Идомаи мулоқоту вохӯриҳои Шукурҷон Зуҳуров дар Давлати Кувайт

№177 (3478) 25.12.2015

сарвазири кувайт.Тавре хабар дода будем, аз 19 то 22 декабри соли 2015 ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафари корӣ дар Давлати Кувайт қарор дошт. Дар ҷараёни ин сафар як силсила мулоқоту вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати ҳамроҳаш бо мақомоти баландпояи Давлати Кувайт доир гардид, ки қисме аз онҳо дар шумораи гузаштаи рӯзномаамон нашр шуданд. Ҳоло идомаи мулоқотҳоро аз ҷараёни ин сафар пешкаши хонандагон менамоем.

21 декабри соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сарвазири Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни суҳбат Давлати  Кувайтро яке аз кишварҳои бонуфузи араб ном бурда, ёдовар гардид, ки имсол аз барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт 20 сол сипарӣ мешавад.

- Дар ин муддат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба Давлати Кувайт сафар карда, дӯстиву бародарӣ ва ҳамкориҳоро тақвият бахшидааст, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки рафтуомади фаъолу сершумори ҳайатҳои гуногунсатҳи кишварҳои мо худ шоҳиди ин гуфтаҳоянд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирнишон сохт, ки вақти таҳким бахшидани муносиботи ду кишвар дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузориву кишоварзӣ ва фарҳангиву туризм фаро расидааст. Мо бояд барои баргузории нишастҳои муштараки байниҳукуматии кишварҳоямон талошҳои ҷиддитар намоем. Аз замони баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ зиёда аз ду сол сипарӣ гардид. Баргузории ин нишаст қадами нахустин дар масъалаи тақвияти ҳамкориҳои кишварҳоямон буд.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки ба андешаи мо, бояд ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур миёни ду кишвар дар наздиктарин фурсат гузаронида шавад.  Мо тамоми имкониятҳоро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунсамт дар даст дорем, танҳо зарур аст, ки ба раванди корҳо суръати бештар бахшида, барои татбиқи созишномаҳои баимзорасидаи тарафайн камари ҳиммат бандем.

- Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 11 созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба тамоми асосҳои ҳуқуқиро фароҳам овардаанд, — идома дод Шукурҷон Зуҳуров.

- Мо аз мақомоти расмӣ ва ниҳодҳои молиявии Давлати Кувайт миннатдорем, ки барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ кардан ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвари мо омодаанд, — таъкид кард Шукурҷон Зуҳуров ва изҳор дошт, ки ҷалби сармояи ҷониби кувайтӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ, энергияи барқароршаванда, истифода ва коркарди уран мувофиқи мақсад мебошад.

Раиси парлумони касбии мамлакат афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳони Ислом, аз ҷумла бо Фонди кувайтии рушд ҳамкориҳои зич  дорад. Бо иштироки молиявии Бонки Рушди Исломӣ, Фонди Рушди Саудӣ, Фонди кувайтии рушд, Фонди ОПЕК ва Фонди Абу-Забӣ барои Тоҷикистон 85 млн. доллари ИМА ҷудо шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров ба муносибатҳои тиҷоратии байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Кувайт моро қонеъ карда наметавонад.   Мо пешниҳод дорем, ки бо кӯшиши ҳар ду ҷониб  барномаи ҳамкориҳо барои солҳои муайян тарҳрезӣ шавад.

Бо мақсади диверсификатсия ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии байни ду кишвар таҳти сарпарастии сохторҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва палатаҳои савдову саноат зарурати таъсиси Шӯрои доимоамалкунандаи соҳибкорони ду кишвар ва ба таври мунтазам доир намудани форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак зарур аст.

Сарвазири Давлати Кувайт аълоҳазрат Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас-Сабоҳ аз Тоҷикистон ва Сарвари он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо некӣ ёдоварӣ намуда, омодагии кишвари худро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо ҷумҳурии мо баён дошт.

- Мо аз ташрифи чунин ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари худ ниҳоят хушҳол ҳастем ва ифтихор аз он дорем, ки бародарони ҳамдини худро аз дигар гӯшаи дунё дар рӯ ба рӯи худ мебинему бо онҳо аз наздик суҳбат меороем, — иброз дошт Сарвазири Давлати Кувайт.

Аълоҳазрат Шайх Ҷобир ал-Муборак ал-Ҳамад ас — Сабоҳ дар ҳақиқат сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро нокофӣ маънидод карда, таъкид намуд, ки мо омода ҳастем, бо ҷониби Тоҷикистон равобити зичро ба роҳ монем.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва манзилҳои нави истиқоматӣ бо ҷалби сармояи Давлати Кувайт, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди асал, мева, сабзавот ва гӯшту шир бо мақсади содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр ба Давлати Кувайт ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 21- уми декабр ҳамчунин бо Мушовири Девони Амир, раиси Фонди хайриявии исломии Давлати Кувайт Абдулло ал- Маътуқ суҳбат дошт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи рушди соҳибкорӣ, бахши хусусӣ ва ҷалби хазинаҳои сармоягузор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо заминаи қонуниро фароҳам овардааст ва дар ин самт дар кишвари мо ҳеҷ гуна монеа вуҷуд надорад.

- Мо аз кумакҳои Давлати Кувайт, ки ба воситаи барномаҳои хайриявии хеш ба Тоҷикистон расондааст, миннатдорем. Бо таваҷҷуҳ ба он ки бештари аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд, тақвияти ҳамкорӣ бо Фонди хайриявии исломии Давлати Кувайт ба нафъи мардуми мо хоҳад буд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Ҷаноби Абдулло ал- Маътуқ дар навбати худ иброз дошт, ки «мутобиқи маълумоти мо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар Тоҷикистон бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, кишоварзиву туризм имкониятҳои бузург дорад ва  ҷониби Кувайт омода аст, ки бо кишвари Шумо, аз ҷумла дар ин самтҳо, ҳамкориро ба роҳ монад».

***

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни ин сафар ҳамчунин бо соҳибкори бонуфузи Давлати Кувайт Муҳаммад Ҳамуд ал-Шоеъ мулоқот намуд. Муҳаммадато Султонов, Душанбе- Кувайт- Душанбе