Гузориш оид ба фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва қонунэҷодкунии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

изображение_viber_2020-04-17_10-39-39Тавре иттилоъ дода будем, 27 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он 25 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Инчунин, 15 апрели соли 2020 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш аъзои дигари Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

17 апрели соли 2020 Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ фаъолиятро дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба роҳ монда, соли 2020 ҷиҳати таъмини самарабахши ҳуқуқӣ, иттило­отию таҳлилӣ, ташкилию техникӣ, коргузорӣ, молиявию хоҷагии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯро, кумитаҳо, комиссия ва ­аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро анҷом дод.

Дар ин самт Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, муқаррароти «Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020»-ро, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2020 таҳти № 55 тасдиқ гардидааст, мавриди корбарӣ ва иҷро қарор медиҳад.

Дар ин давра 217 ­дастури хаттии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда, 162 супориш барои ташкили назорат ва 55 ҳуҷҷат барои маълумоту корбарӣ қабул гардид. Баҳри таъмини иҷрои саривақтию самараноки супоришҳои зикршуда бо кумитаю комиссияи Маҷлиси миллӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, соли 2020 иҷрои пурраи 132 супориш таъмин гардид ва иҷрои 30 супориши дигар таҳти назорат қарор дорад.

Инчунин, ба таҳия ва ба тасвиб расонидани амру қарорҳои Раиси Маҷлиси миллӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардида, вобаста ба масъалаҳои дахлдор 39 қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи фаъолияти даъвати нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар таҳияву мувофиқасозии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин, амалӣ намудани дигар тадбирҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани 2 ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, 5 ҷаласаи Шӯро, 4 иҷлосия, 18 ҷаласаи кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намуд.

Дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки корҳои омодагӣ ба онҳо бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ анҷом дода шуда, 6 август ва 10 декабри соли 2020 баргузор гардиданд, аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 59 қарор қабул карда шуд, ки аз ин шумора як қарор дар бораи таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 қарор дар хусуси тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад.

Дар рафти ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои муҳиму афзалиятнок, дар маҷмӯъ, 177 қарор ба тасвиб расида, ба расмият дароварда шуд.

Дар чор иҷлосияи Маҷлиси миллӣ даъвати шашум, ки 17 апрел, 26 июн, 5 август ва 9 декабри соли 2020 баргузор гардиданд, дар маҷмӯъ 108 қарор, аз ҷумла, оид ба ҷонибдорӣ гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 адад, интихоб ва бозхонд намудани судя­ҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, интихоби машваратчиёни халқӣ — 10, тасдиқ ва қабули санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ — 9 ва масъалаи маъмуриву ҳудудӣ як адад, қабул карда шуданд.

Санадҳои меъёрии зикр­гардида ва инчунин, тавсияҳои муҳокимаҳои парламентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали коргузорӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сохторҳои дахлдор дастрас шуданд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ кор бо муроҷиати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад, ки он дар асоси меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии омории муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Маҷлиси миллӣ» ба роҳ монда шудааст.

Дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ рӯзҳои шанбе қабули шаҳрвандон мунтазам ба роҳ монда шуда, тибқи ҷадвали тасдиқшуда соли гузаш­та 31 шаҳрванд қабул ва масъалаҳои пешниҳодкардаи онҳо дар асоси меъёрҳои қонунгузорӣ баррасӣ ва ба онҳо аз ҷониби масъулон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.

Таҳлили муҳтавои муроҷиати шаҳрвандон нишон дод, ки онҳо асосан аз баҳси манзили истиқоматӣ, норозӣ будан бо санадҳои судӣ, ғайриқонунӣ, беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё аз ҷониби суд таъин намудани ҷазои ноадолатона, мавриди шиканҷа қарор додани боздоштшуда ва гумонбаршудагон, амалҳои ғайриқонунии баъзе аз мансабдорони мақомоти давлатӣ, таъмин намудан бо қитъаи замин, бозҳисобии нафақа ва расонидани кумаки молиявӣ иборат мебошанд.

Маълумоти таҳлилӣ ва оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мунтазам ва ба таври муфассал ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон манзур карда мешавад.

Зикр кардан лозим аст, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ нисбат ба ­масъалаи зикршуда серталаб буда, зимни баррасии масъалаҳо ва вазифагузориҳояшон ба муҳтавои муроҷиатҳои мардум аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир менамоянд.

Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи такмили қонунгузорӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлилу омӯзиши вазъи татбиқи самараноки қонунҳои амалкунанда ва роҳандозӣ кардани ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мусоидат менамояд.

Соли сипаришуда бо роҳи амалӣ намудани ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ Р.  Аҳмадзода, Ё. Файзов, Қ. Ҳакимзода, Д. Раҳмон, Ф. Раҳимӣ, М. Мирзозода, Б. Ҷабборӣ, Р. Муқимӣ, Қ. Низом, Ф. Муъминова, Р. Акрамзода ва М. Набизода лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва пешниҳод намуданд.

Соли 2020 воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасиву омӯзиши вазъи риояи қонунҳои амалкунанда ва муайян намудани роҳҳои самарабахши татбиқи онҳо якҷо бо кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дар ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ дар мавзӯи «Иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои имконпазири ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ оид ба содироти молу маҳсулот» ва «Вазъи амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намуданд.

Аз натиҷаи кори муҳокимаҳои парламентии Маҷлиси миллӣ ва мавзӯъҳои дар онҳо матраҳгардида, хулоса ва тавсияҳои зарурӣ оид ба рушд ва таҳкими фаъолияти бахшҳои дахлдор қабул гардиданд, ки ба ташаккули рушди парламентаризм, қонунгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат хоҳанд кард.

Бо мақсади инъикоси ҳамаҷонибаи фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, роҳбарият, мақомоти он, инчунин Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини дастрасии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба иттилооти марбута сомонаи мақомот бо суроғаи www.majmilli.tj фаъол мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ кори сомона такмил ва тақвият дода шуда, ҷиҳати сари вақт ва мунтазам дар он ҷойгир намудани қонунҳои ҷонибдоришуда, хабару иттилоот ва дигар маълумот тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Алҳол кори он тибқи Қоидаҳои пешбурди сомонаи Маҷлиси миллӣ, тартиби ҷойгир ва нав кардани иттилоот, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2020 таҳти № 99 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли электронии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷойгир ва нав карда мешаванд.

Дар баробари корҳои зикргардида, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти таҳкими робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, хизматрасонии иттилоотӣ, таҳлилӣ, ташкилию техникӣ ва молиявию хоҷагии чорабиниҳои байналмилалӣ самаранок ба роҳ монд.

Моҳи ноябри соли 2020 нахус­тин сафари хориҷии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия тарҳрезӣ ва дар сатҳи баланд доир гардид, ки ба таҳкими рушди муносибатҳои байнипарламентӣ ва робитаву ҳамкориҳои стратегии миёни Тоҷикистону Россия заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.

Ҷиҳати тақвияти фаъолияти байнипарламентӣ низ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, ба 17 лоиҳаи қонунҳои намунавӣ аз Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳо — иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таклифу пешниҳодҳои зарурӣ омода ва манзур карда шуданд.

Айни замон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон узви фаъоли созмонҳои пурнуфузи байналмилалӣ, аз қабили Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ, Ассамблеяи парламентии Осиёгӣ, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо буда, дар онҳо гурӯҳҳои миллии парламентиро таъсис дода, бо фаъолияти доимӣ ва пурсамар мавқеи хосаро ишғол менамояд.

Соли 2020 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Молдова ва Қирғизистон фаъолона ширкат варзида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани ин сафарҳои хориҷӣ чораҳои дахлдорро амалӣ намуд. Инчунин, якҷо бо мақомоту сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парламентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Барои ширкати фаъолона ва саҳмгузорӣ дар рушди парламентаризм муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ Р. Аҳмадзода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Д. Раҳмон, муовини раиси Комиссияи Маҷлиси миллӣ оид ба назорати Дастур Қ. Низом, мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Н. Маҳмудов ва мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ М. Каримова бо мукофотҳои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — нишони фахрӣ «Барои хизматҳо дар рушди фарҳанг ва санъат» ва «Ифтихорномаи фахрии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сарфароз гардонида шуданд.

Дар соли сипаришуда ба Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3010 мактубу ҳуҷҷат ворид гардида, аз он 902 адад ба мақомоти давлатӣ, шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва созмонҳои хориҷӣ фиристода шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дони­ши кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, сайқал додани маҳорати касбии онҳо тибқи нақшаи бозо­мӯ­зии хизматчиёни дав­латӣ ҳар моҳ се маротиба дар мав­зӯъҳои гуногун машғулиятҳои идоравӣ гузаронида шуд. Гурӯҳе аз хизматчиёни давлатии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар курсҳои такмили ихтисоси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондодҳои соли сипаришуда қонеъ нагардида, саъю талош дорад, ки соли 2021 ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои хизматӣ, таъмини фаъолияти назарраси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои роҳбарият аз имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода карда, ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои фархундаи миллиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирад.

Бо ин мақсад, мо ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёмашон 26 январи соли 2021 баён намуданд, сармашқи кору фаъолият қарор дода, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ барои иҷрои бенуқсони вазифаҳои дарпешистода табдирҳои заруриро амалӣ менамоем.

Идрисзода Илёс Мумин,

роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон