Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Гузориши мукаммал

№154 - 155 (3948 - 3949) 27.12.2018

DSC_3497Бисту шашуми декабри соли 2018 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид, ки ба он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раисӣ кард.

РАИСИКУНАНДА:Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 29 нафар ва аз 63 нафар вакили Маҷлиси намояндагон 62 нафар дар ҷаласа ҳузур доранд. Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоем бо истифода аз сис­темаи электронӣ аз қайд гузаред.

Марҳамат!

Ҳоло дар толор 29 нафар ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва 62 нафар вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар Ҷаласаи ҳафтуми ­якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

- Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоем.

 (Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бояд тартиби кори Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда манзури шумо гардидааст. Нисбат ба он пешниҳоду таклифҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.

Бо дарназардошти таклифи баёнгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷ­лиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи тартиби кори Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоем мавқеи худро муайян созед. Марҳамат!

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Дас­тури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лозим аст, ки Котиботи Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷумро ин­ти­хоб намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба шумора, ҳайат ва лоиҳаи қарор таклифҳо бошанд, марҳамат баён намоед.

Бо дарназардошти таклифҳои баёнгардида, лои­ҳаи Қарори якҷояи Маҷ­лиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Котиботи Ҷа­ласаи ҳафтуми якҷояи Маҷ­лиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемо­нам.

Мар­ҳа­мат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз раиси Котибот — узви Маҷлиси миллӣ Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, аъзои Котибот — узви Маҷлиси миллӣ Шоҳиён Нуралӣ Набот ва вакили Маҷлиси намояндагон Шамсидинзода Мавзуна Шамсидин хоҳиш менамоем ҷойҳои муқарраргардидаро ишғол намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Тавре хуб бархӯрдор мебошед, мутобиқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд. Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳоди шумо гардидааст. Хоҳишмандем оид ба он таклифҳои худро баён намоед.

Бо дарназардошти таклифҳои изҳоргардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоем мавқеи хешро муайян созед. Марҳамат!

Қарор қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон, бояд инъи­коси кори ҷаласаро тавассути воси­таҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон оид ба ҳа­моҳангсозии фаъ­олияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷ­ли­си намояндагон, ҳокимияти иҷ­роия, итти­ҳо­дияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои бай­ни­пар­ламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дода меша­в­а­д. Марҳамат!

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ:

- Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он ки дар Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд, ба баррасии шумо ҷараёни инъикоси ҷаласа тариқи зайл пешниҳод мегардад:

1. Гузориш аз ҷараёни оғоз ва пӯшидашавии Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба таври фишурда ва баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ тавассути телевизиони «Тоҷикистон», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиои «Тоҷикис­тон» ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шаванд.

2. Дар рӯзномаи «Садои мардум» кори ҷаласа чоп карда шавад.

3. Гузориш аз рафти кори ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

РАИСИКУНАНДА:Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба шумо лоиҳаи Қарор «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод гардид. Марҳамат, нисбат ба он таклифу пешниҳодҳоятонро иброз намоед.

Бо дарназардошти таклифи баёнгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоем мавқеи хешро муайян созед. Марҳамат!

Қарор қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамкорони арҷманд!

Баҳри идомаи Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Кохи Сомон»-и Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар ҳузури даъватшудагон, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, сохторҳои назди Ҳукумати мамлакат, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ, сохторҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ректорони донишгоҳҳою донишкадаҳо баромад менамоянд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тавассути автобусҳо ба толори зикршуда раҳсипор шавем ва ба кори ҷаласаи якҷоя дар он ҷо хотима бахшем.

Баъди шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар Кохи «Сомон» идома ёфт.

РАИСИКУНАНДА:Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо мақсади муайян намудани шумораи дақиқи иштирокчиёни ҷаласаи якҷоя мебояд якнафарӣ аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулонро интихоб намоем. Бо ин ҳадаф ба шумо номзадии Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич — узви Маҷлиси миллӣ ва Сафарзода Бахтовар Амиралӣ — вакили Маҷлиси намояндагонро пешниҳод менамоем ва хоҳишмандем мавқеатонро тавассути даст бардоштан муайян созед.

Ташаккур.

Хоҳиш менамоем тавассути даст бардоштан аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 62 нафар вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳоло сухан ба раиси Котибот Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дода мешавад. Марҳамат!

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: — Муҳтарам Раисикунанда! Ҳозирини гиромӣ!

Ба унвони Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқия ё мактуб ворид нашудааст.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳама бо дарки баланди масъулият ва ифтихормандӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бархӯрдор гардидем. Баҳри татбиқи нишондодҳои Паём мутмаинем, ки пайвастаю пайгирона неруи созандаи ҳар як узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон беш аз ҳарвақта сафарбар мегардад ва барои расидан ба ин ҳадафҳои созанда ва таҳкими пайвастаи фазои ҳуқуқии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба шумо ва ҳозирини арҷманд барои иштироки фаъолона дар кори ҷаласа миннатдории самимӣ изҳор менамоем ва бо истифода аз фурсати муносиб шумо ва аҳли хонадони гиромиатонро ба соли 2019, соли фатҳу музаффариятҳои нави давлатдориамон самимона шодбош гуфта, ба ҳамаатон фараҳмандӣ, шукӯҳмандӣ ва эминӣ орзумандем.

Дар ҳамин рӯҳияи созанда ва фазои вуруди Соли нави мелодӣ Ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоем.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ