«Иқтисоди сабз» сифати зиндагиро беҳ месозад

№146 (4408) 07.12.2021

DSC_5563Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 октябри соли равон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои сатҳи баланд таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим» таъкид намуданд: «Бо дарназар­дошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли энергияи «сабз» то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз лиҳози фоизи тавлид ва истифодаи энергияи «сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд».

Солҳои охир олимону сиёсатмадорон, коршиносону мутахассисони соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва рӯзноманигорон дар хусуси «Иқтисоди сабз» зиёд мегӯянд. Ба гуфти коршиносони Ташкилоти СММ оид ба муҳити зист (UNEP), «Иқтисоди сабз» чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорист, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамчунин хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад.

«Иқтисоди сабз» ҳама соҳаро фаро мегирад. Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ ба ҷои нуриҳои минералӣ истифодаи нуриҳои органикӣ (поруи чорвою паранда, компости хазону пасмондаи рустаниҳо), ба ҷои заҳрхимикатҳо усули биологии ҳимояи зироат, бунёди гармхонаҳои офтобӣ, ба роҳ мондани усули қатрагии обёрии зироат, захира намудани оби барфу борон дар мавзеъҳои камоб дорои манфиатҳои зиёди иқтисодию экологӣ мебошанд. Бо амалисозии онҳо аз як тараф, даромад зиёд гардад, аз ҷониби дигар, муҳити зист солим монда, саломатии одамон ҳифз мешавад.

Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) тавсия медиҳад, ки ба роҳ мондани кишоварзии органикӣ ба кишварҳо барои беҳтар намудани вазъи экологӣ имкон фароҳам меорад. Ин ҳаҷми партовҳои газҳои гармхонаро кам намуда, барои паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ёрӣ мерасонад.

Фоидаи дигар дар он аст, ки хоки бо усули органикӣ ғизо додашуда дорои қобилияти хуби нигоҳдории намнокӣ мебошад. Аз ин рӯ, чунин хок ба шароити тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, рӯй додани хушксолӣ, селфуроӣ ва ғайра тобовар мешавад. Инчунин, хоки серпору аввали баҳор зуд гарм шуда, сабзиши тухмиро метезонад. Хоки серғизо ба афзоиши ҳосил ва гирифтани даромади бештар мусоидат мекунад.

«Иқтисоди сабз» дар соҳаи энергетика даст кашидан аз сӯзишвориҳои карбондорро тақозо менамояд. Зеро истифодаи сӯзишвориҳои карбондор, ба монанди ангиштсанг, нефт боиси ихроҷи газҳои гулхонӣ ва ифлосшавии ҳаво мегардад. Ҳоло қисми зиёди неругоҳҳои тавлидкунандаи неруи барқ дар ҷаҳон ба неругоҳҳои аловӣ рост меояд.

Хушбахтона, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро мегирад. Зеро дар ҷумҳурӣ тавлидкунандаи асосии неруи барқ неругоҳҳои обиянд. Ғайр аз ин, сол то сол ба истифодаи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мисли энергияи офтоб ва шамол низ таваҷҷуҳ зиёд зоҳир мешавад. Чунончӣ, соли 2011 ба муносибати 20 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои дурдаст 1825 панели офтобии тавлидкунандаи неруи барқ ва 6 неругоҳҳои бодӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла, ба ноҳияҳои Балҷувон 100 адад, Ховалинг — 100, дараи Яғноби ноҳияи Айнӣ — 85, Мурғоб — 700, Рӯшон — 400, Ишкошим — 100, Дарвоз — 80, Ванҷ — 80, Шуғнон — 70, Роштқалъа — 70 ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 400 адад панели офтобӣ тақдим гардид. Ҳоло бо кумаки созмонҳои мададрасон ва як қатор шаҳрвандон дар деҳоти мамлакат теъдоди панелу обгармкунакҳои офтобӣ афзуда истодааст.

Аз рӯйи ҳисоби олимон, интенсивнокии радиатсияи офтоб дар аксар ноҳияҳо ба 1000 ватт дар як метри мукааб мерасад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо мамолики аврупоӣ хеле зиёд буда, имкон медиҳад, ки тайи 7 моҳ (аз апрел то октябр) тавассути обгармкунаки офтобӣ обро зиёда аз + 70 дараҷа гарм нигоҳ дорем. Ҳатто моҳи декабр метавон ба ин восита обро + 50 дараҷа гарм нигоҳ дошт. Дар рӯзҳои кӯтоҳу абрӣ низ обро +30 дараҷа гарм нигоҳ намуда, 65 дарсад неруи барқро сарфа кардан мумкин аст.

Мувофиқи гуфтаи олимони Институти физикаю техникаи АМИТ, агар 0,1 дарсади масоҳати кишварро бо панелҳои офтобӣ пӯшонем, соле метавонем 300 миллиард кВт/соат неруи барқ гирем, ки ин аз талаботи мамлакат 13 маротиба зиёд аст. Истифодаи неруи офтоб, алалхусус дар мавсими зимистон, ки оби дарёҳо ях мебанданд, барои раҳоӣ аз мушкилот кумак мерасонад. Насби неругоҳ ва обгармкунакҳои офтобӣ дар манзилу нишооти хусусӣ буҷети хонаводаро сарфа карда, дар 3 — 4 сол хароҷоташонро ҷуброн менамояд. Ҳоло дар бисёр кишварҳо дар болои боми нуқтаҳои зарядпуркунии мошинҳо панелҳои офтобӣ насб карда, неруи барқи аз онҳо тавлидшударо барои зарядпуркунии мошинҳо сарф мекунанд. Соҳибони нуқтаҳои зарядпуркунӣ аз супурдани андоз озоданд. Зеро онҳо бо истифода аз неруи офтобӣ сарборӣ (нагрузка)-и трансформатор ва хатҳои барқи умумиро кам мекунанд.

Мувофиқи ҳисоботи коршиносони Бунёди байналмилалии табиат (WWF), то соли 2050 кишварҳои ҷаҳон пурра ба энергияи барқароршаванда рӯ меоранд. Ҳоло аз ҷиҳати истифодаи неруи офтобу шамол Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол менамояд. Дар ИМА, Япония, Германия, Туркия, Юнон, Исроил, Кипр, Шветсия, Швейтсария, Канада, Испания, Дания, Фаронса, Арабистони Саудӣ ва АМА низ аз неруи офтоб барои тавлиди неруи барқ, обгармкунӣ, аз чоҳҳо боло кашидани об таҷҳизоти офтобиро фаровон истифода мебаранд.

КоллажАз рӯйи ҳисоби мутахассисон, иқтидори неруи шамол дар кишвар соле ба 25 — 150 миллиард киловатт/соат мерасад. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Роғун, Гулистон, ноҳияҳои Файзобод, Мурғоб, Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин ва Шаҳрис­тон насб кардани таҷҳизоти шамолии тавлидкунандаи барқ самарабахш аст.

Бахши дигари «Иқтисоди сабз» сохт­монро фаро мегирад. Аз оғози солҳои 2000 — ум дар Германия бунёди экохонаҳо- манзилҳои ба гармии иловагӣ эҳтиёҷ­надошта ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин кишвари иқтисодаш пешрафтатарини Аврупо панҷ намуд хонаҳои экологӣ сохта мешаванд. Якум, хонаҳое, ки хеле кам энергия сарф мекунанд. Соҳибхона дар чунин иморат дар як сол 90 киловатт/соат неруи барқ сарф мекунад. Хонаҳои навъи дуюм «хонаҳои пассив» буда, умуман ба гармкунии иловагӣ эҳтиёҷ надоранд. Дар ин гуна хонаҳо таҷҳизоти геотермикӣ насб шудааст, ки таҷҳизоти махсус бо ёрии ҳавои гармшуда 80 дарсади энергияро таъмин менамояд. Ин гуна хонаҳо ҳатто дар рӯзҳои сардтарин ҳам ба гармкунии иловагӣ эҳтиёҷ надоранд. Дар болои боми чунин хонаҳо бомпӯши офтобӣ насб шудааст, ки иморатро бо неруи барқ таъмин мекунад.

Инчунин, дар Германия хонаҳое ҳастанд, ки неруи барқи изофӣ тавлид мекунанд. Соҳибхонаҳо неруи барқи изофиро ба шабакаҳои барқӣ тибқи нишондоди ҳисобкунак фурӯхта, фоида мегиранд. Аз рӯйи ҳисоби коршиносон, Ҷумҳурии Федеративии Германия тавассути бунёди хонаҳои экологӣ то соли 2025 партофти гази карбонро 95 миллион тонна кам мекунад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, чанде пеш Тоҷикистон тибқи Созишномаи Париж ба котиботи Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид намунаи нави саҳми муайянкунандаи партовҳои газҳои гулхонаиро дар сатҳи миллӣ омода ва пешниҳод кард. Дар Тоҷикистон, инчунин, баҳри татбиқи барномаҳои барқарорсозии ҷангалҳо ва васеъ кардани майдони ҷангалпарварӣ кори зиёд ба сомон расонда мешавад.

Гузариш ба «Иқтисоди сабз», дар баробари манфиатҳои зикршуда, боиси ба миён омадани ҷойҳои нави корӣ мешавад. Дар маҷмӯъ, «Иқтисоди сабз» сифати зиндагии ҳамватанонро беҳ гардонида, ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баландшавии некуаҳволии аҳолии мамлакат боис хоҳад гашт.

Фазлиддин ИКРОМӢ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссияи экологӣ