Муҳокимаи парламентӣ

Геологияи тоҷик. Норасоии мутахассисон ва техникаву таҷҳизоти муосир мушкилоти асосианд

№157 (3637) 31.12.2016

DSC_103527 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» ва ҳисоботи ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокимаи  парламентӣ баргузор гардид. Дар он масъулони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок карданд.

Акрамшо Фелалиев дар оғоз зарурат ва моҳияти баррасии масъалаи мазкурро баён карда, қайд намуд, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар ба кишвари индустриалӣ — аграрӣ табдил додани Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар заминаи истифодаи захираҳои маъдании маҳаллӣ оид ба корҳои ҷустуҷӯйиву иктишофии сарватҳои зеризаминӣ «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2012-2020» таҳия гардидааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов қайд кард, ки айни замон дар кишвар беш аз 600 кон  ва 800 макони дорои канданиҳои фоиданок кашф ва омӯхта шудаанд, ки қисман барои истифодаи саноатӣ омодаанд. Инҳо конҳои ангишт, сурб, руҳ, мис, висмут, сурма, симоб ва дигар металлҳои асил  буда, зиёда аз 50 намудро ташкил медиҳанд.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муроди Хол оид ба рафти иҷрои барнома, пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба самтҳои афзалиятноки соҳа ҷалб кард. Ба гуфти вай, омӯзиши кон ва макони пайдоиши тилло, ки дар ин замина ҷумҳурӣ метавонад ба кишвари дорои захираҳои бойи тилло табдил ёбад, аз ҷумлаи  мақсадҳои афзалиятноки ин ҳуҷҷат аст. Дар ин самт Саридора дар 6 объект марҳилаҳои гуногуни корҳои омӯзиши геологиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҷустуҷӯйи тилло дар қисми аллохтонии болопӯши минтақавии Зарафшон — ноҳияи Айнӣ, дар майдони маъдании Ошоба- ноҳияи Ашт, тиллои пошхӯрда дар фосилаи байни дарёҳои Чашмаи Латиф ва Шоҳкамон (ноҳияҳои Мӯъминобод ва Шӯрообод), омӯзиши иловагии конҳои симобу сурмаи майдони маъдандори Шинг-Моғиён ва ғайра ба роҳ монда шуд.

Дар минтақаи Курговади ноҳияи Дарвоз варақсангҳои ставролитӣ ва мусковитӣ мавриди омӯзиш қарор доранд. Дар сурати ба ҳаҷми кофӣ маблағгузорӣ намудан мумкин аст, ки натиҷаҳои мусбат ба даст ояд. Солҳои 2012-2013 бо мақсади ҳосил кардани алюминий аз маъданҳои кони Курговат дар озмоишгоҳи марказии Саридора тадқиқот гузаронида шуд. Дар натиҷа, аз ин маъданҳо   окиси алюминий ба даст омад ва схемаи ҷудокунии алюминий коркард гардид.

Яке аз мақсадҳои асосии барномаи мавриди назар афзунгардонии заминаи ашёи минералӣ барои мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои амалкунанда, бунёдшаванда, банақшагирифташуда ва таъмини талаботи саноати кишвар бо захираҳои ашёи минералӣ, кам кардани вобастагии иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз воридоти ашёи маъданӣ мебошад. Баҳри расидан ба ин мақсад дар банди 22- юми барнома омадааст: «Барои истеҳсоли криолит, ки дар заводи электрохимиявии Ёвон ба роҳ монда шудааст, флюорит зарур аст. Аз ин рӯ, дар барнома омӯзиши геологии зуҳуроти (маконҳои пайдоиши) флюорит дар назар аст».

Самти дигари афзалиятнок, тибқи барнома, омӯзиши зуҳуроти (маконҳои пайдоиши) оҳан ба мақсади бо ашёи маҳаллӣ таъмин намудани корхонаи металлургӣ мебошад. Ҳоло кони оҳани «Шоҳқадамбулак»-и ноҳияи Б. Ғафуров ба пуррагӣ омӯхта, барои истихроҷ омода гардидааст. Барои дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ муайян намудани захираҳои оҳан дар барнома корҳои омӯзишӣ — геологӣ ба нақша гирифта шудаанд. Бо ин мақсад  корҳои ҷустуҷӯӣ  дар Куҳандараи ноҳияи Ваҳдат низ бомуваффақият ҷараён доранд.

Сардори Саридораи геология оид ба ҷалби сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои нав ва самтҳои дигари фаъолият маълумот дода, аз ҷумла, қайд кард, ки айни замон Саридора бо 22 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки ин онҳо дорои 51 иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин оид ба омӯзиши геологӣ мебошанд. Ҳамчунин, Саридора барои ҷалби сармоягузории мустақими дохилӣ ва хориҷӣ,иҷрои қарори ҷаласаи панҷуми Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин номгӯйи қитъаҳоро бо хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Таъмин набудани соҳа бо мутахассисони баландихтисос ва техникаву таҷҳизоти муосир проблемаи асосӣ арзёбӣ гардид.

Инчунин, муовини якуми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонбег Бахт­давлатов, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова, намояндаи Шӯрои ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ Темур Авғонов ахборот доданд.

Дар робита ба масъалаи зикр­шуда вакилони Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Саидов, Насиба Содиқова ва Зуфархон Исмоилзода низ андешаронӣ  карданд.

Дар поёни ҷаласа бо дарназардошти таклифу пешниҳоди вакилон қарор ва тавсияҳо қабул шуд.

 Бурҳониддин КАРИМОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ