Хароҷоти нолозим кам гардид

№137 - 138 (3774-3775) 18.11.2017

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тайи беш аз 10 соли мавриди амал қарор ­доштан ба ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исроф­кориву зиёдаравиро гирифт, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягона зимни баргузории чорабиниҳои мардумӣ мусоидат ­намуд.

То ин дам маъракаҳое, ки аз фарҳанг ва тамаддуни бегона ба маросими миллӣ васл гардида буданд, мардумро водор менамуданд, ки барои дигарон андеша кунанд, на барои беҳтар намудани зиндагии хеш. Дар баробари талху сангин будани азодорӣ боз маросими беҳудае чун «се», «ҳафт», «бист», «чил» ва ғайра мушкили мардумро дучанд мекарданд.

Дар «қуръон»-и маҷид, ояти 141, сураи ­«Анъом», ки аз ҷониби Пешвои миллат низ ҳамчун далел оварда шуд, омадааст: «Исроф накунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад». Илова бар ин, ҳеҷ дину шариат нафармудааст, ки мардум дар рӯзи мусибату андуҳи хонаводае  дастурхон ороянду аз ҳисоби оилаи мусибатзада ғизо хӯранд. Чӣ гуна дар марги як наврас, як ҷавон ё духтар аз гулӯи кас нон мегузарад?! Ин қабоҳат аст ва ҳаргиз фармудаи Худо ё дину оине нест. Бофтаи онҳоест, ки беинсофона аз мусибати бечорае манфиат бурдан мехоҳанд.

Дар баробари ин, қаблан, барои гузаронидани хатнасур омодагии зиёд дида, онро дар доираи васеъ ҷашн мегирифтанд. Аз он як маъракаи боҳашамат месохтанд ва ба мардум чанд намуд хӯрок пешниҳод мекарданд, сарояндаҳоеро, ки арзиши хизмат­расонияшон бисёр гарон аст, даъват намуда, ба исрофкорӣ роҳ медоданд.

Хушбахтона, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беҳбудӣ дар гузаронидани маъракаҳо дида мешавад.

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳам доир ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷуз ғамхорӣ барои некуаҳволии мардум ва истифодаи мақсадноки пасандози онҳо ҳадафи дигаре надорад.

Барои мисол, агар то соли 2007 пасандози аҳолӣ дар бонкҳо 2,4 миллиард сомониро ташкил медод, пас  дар оғози соли 2017 ин рақам ба 10 миллиард сомонӣ расид, ки аз беҳбуд­ёбии зиндагии мардуми кишвар дарак медиҳад.

Инчунин, бо кам кардани хароҷоти нолозим, ки аз муқаррароти асосии қонуни зикршуда аст, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 то ба 30 фоиз кам шуд.

 Манзура ҚАРМИШЕВА,

сармутахассиси бахши молиявии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон