Хате, ки барқи «Роғун»-ро ба муштариён мерасонад

№34 (3984) 30.03.2019

DSC_8881Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд

Бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бисту ҳаштуми марти соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар мавзӯи «Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Акрамшо Фелалиев изҳор дошт, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муваффақияти бузург ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуда, дар бисёр соҳа, аз ҷумла энергетика, муваффақиятҳои бузург ба даст овард.

-Дар ин муддат, халқи тоҷик дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва равшан намудани ҳар як хонадони тоҷику тоҷикис­тонӣ камари ҳиммат баста, ба даст­овардҳои назаррас ноил гардид.  Аз ҷумла, дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 20 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,9 млрд. доллари ИМА татбиқ карда шуд. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Помир — 1», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ — «Душанбе — 500», «Суғд — 500», дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО — и «Норак», хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб — Шимол», зеристгоҳҳои барқии 220 кВ — «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран — 2», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ — «Лолазор — Хатлон», «Тоҷикис­тон — Афғонистон», «Хуҷанд — Айнӣ», «Қайроққум — Ашт», «Геран — Румӣ», «Қайроққум — Суғд» ва «Айнӣ — Рӯдакӣ» ба масофаи умумии 565,8 км ба шумор мераванд, — зикр кард муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.

Сипас, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Баҳром Абдуалимов суханронӣ намуд.

- Мақсад аз лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» ба сис­темаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ пайваст намудани НБО-и «Роғун» мебошад. Ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳа Созишномаи қарзии №632 аз якуми сентябри соли 2017 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расида, 20 декабри соли 2017, тибқи муқаррарот, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Маблағи умумии лоиҳа 79 миллион доллари ИМА мебошад ва дар 18 моҳ бояд амалӣ шавад. Қисми таркибии лоиҳа сохтмони ду хати интиқоли барқи алоҳидаи 500 кВ бо 402 такягоҳ мебошад. Дарозии ҳар як хати интиқоли барқ тақрибан 100 км — ро ташкил медиҳад, — изҳор дошт ӯ.

Баҳром Абдуалимов афзуд, ки 16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба кор андохтани чархаи аввали НБО-и «Роғун» бо пахши васлак хати баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ- ро мавриди истифода қарор доданд.

Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» Назар Назарзода изҳор дошт, ки айни замон 7 лоиҳаи бахши электроэнергетика (ба маблағи умумии 1050 млн. доллари ИМА) татбиқ шуда истодааст, ки яке аз онҳо лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» мебошад.

Татбиқи лоиҳа аз якуми сентябри соли 2017 оғоз гардида, тибқи созишномаи қарзӣ якуми сентябри соли 2021 ба охир мерасад.

-Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи мазкур озмун гузаронида шуд, ки дар он ширкатҳои «SINOHYDRO», «CEEC», «TBEA», «CGGC» ва «СМЕС» иштирок ва пешниҳодҳои молиявӣ манзур намуданд. Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳайати намояндагони вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои меъморӣ ва сохтмон, ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» бо иштироки намояндагони масъули ширкатҳои зикргардида ба хулоса омад, ки пешниҳоди ширкати «ТВЕА» бо маблағи 79 млн. доллари ИМА ба талаботи тендерӣ ҷавобгӯ мебошад. Муҳимтар аз ҳама, татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки интиқоли неруи барқ аз НБО-и «Роғун» ба истеъмолкунандагони дохил ва хориҷи кишвар таъмин гардад, — зикр кард Назар Назарзода.

Ӯ, ҳамчунин, қайд кард, ки дар доираи лоиҳа дар зеристгоҳи «Душанбе — 500» барои пайваст намудани хатҳои интиқоли барқ василаҳои элегазӣ, ҷудокунакҳои барқӣ, трансформатори шиддат, системаи алоқаи басомадаш баланд ва дигар таҷҳизоти барқии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ васлу насб карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар хатҳои интиқоли барқии мазкур 402 поя, ноқилҳои барқӣ, нурию нахӣ ва ҳимояткунандаи раъду барқ васлу насб гардидааст, ки дарозии умумии ҳар як хати он тақрибан 100 км-ро ташкил медиҳад. Хатҳои интиқоли барқи 500 кВ-и мазкур аз шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Роғун гузашта, зеристгоҳи «Душанбе — 500» — ро бо НБО — и «Роғун» мепайванданд.

Назар Назарзода, илова намуд, ки корҳои сохтмонӣ, васлу насби пояҳо ва таҷҳизоти барқӣ дар зеристгоҳи «Душанбе — 500» ва хатҳои интиқоли барқии 500 кВ «Роғун — Душанбе» аз ҷониби ширкати пудратӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ 6 моҳ пеш аз муҳлат оғоз гардида, пеш аз ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расонида шуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Ҷобирзода, А. Ғаффоров, Ҷ. Ахмедов, Ҷ. Саидзода, И. Абдуллозода, О. Сафаров доир ба масъалаи баррасишуда андешаронӣ намуда, инчунин, ба пурсишҳояшон посух гирифтанд.

Дар охир қарор ва тавсияҳо бо дарназардошти таклифу дархост ва пешниҳоди иштирокчиён қабул карда шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»