Ҳимояи ҳуқуқи инсон — яке аз мавзӯъҳои меҳварии паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ

№149 (3943) 15.12.2018

hands-598145_960_720-620x380Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли санадҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва ғайра буда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои амалӣ меандешад.

Конститутсияи ҷумҳурӣ Президенти мамлакатро ҳомии Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар намудааст. Ба салоҳияти Президент ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла, ба шаҳрвандӣ қабул кардан ва аз шаҳрвандӣ маҳрум намудан, додани паноҳгоҳи сиёсӣ, бахшиши ҷазо ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон мансуб дониста шудаанд.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 дар робита ба арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон махсус қайд карданд, ки эълон доштани бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва инчунин арзишҳои аз ҳама воло эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои шахсият дар он аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо дорад, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии ҳар як фарди кишвар, тадбирҳои судманд андешида, механизми кафолати воқеии таъмини онҳоро ба вуҷуд оранд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои муҳиму асосии ҳокимияти судӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шахси манфиатдор, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордошта ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 апрели соли 2004) таъкид карданд, ки дар тӯли таърихи башар масъалаи эътироф, ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои демократӣ қарор дошт. Бо дарназардошти ин меъёри умумибашарӣ, соли 2003 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қабул намуд, ки он ба меъёрҳои башардӯстӣ асос ёфтааст. Муҳимтарин тағйирот дар ин самт аз он иборат аст, ки татбиқи ҷазои қатл дар кишвар қатъиян маҳдуд карда шудааст. Агар мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1961, ки то соли 1998 амал мекард, дар 44 маврид ва тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 майи соли 1998 дар 15 маврид ҷазои қатл пешбинӣ шуда бошад, пас тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2003 ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуданд, ин намуди ҷазо танҳо дар 5 маврид пешбинӣ гардид.

Дарвоқеъ, маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хеле назаррас аст, аммо нисбат ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона сурат гирад. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ ва дахлнопазиранд, вале дар ин миён ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хоса дорад. Воқеан ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад касеро аз он маҳрум созад.

Аз ин хотир, Сарвари давлат иброз намуданд, ки ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон карда шавад ва дастур доданд, ки бо мақсади таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис ёбад ва дар муҳлати кӯтоҳтарин санадҳои зарурӣ омода гарданд.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар (30 апрели соли 2004) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи қатл»-ро 2 июни соли 2004 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул ва онро 8 июли соли 2004 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард. Сипас, 15 июли соли 2004 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Инчунин, дар даврони соҳиб­истиқлолӣ маҳз бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ зиёда аз 15 маротиба қонун дар бораи афв қабул гардид, ки дар асоси онҳо зиёда аз сад ҳазор нафаре, ки кирдорҳои ҷиноятӣ содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуда, ба ҳаёти осоишта баргаштанд.

Ғайр аз ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» 28 июни соли 2011 қабул гардид, ки он тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро танзим намуда, кафолати ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳоро муайян менамояд.

Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 30 апрели соли 2007 эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ эълон карда, бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият ва густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакат мас­ъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ба миён гузош­танду зарур донистанд, ки барои таъсиси он тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 25 апрели соли 2008 зикр намуданд, ки бо мақсади такмили минбаъдаи механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» қабул гардид, ки он заминаҳои ҳуқуқии таъсиси мақоми махсусро дар баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон таъмин мекунад.

Бинобар ин, ҷиҳати тақвият бахшидани кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риояву эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, дар Тоҷикистон соли 2009 мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад.

Дар робита ба ин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби 51 (муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) илова карда шуд. Ҳамин тариқ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак соли 2016 институти нав – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Бо мақсади таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон фаъолият менамояд, ки мақсад аз таъсиси он самаранок ба роҳ мондани ҳаллу фасли масъалаҳои шаҳрвандӣ, бахшиши ҷазо, мукофотҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва мониторинги амалишавии муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

Инчунин, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст.

Табиист, ки дар доираи як мақола пурра баён намудани мазмуну моҳияти Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бахши ҳуқуқи инсон имконнопазир аст. Фақат таъкиди ин нукта зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон аз хусуси меъёрҳои Конститутсия оид ба арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, татбиқу таъмини онҳо ёдовар шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон