кам гардидани баъзе аз намудҳои маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ва дар натиҷа, ба таҳлука афтидани мардум таъсир расониданд. Дар баробари ин, тағйирёбии қурби асъор дар семоҳаи аввал ва нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар натиҷаи вазъи номуътадили иқтисодиёти ҷаҳон ва зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ, то андозае фишорҳои таваррумиро зиёд намуд.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосӣ барои анҷом додани амалиёти монетарӣ, дар давоми сол бо дарназардошти нисбатан муътадил гардидани интизориҳои таваррумӣ дар ҷаҳон ва дохили кишвар, инчунин ҷиҳати дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт, 2 банди фоизӣ паст шуда, дар сатҳи 10,75 фоизи солона муқаррар гардид.

Меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст шуда, мувофиқан 1 фоиз ва 5 фоизи солона муқаррар гардиданд. Аз ин ҳисоб 241,7 млн. сомонӣ ба ташкилотҳои қарзӣ баргардонида шуд, ки имкониятҳои пардохтпазирии низоми бонкиро беҳтар намуда, пешниҳоди хизматрасониҳоро ба аҳолӣ зиёд гардонид.

Дар ин давра Бонки миллӣ коғазҳои қиматнокро ба маб­лағи 11,5 млрд. сомонӣ ба фурӯш баровард. Тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ бошад, аз ташкилотҳои қарзӣ 244,4 млрд. сомонӣ ҷалб карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 маротиба зиёд мебошад.

Дар охири моҳи октябри соли 2020 ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи амалиётӣ дар давраи гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум 20,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,7 фоиз коҳиш ёфт.

Дар натиҷаи таъсири омилҳои беруна ва дохилӣ, фарқияти байни қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА, тавассути анҷомдиҳии амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори ғайрибонкӣ аз меъёри муқарраршудаи 2 фоиза гузашта, аз 2,2 фоиз (то 2 июни соли 2020) то ба 9,3 фоиз (30 октябри соли 2020) зиёд гардид.

Яке аз сабабҳои асосии дар ин давра баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёд шудани талабот ба он идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқоли пул ва сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва аз байн бурдани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор, ду маротиба тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро амалӣ гардонид, бори аввал 20 марти соли 2020 то 5,0 фоиз ва бори дуюм 4 ноябри соли 2020 то 9,3 фоиз.

Тасҳеҳи мазкур имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағ тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати интиқолдиҳандагони маблағ аз хориҷи кишвар ҳимоя гарданд, шаффофияти амалиёт таъмин шавад ва фаъолияти иштирокчиён (ҳаннотон) дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад.

Қобили қайд аст, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ Бонки миллӣ аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмин намудани талаботи иқтисодиёт (бозори байнибонкӣ, маблағгузории уҳдадориҳои давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ) бо асъори хориҷӣ, 316,3 млн. доллари ИМА, аз ҷумла, барои таъмини эҳтиёҷоти ниёзи аввалияи мардум ба ташкилотҳои қарзӣ 104,3 млн. доллари ИМА ва барои хароҷоти давлатӣ 212,0 млн. доллари ИМА равона намуд.

Вобаста ба татбиқи чораҳои андешидашуда ва раванди инкишофи иқтисодиёт дар шароити ҳозира интизорӣ меравад, ки дар ҷамъбасти соли 2020 сатҳи таваррум, бо дарназардошти беҳтар гардидани вазъи иқтисодиёти ҷаҳон аз рӯи сенарияи оптимистӣ, дар ҳудуди болоии нишондиҳандаи мақсаднок ҷамъбаст гардад.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бонки миллии Тоҷикистон соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат ҷиҳати ноил шудан ба мақсади асосии худ, ки нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад, дар доираи ваколат тавассути истифодаи механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ таъсири омилҳои монетариро ба сатҳи нархҳо пешгирӣ менамояд.

Дар соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат (солҳои 2022 ва 2023) ҳадафи таваррум дар доираи 6,0 фоиз (±2 банди фоизӣ) пешбинӣ карда мешавад.

Ба раванди болоравии сатҳи нархҳо дар давраи миёнамуҳлат омилҳои гуногун вобаста ба эҳтимолияти идома ёфтани вазъи ноустувори иқтисодӣ-молиявӣ дар ҷаҳон ва таъсири пандемияи коронавирус, омилҳои мавсимӣ ва маъмурӣ, ки маъмулан берун аз доираи таъсири сиёсати пулию қарзӣ мебошанд, метавонанд таъсир расонанд. Дар пешбурди сиёсати пешбинишаванда сатҳи таваррум дар асоси таҳлилу тадқиқотҳо аз рӯи моделҳои макроиқтисодӣ баҳодиҳӣ ва ояндабинӣ шуда, натиҷаи он дар Кумитаи сиёсати пулию қарзӣ бо қабули қарорҳои дахлдор тибқи салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Дурнамои сатҳи таваррум дар асоси таҳлили сенарияҳои тағйирёбии эҳтимолии вазъи иқтисоди дохилию берунӣ, таъсири омилҳои мавсимӣ, маъмурӣ ва интизориҳо пайваста ҳар семоҳа баҳогузорӣ шуда, метавонад тағйир ёбад. Бо дарназардошти таъсири хавфҳои эҳтимолии ҷойдошта, дурнамои сатҳи таваррум барои соли 2021 аз рӯи сенарияҳои оптимистӣ ва базавӣ дар доираи аз 7,5-8,0 фоиз пешбинӣ мегардад.

Дар баробари ин, аз рӯи натиҷаи назарсанҷии дар семоҳаи сеюм гузаронидашуда, интизории аҳолӣ оид ба тағйирёбии сатҳи умумии нархҳо дар 12 моҳи оянда дар доираи ҳадафи мақсаднок баҳодиҳӣ шудааст.

Баҳри баланд бардоштани маърифати молиявӣ-иқтисодии аҳолии кишвар ва истифодаи босамари интизории онҳо дар раванди таҳлилҳо, дар давоми соли 2021 гузаронидани назарсанҷӣ дар байни аҳолӣ вобаста ба интизории таваррум идома дода мешавад.

То ба пуррагӣ гузаштан ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, дар баробари меъёри бозтамвил муваққатан истифодаи пули захиравӣ низ ҳамчун нишондиҳандаи амалиётӣ дар соли 2021 дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ баҳри кам намудани таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо идома дода мешавад.

Меъёри бозтамвили воқеӣ дар соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат бо дарназардошти интизориҳои таваррумӣ дар сатҳи мусбат нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи меъёри фоизиро аз рӯи фишангҳои доимоамалкунандаи сиёсати пулию қарзӣ — амонати шабонарӯзӣ (ҳудуди поёнӣ) ва қарзи шабонарӯзӣ (ҳудуди болоӣ) дар ҳудуди муайяншуда дар атрофи меъёри бозтамвил ҳамчун меъёри фоизи калидӣ идома медиҳад. Тафовути ҳудуди муайяншуда барои идоракунии меъёрҳои фоизии бозори байнибонкӣ мусоидат менамояд.

Дар соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат сиёсати қурбӣ ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудуд­ҳои тағйирёбии қурб» асос ёфта, қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор муқаррар мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон, тибқи реҷаи мазкур, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад ба бозори дохилии асъор дахолат намояд.

Бо мақсади таъмини фаъолияти муътадили бозори дохилии асъор ва маҳдуд сохтани лаппишҳои аз эътидол беруни қурби пули миллӣ, тафовути байни қурби расмӣ ва қурби бозории доллари ИМА дар ҳудуди то 2 фоиз нигоҳ дошта мешавад.

Дар самти такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат, мутобиқ гардонидани заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба реҷаи нави ҳадафгирии таваррум бо дарназардошти таъмини шаффофият ва мутобиқат намудан ба стандартҳои байналмилалӣ дар назар аст. Ҳамчунин, таҳияи ҳуҷҷатҳои нави методологӣ оид ба механизми пешбурди дурнамои пардохтпазирӣ ва тартиби таҳияи ҳисобот оид ба омори пулию қарзӣ дар давоми соли оянда анҷом дода мешавад.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бонки миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, тадбирҳои зарурӣ андешида, сиёсати пуливу қарзиро дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум ва қурби пули миллӣ ва афзоиши содироти ватанӣ, бо дарназардошти идомаи ислоҳот барои гузариши босамар ба реҷаи ҳадафгирии таваррум ба роҳ мемонад.

Дар робита ба ин, барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат фаъолият дар самтҳои зерин афзалиятнок дониста мешаванд:

- афзун намудани таъсирбахшии механизми трансмиссионии меъёри фоизӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид дар бозори байнибонкӣ;

- идоракунии самараноки пардохтпазирии кӯтоҳмуддати низоми бонкӣ;

- такмили моделҳои иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои таҳкими раванди таҳлилу тадқиқот ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосӣ;

- дар сатҳи ба талабот ҷавобгӯ нигоҳ доштани захираҳои байналмилалӣ барои таъмини хизмат­расонии уҳдадориҳои давлат ва муътадилии бозори дохилии асъор;

- таҷдид ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузариш ба ҳадафгирии таваррум;

- таҳким ва пурзӯр намудани ҳамоҳангӣ дар татбиқи сиёсати монетарию фискалӣ;

- таъмини шаффофият ва таҳкими усули коммуникатсионии сиёсати пулию қарзӣ;

- тақвияти эътимоди аҳолӣ ба татбиқи сиёсати пулию қарзии БМТ ҷиҳати нигоҳ доштани муътадилии сатҳи таваррум;

- таъмини ҳамоҳангӣ дар татбиқи сиёсати монетарӣ ва макропруденсиалӣ;

- вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳиссаи пули нақд дар муомилот.

Инчунин, мехоҳам зикр намоям, ки «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат» барои Бонки миллӣ ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва муҳим дар татбиқи самтҳои афзалиятноки сиёсати монетарӣ ва барои ноил гардидан ба ҳадафи ниҳоӣ ба ҳисоб рафта, идомаи ислоҳотҳои гузаронидашуда дар соҳаи бонкӣ мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки барои дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо ва вазифаҳои дигари дар назди низоми бонкӣ гузошташуда тамоми имкониятро сафарбар менамоем.

Дар таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, он саҳеҳ ва мукаммал шуд. Ин шаҳодати бетараф набудани вакилони халқ дар татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, барои ҳамкории муфид ба шумо миннатдорӣ изҳор намуда, бо арзу эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи ҳуҷҷати мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад. Марҳамат.

Гиёзода Азиз Қодир: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлатро барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.

Он аз се банди асосӣ ва ҳафт зербанд иборат буда, самтҳои асосии ташкили механизми самараноки таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини шаффофиятро дар бар гирифта, дар маҷмӯъ, аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

- шарҳи мухтасари вазъи молиявию иқтисодӣ дар соли 2020;

- пешбурди сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2020;

- нишондиҳандаи мақсаднок ва татбиқи механизму воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Дурнаморо ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 9 таклиф пешниҳод карданд, ки ба назар гирифта шуд.

Хоҳиш менамоям Дурнамои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва давраи миёнамуҳлат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусаттор Самадович дода мешавад. Марҳамат.

Абдусаттор Саидов: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» ҳамоҳанг гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва ба танзим даровардани муносибатҳо бо агенту токсинҳои биологии назоратшаванда ва такмили системаи амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ, ҳифзи саломатии инсон, ҳайвонот, рустанию муҳити зист, инчунин, амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалии кишвар оид ба манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ ва пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси банди 1 зербанди д) Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия дар бораи манъи коркард, истеҳсол ва захирасозии силоҳи бактериологӣ (биологӣ) ва токсинӣ, ҳамчунин, нобудсозии онҳо ва Конвенсия оид ба манъи силоҳи химиявӣ бармеояд, таҳия шудааст.

Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои бехатарии биологӣ» намудҳои фаъолияти вобаста ба организмҳои бо истифодаи усули биотехнологияи замонавӣ аз ҷиҳати генетикӣ ва тағйирдодашударо танзим намуда, дар он самтҳои асосии таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ пурра ба назар гирифта нашудаанд. Аз ин лиҳоз, қабули қонуни мазкур муносибатҳоро дар ин самт аз лиҳози ҳуқуқӣ такмил дода, барои ҳамоҳанг сохтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ шудааст ва онҳоро эътироф намудааст, мусоидат намуда, танзими ҳуқуқии самтҳои таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологиро фаро мегирад.

Хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин дода мешавад. Марҳамат.

Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи соли 2020, лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Зарурияти таҳия ва қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз вазъи имрӯзаи паҳншавии бемории сироятии COVID -19 низ бармеояд.

Лоиҳаи қонун тамоми расмиёти дохилиро гузаштааст. Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 133 пешниҳоди аъзои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, 72 -тоаш пурра ва 32 — тои дигар қисман қабул шуд.

Дар асоси таклифу пешниҳодҳо мундариҷаи лоиҳаи қонун, моддаҳои 2, 3, номи боби 4, қисми 1 моддаи 14 такмил ёфта, мафҳумҳои алоҳидаи моддаи 1 таҳрир ва мафҳуми карантин хориҷ карда шуданд. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», матни лоиҳаи қонун бо риояи услуби расмии забони адабӣ такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи кумита, 27 октябри соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 14 ва 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, ба муқаррароти Конвенсия оид ба манъи коркард, истеҳсол ва ҷамъ намудани захираҳои яроқи бактериологӣ (биологӣ), токсинӣ ва нест кардани онҳо, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Амалӣ намудани қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ дода мешавад. Марҳамат.

АМОНЗОДА Ширин Шодӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ҳадафи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» дар таҳрири нав дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аз ҷумҳурии аграрӣ ба ҷумҳурии саноатӣ табдил додани мамлакат, талаботи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», амалигардонии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ — техникӣ ва омӯзиш» аз 16 ноябри соли 2015, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 ноябри соли 2016 тасдиқ шудааст, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ намудани дараҷаи тахассусии хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин, татбиқи ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав имкон медиҳад, ки дар раванди таҳсилоти касбӣ принсипҳои нави таълим дар асоси салоҳият ҷорӣ карда шаванд. Зарурати ҷорӣ намудани таълими салоҳиятнок дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (қисми 4, банди 4.1.) ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ муайян шудааст.

Дар баробари ин, мутобиқи талаботи лоиҳаи пешниҳодшудаи қонуни мазкур ҷалби соҳаҳои иқтисодиёт (корфармоён ва ташкилотҳои соҳаи онҳо, вазорату идораҳои соҳавӣ) ба раванди тайёр кардани мутахассисон пешбинӣ шуда, онҳо бевосита дар таҳияи Таснифоти миллии тахассусҳо, Таснифоти машғулиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маълумотномаи касбҳо, стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, баҳодиҳӣ ва шаҳодатномакунии малакаи касбии мутахассисони омодашаванда иштирок менамоянд, ки ин алоқамандии бозори меҳнат ва низоми таҳсилоти касбиро қавӣ мегардонад.

Илова бар ин, ҷорӣ намудани Низоми миллии тахассусҳо барои фаъолияти босамари минбаъдаи мутахассисони дараҷаи гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд.

Дар заминаи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, ки бо соҳаҳо мувофиқа мешаванд, барномаҳои таълимӣ омода карда шуда, мутобиқи онҳо раванди тайёр намудани мутахассисони босалоҳият ба роҳ монда, он мутобиқи қонунгузории соҳаи маориф ба танзим дароварда мешавад.

Муқаррароти лоиҳаи қонуни мазкур ба фаҳмиши беҳтари функсионалӣ ва асосноккунии тахассусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои мувофиқи таълимӣ дар Аврупо ва Осиё оварда мерасонад. Бо васеъшавӣ ва амиқгардии дониш ва фаҳмиши функсионалии таснифоти тахассусӣ шаффофияти онҳо меафзояд, ки имконоти ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигарро зиёд мегардонад

Хоҳиш менамоем лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ҷонибдорӣ шавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул Саид дода мешавад. Марҳамат.

ТАҒОЙЗОДА Сумангул Саид: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» бо мақсади танзими ҳамкории мақомоти давлатӣ, корфармоён ва муассисаҳои тайёр намудани мутахассисон ҷиҳати қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият дар доираи низоми миллии тахассусҳо, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Қобили қайд аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар заминаи ду санад, яъне Созишномаи грантӣ (Маблағгузории беруна) ва Созишномаи маблағгузорӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд, ки 16 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе имзо ва 9 марти соли 2016 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) гардидаанд, таҳия шуда, фарогири 6 боб ва 21 модда мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва шуъбаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон гузашта, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 153 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо 46 таклиф пурра ва 14 таклиф қисман қабул шуд.

Бо дарназардошти таклифҳои зикршуда бо иштироки намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои дар матни лоиҳа дарҷгардида дар робита ба талаботи созишномаҳои зикршуда ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мазмунан ва шаклан такмил дода шуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маҷлиси Олӣ) ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи ниҳоӣ — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзуллозода Зафар Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА Зафар Хайрулло: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода, Ахмедов Мирзоанвар, Уроқова Сурайё ва Зафар Файзуллозода пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартарафсозии ихтилофоти қонунгузорӣ, мутобиқ намудан ба талаботи имлои забони тоҷикӣ таҳия гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020, №174 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Аъзои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ карданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ, 43 таклиф пешниҳод гардида, аз онҳо 33 таклиф пурра ва се таклиф қисман қабул гардид.

Кумитаи масъул дар ҷаласаи васеъ 17 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таклифҳои пешниҳодгардидаро баррасӣ намуданд.

Лоиҳаи қонун расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гузашта, такмил дода шуд.

Он ба боби шашуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ), боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Хоҳиш менамоем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои фаъол буданатон миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ