Иқдоми хайрхоҳонаи вакилони Маҷлиси намояндагон

№63 (4169) 28.05.2020

Расм-4Дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҷиҳати дастгирии табибон, ки дар набард бо вабои COVID — 19 дар сафи аввали мубориза қарор доранд, иқдоми хайрхоҳона анҷом доданд.

Онҳо аз ҳисоби маош ба беморхонаҳои ноҳияи Фархор ва оилаҳои ниёзманд 11500 дона ниқоб, беш аз 1000 дона маҳлули зиддивирусӣ, 150 баста либоси махсуси тиббӣ, миқдори зиёди дастпӯшаки бисёркарата, айнакҳои тиббӣ, доруворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ кумак намуданд.

РасмДар арафаи иди саиди Фитр низ вакилони зикршуда бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба 20 оилаи ниёзманд ва иддае аз сокинони деҳоти «Ғайрат» ва «Дарқад»- и ноҳияи Фархор кумаки идона намуданд, ки аз маҳсулоти ниёзи аввалияи орд, равған, қанд, макарон, картошкаву пиёз ва ниқобҳои тиббӣ иборат буданд.

Инчунин, аз ҷониби Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кумаки тиббӣ иборат аз 1850 ниқоб, 520 дастпӯшаки муҳофизатӣ, 690 маҳлули антисептикӣ ва дигар лавозимоти зиддивирусӣ фиристода шуд, ки дар беморхонаи марказии ноҳия, шаҳраки «Панҷ», деҳоти «Нури Ваҳдат», «Озодагон» ва ба номи Кабут Сайфиддин ба тариқи аксияи ҳизбии «Тозагӣ гарави саломатист!» тақсим карда шуд.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Садои мардум»