Иқдоми нек баҳри созандагию бунёдкорӣ

№44 - 45 (4150 - 4151) 09.04.2020

IMG_17114 апрели соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.

Тавре роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров иброз дошт, дар доираи ин иқдом, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид, саҳни бино, ҳавлӣ, роҳравҳо тозаю озода карда, гулгаштҳои Маҷлиси намояндагон ба низом дароварда шуданд.

- Ҳар иқдоме, ки дар самти ободонӣ гирифта мешавад, ба манфиати аҳли ҷомеа аст. Бо ташкили ҳашарҳо ҳар яки мо метавонем пойтахти давлат – шаҳри Душанберо беш аз пеш зеботар гардонем. Аз ҷониби дигар, ташкили ҳашарҳо як навъ тарғиби аҳолии кишвар ба созандагию бунёдкорист, — гуфт роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон