Ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Гузориши мукаммал

№157 (3142) 17.12.2013

DSC_0168

16 декабри соли 2013 соати 900 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум баргузор гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мувофиқи маълумоти  пешакӣ аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар ва аз 61 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 60 нафар дар толор ҳузур доранд. Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси  миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш  менамоям, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 60 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар кори ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ –намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем. Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Дар бораи Котиботи ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум  

Ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Котиботи ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

DSC_0072

раиси Котибот:

Давлаталӣ Давлатзода – вакили Маҷлиси намояндагон.

аъзои Котибот:

Латипов Рустам Баротович – узви Маҷлиси миллӣ;

Кенҷаева Мунавар Ҳодиевна  — вакили Маҷлиси намояндагон.

Дар бораи лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Мутобиқи пешниҳод лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Котиботи ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати Котибот интихоб шудаанд, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ҷойҳои худро ишғол карда, фаъолияташонро оғоз намоянд.

Муҳтарам  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!   

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи Қарор ба шумо пешниҳод гардидааст. Оид ба ин масъала чӣ гуна таклиф доред?

Таклиф шуд, ки ба овоз монда шавад.

Рӯзномаи ҷаласа – «Дар бораи тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути  воситаҳои ахбори омма муайян намоем.

Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Сафаров Амирхон дода мешавад. Марҳамат.

DSC_0035Амирхон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба таваҷҷуҳи шумо, лоиҳаи Қарори якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори  ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» пешниҳод мегардад.

1. Рафти кори ҷаласаи ғайринавбатии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон»,  радиои Тоҷикистон ва радиои «Садои Душанбе» ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори ҷаласаи ғайринавбатии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп карда шавад.

3. Маводи ҷаласа тавассути  Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Доир ба ин масъала пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Ҳоло лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тартиби инъикоси кори ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии масъалаи рӯзнома – «Дар бораи тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ- намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатов Ҷумъа Муҳамадалиевич дода мешавад. Марҳамат.

DSC_0037Ҷумъа ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раёсат, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 тибқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Мувофиқи талаботи моддаи 74 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2013 ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошт.

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2013 таҳти №1 «Дар бораи ваколати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ то таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои худро давом диҳанд.

Бо мақсади ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бо дарназардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 таҳти №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки тибқи он сохтори нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Мувофиқи фармони мазкур дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дигаргуниҳо ворид гардиданд.

Пас аз ин, бо мақсади таъсиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин карда шуданд.

Мувофиқи банди 1 моддаи 55 ва банди 4 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои мазкур бояд дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

Ҷиҳати иҷрои ин меъёрҳои конститутсионӣ ба баррасии шумо Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 таҳти №23.5/1-1 манзур карда мешавад, ки дар он тасдиқи 43 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсида мешавад:

1) Вобаста ба масъалаи озод намудан аз вазифа фармонҳои зерин барои баррасӣ пешниҳод карда мешаванд:

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Оқилов Оқил Ғайбуллоевич» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«Дар бораи аз вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Оқилов О.Ғ.»

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Оқилов Оқил Ғайбуллоевич аз вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 23 ноябри соли 2013 №41

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Оқилов Оқил Ғайбуллоевич»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатов Матлубхон Султонович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатов М.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Давлатов Матлубхон Султонович аз вазифаи  муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 23 ноябри соли 2013 №13

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала ягон таклиф доред? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатов Матлубхон Султонович»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муродалӣ Алимардон» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муродалӣ Алимардон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Муродалӣ Алимардон аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 23 ноябри соли 2013 №44

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала ягон таклиф ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муродалӣ Алимардон»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбонова Руқия Атоевна» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбонова Р.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Қурбонова Руқия Атоевна аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 23 ноябри соли 2013 №46

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони  Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбонова Руқия Атоевна»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

 Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Менглиев Рустам Шомуродович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Менглиев Р.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Менглиев Рустам Шомуродович аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №29

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Менглиев Рустам Шомуродович»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қосимов Қосим Роҳбарович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қосимов Қ.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Қосимов Қосим Роҳбарович аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №30

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қосимов Қосим Роҳбарович »- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири          корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳимов Рамазон Ҳамроевич» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳимов Р.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Раҳимов Рамазон Ҳамроевич аз вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2013 №18

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳимов Рамазон Ҳамроевич»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳамрохон Зарифӣ» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳамрохон Зарифӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Ҳамрохон Зарифӣ аз вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 29 ноябри соли 2013 №83

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳамрохон Зарифӣ»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидов Нуриддин Саидович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидов Н.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Саидов Нуриддин Саидович аз вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 27 ноябри соли 2013 №75

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидов Нуриддин Саидович»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобокалонов Раҳмат» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобокалонов Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Бобокалонов Раҳмат аз вазифаи вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №27

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобокалонов Раҳмат»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов  Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Маҳмадаминов М.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич аз вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №32

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Доир ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсудинович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Наҷмуддинов С.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсудинович аз вазифаи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 29 ноябри соли 2013 №82

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Доир ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсудинович»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Хайруллоев Шералӣ» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Хайруллоев Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Хайруллоев Шералӣ аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2013 №17

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва  вакилони Маҷлиси намояндагон!

Доир ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Хайруллоев Шералӣ»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд. 

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич » қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳакимов Н.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Ҳакимов Низом  Ҳоҷиевич аз вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 29 ноябри соли 2013 №81

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Доир ба ин масъала  чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шариф Раҳимзода » қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шариф Раҳимзода

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Шариф Раҳимзода аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 27 ноябри соли 2013 №73

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Доир ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шариф Раҳимзода»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимов Нусратулло Файзуллоевич» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимов Н.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Салимов Нусратулло Файзуллоевич аз вазифаи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №33

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Доир ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимов Нусратулло Файзуллоевич»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Асрорӣ Мирзошоҳрух» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Асрорӣ Мирзошоҳрух

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Асрорӣ Мирзошоҳрух аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №31

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Асрорӣ Мирзошоҳрух»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гул Шералӣ» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гул Шералӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Гул Шералӣ аз вазифаи вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №28

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Доир ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Гул Шералӣ»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ятимов Саймумин Сатторович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ятимов С.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Ятимов Саймумин Сатторович аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2013 №21

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ятимов Саймумин Сатторович»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов. Фармонро «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокиров Маҳмадтоир» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокиров М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Зокиров Маҳмадтоир аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 27 ноябри соли 2013 №77

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.  Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокиров Маҳмадтоир»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидов Д.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 19 ноябри соли 2013 №14

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Оид ба ин масъала чӣ таклиф доред?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси озод кардани аъзои Ҳукумати қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло аз тарафи шумо мавриди тасдиқ қарор гирифтанд.

Бояд зикр кард, ки аксари кулли онҳо дар як марҳилаи барои халқу кишварамон хеле муҳим дар вазифаҳои баланди давлатӣ- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Сарвазир, вазир, раисони кумитаҳои давлатӣ самимона хидмат карданд. Ҳамаи онҳо дар давоми фаъолияти кориашон бо Парламенти кишвар ҳамкории хуб  доштанд.

Бинобар ин, зарур мешуморам, ки ба ҳамаи онҳо аз номи ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳое, ки ба нафақа баромадаанд, тани сиҳату истироҳати бофароғат ва ба онҳое, ки аз нав ба вазифаҳо таъин гардидаанд, саломатӣ ва дар иҷрои вазифаҳояшон барори кор таманно намоям.

Ҷумъа Давлатов: -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар як аъзои он дар ҳафт соли охир, ки дар ин солҳо аксари кишварҳои оламро буҳрони шадиди молиявӣ ва иқтисодӣ фаро гирифта буд, вале рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар ва болоравии сатҳи зиндагии мардум бомаром таъмин гардида, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба ҳисоби миёна ҳар сол ҳафт фоизи афзудааст, изҳори миннатдорӣ менамоянд.

2)Акнун вобаста ба масъалаи таъин намудан ба вазифа фармонҳои зерин барои баррасӣ пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо ба ғайр аз ҳайати роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби алифбо ҷойгир карда шуаанд:

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қоҳир Расулзода» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қоҳир Расулзода

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Қоҳир Расулзода Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 23 ноябри соли 2013 №43

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд? Нест. Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қоҳир Расулзода»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидов Д.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 19 ноябри соли 2013 №15

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд? Нест. Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷабборова Марҳабо Тӯхтасуновна» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷабборова М.Т.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Ҷабборова Марҳабо Тӯхтасуновна муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 23 ноябри соли 2013 №47

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборова Марҳабо Тӯхтасуновна дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест.  Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷабборова Марҳабо Тӯхтасуновна»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Муродалӣ Алимардон» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Муродалӣ Алимардон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Муродалӣ Алимардон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 23 ноябри соли 2013 №45

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд? Нест. Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Муродалӣ Алимардон»-ро ба овоз мемонам.  Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Азим Иброҳим» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Азим Иброҳим

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Азим Иброҳим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 23 ноябри соли 2013 №48

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест.  Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Азим Иброҳим»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов. Фармонро «Дар бораи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Менглиев Рустам Шомуродович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Менглиев Р.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Менглиев Рустам Шомуродович вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №36

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Менглиев Рустам Шомуродович дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Менглиев Рустам Шомуродович»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимов Қосим Роҳбарович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимов Қ.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Қосимов Қосим Роҳбарович вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №40

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимов Қосим Роҳбарович дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимов Қосим Роҳбарович»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳимов Рамазон Ҳамроевич» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳимов Р.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Раҳимов Рамазон Ҳамроевич вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2013 №19

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Рамазон Ҳамроевич дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳимов Рамазон Ҳамроевич»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аслов Сироҷидин» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аслов С.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Аслов Сироҷидин Мӯҳридинович вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 29 ноябри соли 2013 №84

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслов Сироҷидин дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Аслов Сироҷидин»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидов Нуриддин Саидович» қироат мекунад.

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидов Н.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Саидов Нуриддин Саидович вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 27 ноябри соли 2013 №76

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуриддин Саидович дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд? Нест. Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидов Нуриддин Саидович»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Тағоева Сумангул Саидовна» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Тағоева С.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Тағоева Сумангул Саидовна вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №37

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоева Сумангул Саидовна дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Тағоева Сумангул Саидовна»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қурбонов Абдусалом Каримович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қурбонов А.К.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Қурбонов Абдусалом Каримович вазири  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 29 ноябри соли 2013 №86

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Абдусалом Каримович дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд? Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қурбонов Абдусалом Каримович» -ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шералӣ Мирзо» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шералӣ Мирзо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Шералӣ Мирзо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2013 №20

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шералӣ Мирзо»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа Давлатов Фармонро «Дар бораи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Асоев Хайрулло Асоевич» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Асоев Х.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Асоев Хайрулло Асоевич вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе, 29 ноябри соли 2013 №85

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Хайрулло Асоевич дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Асоев Хайрулло Асоевич»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шариф Раҳимзода» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шариф Раҳимзода

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Шариф Раҳимзода вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН 

ш.Душанбе, 27 ноябри соли 2013 №74

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст. Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шариф Раҳимзода»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимов Нусратулло Файзуллоевич» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимов Н.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Салимов Нусратулло Файзуллоевич вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №38

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Нусратулло Файзуллоевич дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд? Нест. Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимов Нусратулло Файзуллоевич»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин намудани Орумбеков Шамсиддин Шодибекович» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Орумбеков Ш.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Орумбеков Шамсиддин Шодибекович вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №39

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбеков Шамсиддин Шодибекович дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Орумбеков Шамсиддин Шодибекович»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Усмонов У.Ю.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №34  

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич»- ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бобоев Шавкат Бобораҷабович» қироат мекунад.

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бобоев Ш.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Бобоев Шавкат Бобораҷабович вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 21 ноябри соли 2013 №35

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Шавкат Бобораҷабович дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст?  Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бобоев Шавкат Бобораҷабович»- ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ятимов Саймумин Сатторович» қироат мекунад.

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ятимов С.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Ятимов Саймумин Сатторович раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 20 ноябри соли 2013 №22

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ятимов Саймумин Сатторович»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зокиров Маҳмадтоир» қироат мекунад.

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зокиров М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.Зокиров Маҳмадтоир раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 27 ноябри соли 2013 №78

РАИСИКУНАНДА:  - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокиров Маҳмадтоир дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зокиров Маҳмадтоир»-ро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ Фармонро «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қодири Қосим» қироат мекунад:

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қодири Қосим

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1.   Қодири Қосим раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2.   Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш.Душанбе, 19 ноябри соли 2013 №16

РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! 

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар толор ҳузур доранд. Саволҳо ҳастанд?  Нест. Дигар таклифҳо ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қодири Қосим»-ро ба овоз мемонам.  Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамин тариқ, ҳамаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси таъин кардани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ дар Ҳукумати нав аз тарафи Маҷлиси Олии кишвар тарафдорӣ ёфтанд ва тасдиқ гардиданд.

Ман аз номи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, аз номи муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев – Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи худам ҳамаи аъзои Ҳукумати навро ба ин муносибат табрик ва муборакбод менамоям.

Вазифаи асосии Ҳукумати нав дар ҳафт соли оянда, пеш аз ҳама, софдилона ва поквиҷдонона амалӣ намудани вазифаҳое мебошад, ки аз Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.

Таъмини пешрафти Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварамон ҳадафи  асосии ҳамаи мо бояд бошад. Барои ба ин ҳадаф расидан таҳия ва қабули қонунҳои нав, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда хеле муҳим аст. Боварӣ дорем, ки Ҳукумати навтаъсис ҳамкории худро дар ин ҷода бо Парламент боз ҳам самараноктар хоҳад кард.

Ба ҳамаи шумо дар ин ҷода муваффақият ва барори кор орзумандам!

РАИСИКУНАНДА: -Ҳоло сухан ба раиси Котиботи ҷаласаи якҷоя Давлаталӣ Давлатзода дода мешавад.

DSC_0178Давлаталӣ ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раёсат, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Ба котибот аз номи сокинони маҳалаи Ҳисораки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба тақсими манзилҳои истиқоматӣ ариза ворид шудааст. Ҷиҳати санҷидан аризаи мазкур ба мақомоти дахлдор ирсол мешавад.

Раисикунанда: -Бо ҳамин ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ