Мавзӯи рӯз

Гулбаҳор Назирӣ: «Мораторий ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад»

№30 (3824) 08.03.2018

Назири (2)Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 феврали соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул ва аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат ҷонибдорӣ гардид. Вобаста ба ин бо чанд савол ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ Гулбаҳор Назирӣ муроҷиат кардем.

- Ҳар як қонуне, ки қабул мешавад, ҳадафи муайянро дар бар мегирад. Аммо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» то кадом андоза ба рушди истеҳсоли молҳои ватанӣ мусоидат мекунад?

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъект­ҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуданд, таҳия гардид. Мақсад аз қабули он дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои кори нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мебошад. Зеро  беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуда, манбаи асосии ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ ва заминаи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мегардад.

Мавриди қайд аст, ки бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рушди минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008-2010 (аз 25 июли соли 2008 то 25 июли соли 2010, ба муҳлати ду сол) ба ҳама намуди санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва солҳои 2011 – 2014 (аз 5 октябри соли 2011 то 4 октябри соли 2014, ба муҳлати се сол) ба ҳама намуди санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон гардид.

Таҷриба нишон дод, ки мораторий ба рушди устувори соҳибкории хурду миёна, ҷиҳати кам кардани хароҷот ҳавасмандиро ба вуҷуд оварда, ба қонунӣ кардани тиҷорат, кам гардидани иқтисодиёти ғайрирасмӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти мунтазами маблағҳо ба Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

- Раванди татбиқи мораторий чӣ гуна сурат мегирад?

- Дар Қонун асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, тартиби татбиқи мораторий муқаррар карда шудааст, ки он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона мегардад.

Ҳамчунин, мораторий ба санҷишҳо ҳамчун муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти  ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ маънидод гардидааст.

Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие ба шумор меравад, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад.

Давраи мораторий ба санҷишҳо муҳлатест, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гашта, дар давоми он санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур манъ карда мешавад.

Мувофиқи қонун рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсолӣ мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ва Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда мешавад ва Шӯро қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ба феҳристи субъектҳои дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда қабул менамояд. Дар асоси қарор мақоми ваколатдор вазифадор аст, ки дар давоми на дертар аз се рӯз шахсро ба феҳристи субъектҳои дар соҳаи истеҳсолӣ фаъолияткунанда дохил намояд.

- Оё дар Қонун ба тариқи истисно барои гузаронидани санҷиш аз ҷониби ягон мақомот иҷозат дода шудааст?

- Ҳарчанд мораторий гузаронидани санҷишҳоро дар давраи амал боздорад ҳам, дар моддаи 6-и Қонун пешбинӣ шудааст, ки дар ҳолатҳои алоҳидаи истисноии зерин гузаронидани санҷишҳо иҷозат дода мешавад;

1. Санҷишҳои нақшавии 5 мақомот (Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон,  Палатаи ҳисоби ҶТ,  Прокуратураи генералии ҶТ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз).

2. Дар ҳолати ворид гардидани аризаи хаттӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ.

3. Агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад.

4. Дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар мавриди барҳам додани фаъолияти онҳо.

5. Санҷиши маҷмӯии андоз, ки тибқи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинӣ шудааст.

Дигар хусусияти Қонун аз он иборат аст, ки дар давраи татбиқи мораторий, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 6 -и Қонуни зикргардида, санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ боздошта мешавад.

- Қонун чӣ тавр ҳуқуқу манфиатҳои қонунии истеъмолкунандагонро ҳифз мекунад?

- Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар ҳолати пешниҳоди ариза нисбат ба соҳибкори истеҳсолӣ ва агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад, дар Қонун истисноҳо аз татбиқи мораторий пешбинӣ карда шудааст.

Инчунин, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баъди анҷоми мораторий дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо манъ аст. Ин ва дигар бартариятҳо дар Қонун пешбинӣ карда шудааст, ки дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ арзёбӣ мегардад. Ин маънои онро дорад, ки Қонуни мазкур ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

- Оё баъд аз анҷоми мораторий санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мавриди санҷиш қарор дода мешавад?

- Баъди анҷоми мораторий фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ тибқи моддаи 6 Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин мавриди санҷиш қарор дода мешавад:

- санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикис­тон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз;

- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш аризаи хаттӣ ворид гардад, назорат ва санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад;

- агар назорат ва санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад;

- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳангоми барҳам додани фаъолият;

- тибқи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳолати мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ тибқи дархости мақомоти тафтишотӣ).

Дар дигар ҳолатҳо санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо ва баъди анҷоми он  манъ аст.

- Тавре ёдрас шудед, қаблан низ бо ташаббуси Сарвари давлат мораторий эълон шудааст. Он дар самти таъсиси ҷойҳои нави кор ва даромад ба Буҷети давлатӣ чӣ гуна таъсир расонд?

-Таҷриба нишон дод, ки шумораи кормандони корхонаҳои истеҳсолии аз мораторий бархӯрдоргардида 47 фоиз (соли 2011 — 1449 нафар, соли 2015 — 2144 нафар) ва воридоти андозҳо ба Буҷети давлатӣ тақрибан 8,6 маротиба (аз 6,2 млн. сомонии соли 2011 то ба 53,6 млн. сомонӣ) зиёд гардиданд.

Аз ин хотир дар ин замина давом додани ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба рушди минбаъдаи бахши хусусӣ равона мегардад, иқдоми мақсаднок ва саривақтӣ аст.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ соли 2018- ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда, пешниҳод намуданд, ки бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ ҳунармандон аз пардохти андоз озод карда шаванд. Киҳо аз ин имтиёз бархӯрдор мешаванд?

- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти №60 атласбофию адрасбофӣ, қолинбофӣ, намадмолӣ, ҷӯроббофӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, попурзанӣ, дар маҷмӯъ, 104 номгӯйи  касб аз  пардохти андоз озод шуданд. Тибқи қарор ҳунармандону косибон аз гирифтани патент ва ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ озод мегарданд. Аз ин иқдом манфиати зиёд ба ҷомеа мерасад. Якум, ҳунарҳои қариб фаромӯшшуда, ба монанди чолбандбофӣ, хурмасозӣ, мисгарӣ, аҷубасозӣ, қаламтарошӣ (аз қамиш), сангиосиёбтарошӣ, чакмандӯзӣ ва ғайра эҳё мешаванд. Дуюм, сайёҳони хориҷӣ бо намунаи ҳунарҳои мардум бештар ошно мегарданд. Сеюм, ҳазорон нафар  ашхоси бекор соҳиби ҳунар ва шуғли доимӣ  мегарданд. Чорум ашхосе, ки ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд, аз бисёр осеби иҷтимоӣ эмин мемонанд.

Ин иқдоми Пешвои миллат баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ такони бузург хоҳад бахшид. Оянда имкон дорад, ки ҳунармандон корхонаҳои хурд таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд.

Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ,