Идоракунии давлатӣ таърихи қадима дорад

№52 (3846) 28.04.2018

DSC_048126 апрели соли 2018 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор гардид.

Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Қобилҷон Абдуқодиров аз таърихи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ ёдовар шуда, гуфт, ки аввалин маротиба идоракунии давлатиро империяи Ҳахоманишиҳо (форсҳо) ҳазорсолаҳои пеш аз мелод ба вуҷуд овардаанд.

Тоҷикон дар даврони ҳукмронии Сомониён идоракунии давлатро тавассути девонҳо ба роҳ монда буданд. Ин таҷрибаи онҳо дар замони муосир дар шакли гуногун аз ҷониби давлатҳо мавриди истифода қарор гирифтааст.

DSC_0508Идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози таърихӣ ба ду давра — даврони шӯравӣ ва истиқлолият тақсим мешавад. Пас аз эълон гаштани Истиқлолияти давлатӣ дар низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти назаррас ба вуҷуд омад.

Қобилҷон Абдуқодиров, ҳамчунин доир ба бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳиб­истиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ сухан ронда, саҳми бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин ҷода махсус таъкид намуд.

Номбурда дар робита ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 16 апрели соли 2012  мавриди амал қарор дорад) қайд кард, ки он вазъи ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд, инчунин асосҳои ташкили фаъолияти онҳо дар низоми идоракунии давлатиро мушаххас менамояд.

Амали қонуни мазкур нисбат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил, салоҳият ва фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, татбиқ намегардад.

Дар анҷом Қобилҷон Абдуқодиров  ба саволҳои иштирокчиён посух гуфт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон