Фароҳамсозии заминаи мукаммали ҳуқуқӣ аз касбияти баланди вакилон шаҳодат медиҳад

№53 (3847) 01.05.2018

DSC_051527 апрели соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҷаб­бор Азизӣ дар мавзӯи «Дастовардҳо ва душвориҳои раванди қонунгузорӣ дар Тоҷикис­тони муосир» хониши парламентӣ доир гардид.

Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода ба ­таърихи омехта намудани падидаҳои ҳуқуқӣ дахл намуда, зикр кард, ки қонунгузории гражданӣ ва ҷиноятӣ ба оилаи ҳуқуқи романӣ-олмонӣ такя мекунад. Низоми ҳуқуқи андоз ва падидаҳои ҳуқуқии сармоядорӣ ба оилаи ҳуқуқи англисӣ-амрикоӣ майл дорад. Соҳаҳои ҳуқуқи умумӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ ба таҷрибаи шаклгирии низоми ҳуқуқии кишварҳои пасошӯравӣ ва таҷрибаи қонунгузории моделии АБ ИДМ такя менамояд. Аз ҳамин хотир аст, ки баъзан ғарбикунонии қонунгузорӣ ба чашм мехӯрад. Вале бояд гуфт, ки на ҳама қонуни мамолики ғарбӣ ба рӯҳия ва манфиати мардуми тоҷик мувофиқ аст. Дар қонунгузории ғарбӣ ба ҳуқуқ ва озодии ғайримолумулкӣ бештар диққат дода мешавад ва ҳуқуқҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ аз мадди назар дур мемонанд. Ба ин маънӣ, урфу одат, ҳифзи ахлоқ, маънавиёти ҷомеа  ва иддае аз падидаҳои ҳуқуқи оилавӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ танзим мешаванд .

ӯ, ҳамчунин зикр намуд, ки дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шакл ва қолаби санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ афзалият касб кардааст. Вале бояд дар мадди назар дошт, ки тағйиру иловаҳои аз ҳад зиёд ба устувории талаботи қонунҳо рахна ворид менамояд.

Абдураҳим Холиқзода, инчунин аз он ёдовар гардид, ки парлумони кишвар вобаста ба талаботи ҷомеа дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ ду давра — даъватӣ ва касбиро паси сар кард. Роҳи паймудаи низоми қонунгузории Тоҷикис­тон тӯли 27 сол ба 250-300-солаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баробар аст. Дар ин муддат 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс,14 қонуни авф, 1 қонуни авфи амвол, 1 қонуни авфи маблағҳои ғайриқонунӣ, 26 қонуни буҷет,422 шартнома, конвенсия, созишномаи байналмилалӣ,  359 қонуни соҳавӣ қабул гардидааст.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ гуфт, ки фароҳамсозии заминаи мукаммали ҳуқуқӣ аз фаъолияти ҳар як вакили халқ вобаста аст, зеро мо ба таҳияи қонунҳои нав, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ машғул ҳастем. Албатта, қисми ками қонунҳое ҳастанд, ки ба талаботи мардум то андозае ҷавобгӯ нестанд, вале он ҳама ислоҳшаванда аст.

- Ҳангоми таҳияи қонуни нав ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ зарур аст, ки ба ҷиҳати забонии онҳо диққат диҳем, чунки бояд оммафаҳм бошанд.

Илова бар ин, ҳар як қонунро бо забони фасеҳ ва дар заминаи факту рақам шарҳ додан зарур аст. Бигузор ҳама донанд, ки мақсад аз таҳияи қонуни нав ё тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ аз чӣ иборат аст, — афзуд ӯ.

А. Азизӣ аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки сол то сол сифати қонунҳо беҳтару хубтар шуда истодаанд ва ин аз касбияти баланди вакилони халқ шаҳодат медиҳад.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»