«Имрӯз амал намо — фардоро бисоз»

№34 (3984) 30.03.2019

DSC_8936Таҳти ин унвон 28-29 марти соли равон бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи Осиё ва рушд, Хазинаи ҷамъиятии Ҷопон ва Бунёди рушди аҳолии СММ дар шаҳри Душанбе конференсияи минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба сармоягузории ҷавонон баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Молдова, Покистон, намояндагиҳои муқими корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Ҷамъомадро муовини раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Хайринисо Юсуфӣ ифтитоҳ кард. Ашӯрбой Солеҳзода,Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мас­ъалаҳои иқтисодӣ меҳмононро хайра мақдам гуфт. Сипас, тибқи барнома, дар назди ҳозирин муовини директори минтақавии СММ Иан Макфарлейн, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хаҷиме Китаока, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода, Ҷамшед Муртазозода, Лутфия Раҷабова ва дигарон оид ба фаъолнокии шаҳрвандӣ, ҳифзи саломатӣ, дастрасӣ ба маориф, касбу ихтисос ва дигар масъалаҳои муҳими сиёсати ҷавонон суханронӣ намуданд.

Тафсилоти бештарро оид ба ин масъала дар шумораи баъдӣ мутолиа хоҳед кард.

Н. Низомӣ«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ