Муҳокимаи парламентӣ

Иҷрои сифатноки буҷети давлатӣ аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад

№131 (4081) 31.10.2019

DSC_8883Бисту нуҳуми октябри соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҷаббор Азизӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 9 моҳи соли 2019» баргузор гардид.

Абдуҷаббор Азизӣ изҳор дошт, ки иҷрои босифати буҷети давлатӣ яке аз афзалиятҳои асосии мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардош­тани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст», — афзуд номбурда.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»-ро таҳлил карда, изҳор дошт, ки новобаста аз идомаи душвориҳо, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои буҷет корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Сохторҳои назоратӣ (Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон) дар ин давра фаъолияти худро ба ошкор кардани истифодаи ғайриқонунии маблағҳои буҷетӣ ва баргардонидани онҳо ба хазинаи давлат равона карданд.

Дар 9 моҳи соли 2019 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 52878 миллион сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 7,2 фоиз баробар гардидааст. Лозим, ба ёдоварист, ки нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Рушд асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 дар ҳаҷми 12,7 фоиз, кишоварзӣ — 7,1, гардиши савдо — 9,6 ва хизматрасонии пулакӣ 3,7 фоиз таъмин гардид.

Дар нуҳ моҳи соли 2019 даромади ҷории Буҷети давлатӣ 97,8 фоиз таъмин ва ба буҷет 13 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 290,4 млн. сомонӣ кам мебошад.

- Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 3,9 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки 3,9 дарсад зиёдтар аз нақша мебошад,- зикр кард нотиқ. — Иҷрои нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 94,9 фоиз таъмин гардид ва воридот 1,3 млрд. сомониро ташкил дод. Маълум шуд, ки воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 67,8 млн. сомонӣ кам мебошад.

Бино ба гуфти Шариф Раҳимзода, маблағи умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санаи 1 октябри соли 2019 — ум 2 890,11 млн. доллари ИМА ва қарзи дохилӣ 6,93 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади иҷрои саривақтии уҳдадориҳои давлат вобаста ба хизматрасониҳои қарзи берунаи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 152,2 млн. доллари ИМА пардохт шудааст.

Мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбаст дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 2 млрд. 38,1 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130,1 млн. сомонӣ ё 6,8 фоиз зиёд мебошад. Қисми хароҷотӣ 2 млрд. 61,2 млн. сомониро ташкил намуд, яъне, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 215,1 млн. сомонӣ ё 11,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, барои нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилотҳо 2 млрд. 17,3 млн. сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 235,1 млн. сомонӣ ё 13,2 фоиз зиёд аст.

Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода яке аз сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи даромади умумии буҷети давлатиро дар таъмин нашудани нақшаи даромадҳои дохилӣ арзёбӣ кард. Барои мисол, аз ҷониби Кумитаи андоз нақша дар сатҳи 93,5 фоиз таъмин шуд, яъне, аз ин ҳисоб ба буҷет 558,0 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Зикр шуд, ки тайи солҳои охир даромади ширкатҳои мобилӣ тамоюли коҳишёбиро касб намудааст. Агар дар 9 моҳи соли 2018 даромади онҳо 1,9 млрд. сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар давраи мавриди назар ба 1,7 млрд. сомонӣ баробар, яъне, пардохти андоз дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 128 млн. сомонӣ кам шуд.

Мушкили дигар зиёд будани бақияпулиҳои андоз аст, ки 707,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти Файзиддин Қаҳҳорзода, дар доираи нақшаҳои пешбинишуда аз худ нагардидани маблағҳои ҷалбшудаи қарзию грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 453,8 млн. сомонӣ низ таассуфовар аст.

Муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода сабабҳои дар ин давра таъмин нагардидани иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро, пеш аз ҳама, ба дуруст ба назар гирифта нашудани манбаъҳои андозбандӣ ҳангоми банақшагирии қисми даромади буҷет, нокифоя ва ё афзоиш наёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар як қатор корхонаҳо ва аз ҷониби онҳо пурра ва сари вақт пардохт нашудани андозҳои ҳисобшуда алоқаманд донист. — Тайи солҳои охир ҳиссаи воридоти андоз аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ афзоиш ёфта, ба 24,9 фоиз баробар гардид. Дар нуҳ моҳи соли 2019 бошад, ин нишондиҳанда 21,7 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз кам аст, — гуфт ӯ ва афзуд. — Сабаби дигар ба он алоқаманд аст, ки маблағҳои ҳисобшудаи бонусҳо, бо дарназардошти дар ҳолати такмил қарор доштани тартиби ҳисоб ва пардохти онҳо, сари вақт ба буҷет ворид карда намешавад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, зикр кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ ба 3088,5 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 20,6 млн. доллар ё 0,7 фоиз кам мебошад.

Аз ҳаҷми умумии гардиши мол 2376,8 млн. доллар (соли гузашта 2316,0 млн. доллар) ба воридот ва 711,7 млн. доллар (соли гузашта 793,0 млн. доллар) ба содирот рост омада, мутаносибан воридот ба маблағи 60,8 млн. доллар ё ба андозаи 2,6 фоиз зиёд шуда, содирот ба маблағи 81,3 млн. доллари ИМА ё 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот ба 77 фоиз ва содирот ба 23 фоиз баробар мебошад.

Бино ба гуфти ӯ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, ки ба маблағи 3753,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ба Буҷети давлатӣ 3901,9 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ин рақам 103,9 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

- Дар давраи мавриди назар имтиёзҳои тарифию андозии дар шакли пурра ва қисман озодкардашуда 77,7 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод»- ро ташкил намудааст. Яъне, дар ин давра, аз ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» танҳо 21,3 фоизи он (516,5 млн. доллар) пурра мавриди андозбандӣ қарор гирифта, арзиши гумрукии молҳои қисман аз имтиёзҳои гумрукию андозӣ бархӯрдор 1303,9 млн. доллар ё 56,3 фоиз ва арзиши молҳои пурра аз имтиёзҳо бархӯрдор 494,7 млн. доллар ё 21,4 фоизро ташкил намудааст,-изҳор дошт номбурда.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода гуфт, ки иҷрои буҷети Агентӣ 94,3 фоиз (буҷетӣ 88,5 фоиз, ғайрибуҷетӣ 98,8 фоиз) таъмин гардид. Бинобар таъмин нагардидани иҷрои нақша, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 123,6 млн.сомонӣ ворид нашуд. Дар баробари ин, 48,7 млн.сомонӣ мусоидати молиявӣ, ки аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шуда буд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо нагардид.

Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки дар ин давра, нақшаи андози иҷтимоиро дар ҷумҳурӣ 50 шаҳру ноҳия таъмин карда натавонистанд.

Мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида, ба ҳолати 1 августи соли 2019 қарздорӣ аз музди меҳнат, ки манбаи асосии воридоти андози иҷтимоӣ мебошад, 46,2 млн.сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон А. Ғаффоров, М. Сабурзода, Ҳ. Холиқзода, Б. Абдуалимов, С. Усмонзода, Ҷ. Муртазозода, А. Холмуҳаммадзода, М. Ахмедов ва Г. Назирӣ ба масъулин савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ бо дарназардошти дархост ва пешниҳоди вакилон қабул карда шуд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»