Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Гузориши мукаммал

№155 - 156 (4105 - 4106) 28.12.2019

Бисту шашуми декабри соли 2019 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид, ки ба он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раисӣ кард.

DSC_2570РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 29 нафар ва аз 61 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 61 нафар дар ҷаласа ҳузур доранд.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоем бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 61 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқти­содӣ, прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ ва  вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоем.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст тартиби кори Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда манзури шумо гардидааст. Нисбат ба лоиҳа пешниҳоду таклифҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.

Бо дарназардошти таклифҳои зикрёфта, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи тартиби кори Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоем мавқеи худро муайян созед. Марҳамат.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Дас­тури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лозим аст котиботи Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро ин­ти­хоб намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба шумора, ҳайат ва лоиҳаи қарор таклифҳо бошанд, марҳамат баён намоед.

Мутобиқи таклифҳои зикршуда, лои­ҳаи Қарори якҷояи Маҷ­лиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи котиботи Ҷа­ласаи нуҳуми якҷояи Маҷ­лиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум»-ро ба овоз  мемо­нам. Мар­ҳа­мат.

Қарор қабул гардид.

Аз раиси котибот — узви Маҷлиси миллӣ Иноятзода Баҳром, аъзои котибот — узви Маҷлиси миллӣ Наргис Шарифова ва вакили Маҷлиси намояндагон Хайрулло Асозода хоҳиш менамоем ҷойҳои муқарраргардидаро ишғол намоянд.

DSC_2609Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд. Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳоди шумо гардидааст. Хоҳишмандем оиди лоиҳа таклифҳои худро баён намоед.

Тибқи таклифҳо, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз мемонам ва эҳтиромона хоҳиш менамоем мавқеи хешро муайян созед. Марҳамат.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дас­тури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воси­таҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон оид ба ҳа­моҳангсозии фаъ­олияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷ­ли­си намояндагон, ҳокимияти иҷ­роия, итти­ҳо­дияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои бай­ни­пар­ламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.

ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ:

- Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он ки дар Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд, ба баррасии шумо ҷараёни инъикоси ҷаласа тариқи зайл пешниҳод мегардад:

1. Гузориш аз ҷараёни оғоз ва пӯшидашавии Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба таври фишурда ва баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шаванд.

2. Дар рӯзномаи «Садои мардум» маводи ҷаласа дар ҳаҷми пурра нашр карда шавад.

3. Маводи ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нашр карда шавад.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба шумо лоиҳаи Қарор «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод гардидааст. Марҳамат, нисбат ба лоиҳа таклифу пешниҳодҳоятонро иброз намоед.

Бо дарназардошти    таклифҳои зикршуда, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи нуҳуми ­якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоем мавқеи хешро муайян созед.

Қарор қабул шуд. 

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!  Ҳамкорони арҷманд!

Тавре огаҳӣ доред, дар доираи қарори марбутаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри ҳавасмандсозии шоирону нависандагон дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил  Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов роҳандозӣ шуда, ҳар сол бо пешниҳоди парламентҳои миллӣ шахсиятҳои сазовор бо он қадрдонӣ мешаванд.

Бо пешниҳоди мо Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон дар соли 2019 тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти №21 аз 18 апрели соли 2019 бо ҷоизаи мазкур шарафёб гардиданд, ки ин баёнгари даст­овардҳои ибратбахши аҳли эҷоди Ватани маҳбубамон дар соли сипаришаванда мебошад.

22 ноябри соли 2019 дар толори Думаи Қасри Тавричес­кийи шаҳри Санкт-Петербург панҷоҳумин ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он расми дар фазои тантанавӣ ба муаллиф супоридани ҷоизаи мазкур пешбинӣ шуда буд. Мутаассифона, бинобар вазъи саломатӣ, дар ин маросим ширкат карда натавонистани  муҳтарам Муҳаммад Ғоиб, мо аз номи мавсуф онро қабул ва изҳори сипосмандияшонро ба Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбарияти парламенти Қирғизистони ҳамсоя иброз намудем ва феълан Муҳаммад Ғоиб дар толор ҳузур доранд.

Лутфан иҷозат фармоед, бо истифода аз фурсати тантанавӣ онро ба ҷоизадор — Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо таманниёти тансиҳатӣ ва илҳому муваффақиятҳои беназири эҷодии муттасилашон супорем.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Баҳри идомаи Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар толори «Кохи Сомон»-и Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар ҳузури даъватшудагон, роҳбарони вазорату кумитаҳои давлатӣ, сохторҳои назди Ҳукумати мамлакат, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ, сохторҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо баромад менамоянд, хоҳиш менамоем, ки тавассути автобусҳо ба толори зикршуда раҳсипор шавем ва баъд аз шунидани Паём ба кори ҷаласаи якҷояамон хотима бахшем.

Баъди шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар «Кохи Сомон» идома ёфт.

РАИСИКУНАНДА:  - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо мақсади муайян намудани шумораи дақиқи иштирокчиёни ҷаласаи якҷоя зарур аст, ки якнафарӣ аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулонро интихоб намоем.

Аз ин лиҳоз, ба шумо номзадии Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич — узви Маҷлиси миллӣ ва Миралиён Қиёмиддин Абдусаломзода — вакили Маҷлиси намоянда­гонро пешниҳод менамоем ва хоҳишмандем мавқеатонро тавассути даст бардоштан муайян созед.

Зимнан, хоҳиш менамоем тавассути даст бардоштан аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 29 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 61 нафар вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

 - Ҳоло сухан ба раиси котибот Иноятзода Баҳром  дода мешавад. Марҳамат!

ИНОЯТЗОДА Баҳром:

- Муҳтарам раисикунанда! Ҳозирини арҷманд!

Ба унвони Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум барқия ё мактуб ворид нашудааст.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ!

Бо сабаби ҷамъбастӣ будани Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати панҷум мехостем таҳлили фаъолияти анҷомдодаамонро дар ҷодаи таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеа манзуратон намоем.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муқаррароти моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати панҷум 446  қонуни бо истифода аз ташаббуси субъектҳои ҳуқуқи қонунгузоридошта таҳия ва пешниҳодгардидаро баррасӣ, қабул ва ҷонибдорӣ намуданд, ки мутаносибан аз 3 қонуни конститутсионии мукаммал, 28 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии амалкунанда, 2 кодекси мукаммал, 43 қонуни мукаммал, 121 тағйиру иловаҳо ба кодексҳои амалкунанда, 247 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва 2 адад аз ­эътибор соқит донистани баъзе аз санадҳои қонунгузории Респуб­ликаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Қобили зикр мебошад, ки  аз 446 қонуни қабулгардида 16 қонунро, тибқи ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 қонун аъзои Маҷлиси миллӣ, 51 қонун вакилони Маҷлиси намояндагон, 49 қонун якҷоя — аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, 4 қонун якҷоя — аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, 6 қонунро якҷоя — вакилони Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 312 қонунро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо боварии комил изҳор менамоем, ки ҳамаи мо бо  ­масъулияти беназир баҳри иҷрои вазифаҳои гуногунҷанбаи дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикргардида дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ тамоми неру ва имконияти ҷойдоштаро пайвас­таю пайгирона сафарбар намуда, беш аз ҳарвақта тавассути такмилу таҳкими қонунгузории амалкунанда фазои ҳуқуқии ҷомеаро баҳри таъмини  шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як инсон муттасил тақвият мебахшем.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба шумо ва ҳозирини арҷманд барои иштироки фаъолонаатон дар кори ҷаласа бо камоли эҳтиром миннатдории самимӣ изҳор менамоем ва бо истифода аз фурсати муносиб шумо ва аҳли хонадони гиромиатонро бо соли 2020, соли муваффақияту комёбиҳои нав ба нав, самимона шодбош намуда, фараҳмандӣ, шукӯҳмандӣ ва муваффақият таманно менамоем.

Дар рӯҳияи созанда ва фазои вуруди Соли нави мелодӣ Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоем.

 (Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ