Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон 2 октябр оғоз мегардад

№79 (3716) 04.07.2017

Баъди баргузории ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 июни соли равон баргузор гардид, мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагон, вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат аз 1-уми июл то 15-уми августи соли ҷорӣ ба рухсатии меҳнатӣ баромаданд.

Тибқи иттилои шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 2 октябри соли равон оғоз мегардад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000-ум таъсис ёфта, 63 вакил дорад ва аз нуҳ кумитаю се комиссия иборат мебошад. Вакилони он ба муҳлати панҷ сол интихоб мегарданд.

«Садои мардум»