Минбари вакил

«Энергияи сабз» — омили пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори экологӣ

№130 (3924) 27.10.2018

1022127704Дар таърихи энергетикаи тоҷик боз як санаи фаромӯшнашаванда — 16 ноябри соли 2018 — оғози кори агрегати якуми НБО-и «Роғун» бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Ин як қадами устуворест дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, ки дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷумлаи чор ҳадафи асосӣ мебошад.

Пӯшида нест, ки соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ дар давоми 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба чӣ даст­овардҳое ноил гардид. Қобили ёдоварист, ки дар давраи мавриди назар бо ҷалби сармояи хориҷӣ як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин бахш амалӣ гардида, НБО-и «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 МВт, «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 МВт, 15 неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори умумии 11 МВт ба истифода дода шуданд.

Илова бар ин, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт бунёд гардид, ки дар таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон саҳми бориз дорад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ки «Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар-500», «Барқарорсозии Неругоҳи Сарбанд бо иқтидори 240 МВт», «Таҷдиди зеристгоҳҳои Равшан 220/35/, 10 кВ», «Ҷорӣ намудани ҳисоби яклухти таҳвили барқ ва бехатаргардонии низоми интиқоли барқ», «Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ», «Сохтмони навбати дуюми «Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе бо иқтидори 2х150МВт», «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000)», «Таҷдид ва сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ», «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» ва «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» аз ҳамин ҷумла мебошанд.

Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне, неруи барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардидааст.  Имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад. Омили мазкур як роҳи пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия