Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Имтиёздорони нақлиёти ҷамъиятӣ муайян шуданд

№134-135 (4240-4241) 31.10.2020

DSC_0752Бисту ҳаштуми октябри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС:- Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 61 нафар вакил ҳузур доранд. Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии ­Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»

13. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

14. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»

15. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд»

16. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»

17. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

18. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Масъалаи якум «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷиҳати дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ таҳия шудааст.

Тибқи тағйиру иловаҳо, бо дарназардошти рушди босуръати технологияи иттилоотӣ хариду фурӯши молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои электронӣ (бозиҳо, наворҳо, китобҳо, барномаҳои компютерӣ ва ғайраҳо) тавассути шабакаҳои Интернет, дар лоиҳа боби алоҳида ҷиҳати ба андозбандӣ ҷалб намудани хизматрасониҳои мазкур пешбинӣ гардидааст.

Омӯзиши қонунгузории андози шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ дар ин самт нишон дод, ки бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ намудани хизмат­расониҳои электронии шахсони хориҷӣ дар қонунгузории андози Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Беларус ва як қатор кишварҳои Аврупо (Испания, Юнон ва Венгрия) пешбинӣ шудааст. Айни ҳол ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва як қатор давлатҳои мутараққӣ, аз қабили Япония, Франсия ва Ҳиндустон вобаста ба андоз­бандӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, ки фарогири тамоми бахшҳои иқтисодиёт гардидааст, чораҷӯӣ намуда истодаанд.

Дар баробари ин, масъалаҳои алоқаманд ба андозбандии хизмат­расониҳои электронии ширкатҳои хориҷӣ, дар доираи фаъолияти Созмони байналмилалии маъмуриятҳои андози давлатҳои Аврупо (IOTA) ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар қонунгузории андози давлатҳои аъзои ин созмонҳо низ меъёрҳои дахлдори батанзимдароварандаи чунин муносибатҳо дар назар аст.

Бо дарназардошти таҷриба ва иқдомоти зикршуда, ба моддаҳои зерини Кодекси андози амалкунанда муқаррарот ҷиҳати андозбандӣ намудани амалиёти электронии шахсони хориҷӣ ворид карда мешавад.

Тибқи лоиҳа, дар моддаҳои 1931- 1935 (боби 311) ҷиҳати бо андоз аз арзиши иловашуда андоз­бандӣ намудани хизмат­расониҳои электронии шахсони хориҷӣ унсурҳои андозбандӣ (андозсупоранда, агенти андоз, объект, манбаъ, қоидаҳои ҳисоби андоз ва тартиби бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда) ва намуди хизматрасониҳои электронӣ ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, ҳамчун объекти андозбандӣ, даромад аз ҳисоби амалӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Арзиши хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ ба шахсони воқеӣ, бе дарназар­дошти маблағи андоз, ҳамчун манбаи андоз муайян карда мешавад.

Тибқи моддаи 1931 лоиҳаи қонуни мазкур, шахсони хориҷие, ки мустақиман ё тавассути шахсони миёнарав ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд ва маҳали чунин хизмат­расониҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳамчун андозсупоранда эътироф карда мешаванд.

Ҳамчунин, тибқи моддаи 1932 шахсони хориҷӣ уҳдадор мегарданд, ки на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз тариқи реҷаи онлайн ариза пешниҳод намуда, ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд.

Бо мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳои мазкур ширкатҳои хориҷие, ки хизмат­расониҳои электрониро анҷом медиҳанд, имконияти тавассути барномаи иттилоотии «Утоқи шахсии андозсупоранда» яъне, бе ташриф овардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи электронӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба қайд гузоштани фаъолиятро пайдо менамоянд ва аз даромадҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастоварда бо андоз аз арзиши иловашуда таҳти андозбандӣ қарор дода мешаванд.

Вобаста ба ин, барои дақиқ намудани амалиёти андозбандишаванда дар моддаи 1935 мафҳуми хизматрасониҳои электронӣ шарҳ дода шудааст ва 16 ҳолати пешбинигардида аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд.

Ворид намудани тағйироти мазкур барои боз ҳам мукаммал гардидани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар самти андозбандӣ намудани даромади ширкатҳои хориҷӣ аз ҳисоби хизматрасонии электронӣ, ба тадриҷан зиёд гардидани даромадҳо ба буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад намуд.

Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади ташкили идоракунии дурусти воҳидҳои сохтории Кумитаи андоз ва такмили вазифаҳои функсионалии онҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №604 ба сохтори Кумитаи андоз тағйиру иловаҳо ворид ва Нозироти андозсупорандагони калон ба Раёсати андози андозсупорандагони калон иваз карда шудааст.

Дар робита ба ин ва ҷиҳати мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми 4-уми лоиҳаи қонун калимаи «Нозироти» ба калимаи «Раёсати» ва дар қисми 6-уми лоиҳаи қонун иваз намудани калимаҳои «нозироти андози андозсупорандагони калон» ба калимаҳои «раёсати андози андозсупорандагони калон бо нозиротҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе» пешбинӣ карда шудааст.

Бо таваҷҷуҳ ба маълумоти ироагардида аз шумо, муҳтарам вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироти зеринро пешниҳод намудааст:

Дар ном ва матни моддаи 25, матни моддаи 30 калимаҳои «бепул» ва «бепуле» мувофиқан ба калимаҳои «ройгон» ва «ройгоне» иваз карда шаванд.

Дар моддаи 25:

- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ ва автомобилии мусофирбари шаҳрӣ, наздишаҳрӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намоянд. Шахсе, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маъюби гурӯҳи якуманд, ҳамроҳӣ мекунад, чунин ҳуқуқро дорад. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.»;

- қисми панҷум хориҷ карда шавад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зафар Файзуллозода дода мешавад. Марҳамат.

Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 17 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №5 бо дарназардошти дар шаҳри Душанбе дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ҷорӣ кардани низоми электронии пардохти роҳкиро ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздошта таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2020, №324 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ карданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 5 таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеъ кумитаи масъул (16 октябри соли ҷорӣ) бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардидаро баррасӣ намуд. Дар натиҷа, 3 таклиф қобили қабул ва ду таклиф қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйири зеринро пешниҳод намудааст:

Қисми даҳуми моддаи 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Прокурорҳо ва муфаттишон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ ҳуқуқ доранд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ), дар деҳот аз тамоми нақлиёти ҳамсафар, кормандони прокуратураҳои нақлиётӣ бошанд, дар доираи минтақаҳои хизматӣ аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ, ба таври ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлуда Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.

Мавлуда МИРЗОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Тибқи он, қисми даҳуми моддаи 56 — и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ифода карда мешавад, ки дар асоси он «Прокурорҳо ва муфаттишон ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ), кормандони прокуратураҳои нақлиётӣ бошанд, дар доираи минтақаҳои хизматӣ аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ, ба таври ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд». (Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҷуброни хароҷоти шахсони алоҳидаи имтиёздор барои истифода аз нақлиёти мусофирбари истифодаи умум» аз тарафи Вазорати нақлиёт таҳия карда шудааст).

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тамоми расмиётро гузаштааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмилёбӣ, дар маҷмӯъ, 5 таклиф пешниҳод намуданд, ки қобили қабул дониста нашуданд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба қисми сеюми моддаи 1 ва боби 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ аст. Аз ин лиҳоз, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироти зеринро пешниҳод намудааст:

Қисми 1 моддаи 496 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар доираи маҳалли хизматрасонӣ ба таври ройгон истифода намоянд (ба истиснои таксӣ). Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».

Вакилони муҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидов дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Тағйири қисми 1 моддаи 496 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) дар доираи маҳалли адои хизмат ба таври ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ мебошад.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ворид намудани тағйироти зеринро пешниҳод намудааст:

Моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 24. Ҳуқуқи аз воситаи нақлиёт ройгон истифода кардани вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакил дар ҳудуди Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шаҳодатнома аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Муҳаммад Шодиён дода мешавад. Марҳамат.

Муҳаммад ШОДИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 17 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №5 бо дар назар доштани дар шаҳри Душанбе дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ҷорӣ кардани низоми электронии пардохти роҳкиро ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздошта таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2020, №334 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ карданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 3 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 1 таклиф пазируфта, 2 таклиф рад карда шуд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул (16 октябри соли ҷорӣ) бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ ва лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба бобҳои 6-7 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйири зеринро пешниҳод намудааст:

Сархати шашуми қисми 2 моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- бо пешниҳоди шаҳодатнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ). Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шариф Ҳакимзода дода мешавад. Марҳамат.

Шариф ҲАКИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, меҳмонони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 17 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №5 бо дарназардошти дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе ҷорӣ кардани низоми электронии пардохти роҳкиро ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздошта таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни номбурда бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 12 октябри соли 2020, №339 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худ­идоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Сохторҳои зикршуда онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лоиҳа асосан ҷонибдорӣ ёфта, ҷиҳати такмили он 2 таклиф пешниҳод гардид, ки пазируфта шуданд. Дар доираи такмили лоиҳа бо дарназардошти дар банди 6-и моддаи 33 қонуни амалкунанда пешбинӣ шудани матлаби мазкур ҷумлаи дуюми сархати пешниҳодгардида хориҷ шуд.

Лоиҳа дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ 16 октябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо дарназардошти андешаҳои баёнгардида такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 1 ва боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд) ва моддаҳои 40-57-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ аст. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» оғоз менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйири зеринро пешниҳод намудааст:

Қисми якуми моддаи 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ), инчунин воситаҳои нақлиёти ҳамсафар дар деҳот ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».

Хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Хайриддин Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Хайриддин УСМОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод ва ҷиҳати ҷорӣ кардани низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизмат­расонӣ ба шахсони имтиёздошта таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Инчунин, 4 таклиф пешниҳод гардид, ки ба назар гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаҳои 1 ва 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем.

Аз рӯи он сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйири зерин пешниҳод намудааст:

Қисми 4 моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд». Хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ­Рустам Шоҳмурод дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ШОҲМУРОД: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва ҷиҳати ҷорӣ кардани низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизмат­расонӣ ба шахсони имтиёздошта таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Инчунин, 2 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба назар гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаҳои 1 ва 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мухолифат надорад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба барррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироти зеринро пешниҳод намудааст:

Қисми 6 моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«6. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқ доранд, ки бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии хатсайрҳои шаҳрӣ, байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ), дар деҳот аз тамоми намуди воситаҳои нақлиёти ҳамсафар ба таври ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд». Хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Саодатшо Мат­робиён дода мешавад. Марҳамат.

Саодатшо МАТРОБИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва ҷиҳати ҷорӣ кардани низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизмат­расонӣ ба шахсони имтиёздошта таҳия гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Инчунин, 4 таклиф пешниҳод гардид, ки ба назар гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаҳои 1 ва 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» оғоз менамоем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироти зеринро пешниҳод намудааст:

Банди 25 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«25) Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намоянд. Кормандони ҷузъу томҳои милитсияи нақлиёт бо мақсадҳои хизматӣ дар қатораҳо ва ҳавопаймоҳо дар доираи минтақаҳои хизматрасониашон ҳуқуқи истифодаи ройгонро доранд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд». Хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Хайриддин Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Хайриддин УСМОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи милитсия» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо дарназардошти ҷорӣ кардани низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизмат­расонӣ ба шахсони имтиёздошта таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Инчунин, 4 таклиф пешниҳод гардид, ки ба назар гирифта шудаанд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаҳои 1 ва 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мухолифат надорад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» шурӯъ мекунем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ворид намудани тағйиру иловаи зеринро пешниҳод намудааст:

Қисми 9 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«9. Маблағгузории хароҷоти нақлиётӣ оид ба ҳамлу нақли хизматчиёни ҳарбӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ), инчунин имтиёзҳои хизматрасонии почтавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбии дар қисми 7 моддаи мазкур муқарраршуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад». Хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гаштааст.

Якчанд ҳолатҳое ҳастанд, ки баённамоии онҳо мазмуни лоиҳаи пешниҳодгаштаро пурра менамоянд ва он аз нигоҳи ҳуқуқӣ возеҳу равшан мегардад. Чунончӣ, лоиҳа асосан ба ворид намудани ­тағйир ба қисми 9 моддаи 18 қонуни амалкунанда рабт дошта, дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ҷорӣ кардани низоми электронии пардохти роҳкиро ва бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздошта, ки минтақаҳои онҳо маълум шудааст, мақсади асосӣ аст.

Барои амалӣ намудани ин талабот тартиби дахлдор зарур аст.

Дар ҳамин тартиб тарзу усули ба анҷом расонидани пардохти ­маблағ аз ҷониби вазорату идораҳо, кумитаҳое, ки дар он ҷо хизматчиёни ҳарбӣ адои хизмат менамоянд, муқаррар карда мешавад.

Ҳамчунин, дар ҳамин раванд тартиби пардохти маблағ аз ҷониби ин мақомот ба василаи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ муқаррар ва хизматрасонии почтавӣ низ дар бар гирифта мешавад.

Бояд қайд намуд, ки ҳар сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» қабул карда мешавад, ки дар асоси он ба хизматчиёни ҳарбӣ чунин имтиёзҳо пешбинӣ мешавад.

Лоиҳаи қонуни баррасишавандаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи он ҷонибдорӣ намуда, барои такмил 3 таклиф пешниҳод намуданд, ки ба назар гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 43, 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои моддаҳои 1,2 ва 18 қонуни амалкунанда, моддаи 5 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Кодекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъю­бон», оғоз менамоем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироти зеринро пешниҳод намудааст:

Моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 30. Имтиёзҳои маъюбон барои истифода аз нақлиёт

1. Маъюбон бо пешниҳоди шаҳодатнома ҳуқуқ доранд дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ба таври ройгон ва дар нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба таври имтиёзнок сафар намоянд.

2. Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли маъюбон дар шаҳр, наздишаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пардохт мешавад.

3. Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт мешавад.

4. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд».

Хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дода мешавад. Марҳамат.

Сумангул ТАҒОЙЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, моддаи 30 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода шудааст, ки он танзимкунандаи имтиёзҳои маъюбон барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ба таври ройгон ва аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба таври имтиёзнок мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, ҷиҳати такмили он 11 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 5 таклиф қабул шуд.

Кумитаи масъул бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 1, 10 ва 39) ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» шурӯъ мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйири зеринро пешниҳод намудааст:

Қисми 3 моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Кӯдакони ятим ва бепарастори таҳти таъминоти пурраи давлат қарордошта ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди ҳуҷҷати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ), инчунин нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ройгон истифода баранд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд».

Хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Солеҳа Холмаҳмадзода дода мешавад. Марҳамат.

Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии он додани имтиёз ба кӯдакони ятим ва бепарастори таҳти таъминоти пурраи давлат қарордошта ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин роҳи оҳан ва ҳавоӣ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ якҷо бо кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмили он пешниҳод манзур намуданд, ки дар ин замина лоиҳа мукаммал гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи қисми 3 моддаи 1, моддаҳои 10, 34 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳои зеринро пешниҳод намудааст:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар зербанди 10) моддаи 25, зербанди 6) моддаи 26, зербанди 6) моддаи 28, зербанди 10) моддаи 29, зербанди 5) моддаи 30, зербанди 4) моддаи 31, зербанди 7) моддаи 33, зербанди 6) моддаи 37, зербанди 3) моддаи 38, сархати якуми зербанди б) моддаи 40, зербанди 13) моддаи 43 калимаҳои «(ба ғайр аз таксӣ)» ба калимаҳои «бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ)» иваз карда шаванд.

2. Ба моддаи 45 қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли ветеранҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди шаҳр, наздишаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад.

Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.

Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд».

Хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздошта ҷиҳати истифодаи нақлиёти мусофирбари умум, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Тибқи тағйироти пешниҳодгардида манзур мукаммалгардонии 20 моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» бо роҳи илова ва дар таҳрири нав ифода намудани зербанд ва қисмҳои махсус аст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 12 октябри соли 2020 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни зикргардидаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намудаанд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмили он 17 таклиф пешниҳод кардаанд, ки аз онҳо 5 — тоаш қабул шуд.

22 октябр дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Вазорати нақлиёт ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таклифу пешниҳодҳо баррасӣ гардида, лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал шуд.

Он ба талаботи қисми 3 моддаи 1, моддаҳои 10, 37, 38, 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» шурӯъ мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироти зеринро пешниҳод намудааст:

Сархати шашуми моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- бо пешниҳоди шаҳодатнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ), рафтуо кардан барои табобат бо нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ барои шахсони дар бандҳои «а», «б» ва «в» моддаи 4 қонуни мазкур пешбинишуда дар ҳаҷми 50 фоиз, барои шахсони дар банди «г» моддаи 4 қонуни мазкур пешбинишуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;».

Хоҳиш менамоям пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор АШӮРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» бо мақсади муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизмат­расонӣ ба шахсони имтиёздошта дар робита ба истифодаи нақлиё­ти ҷамъиятӣ, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикршударо мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. ҳамчунин, ҷиҳати такмили он 13 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 4 таклиф қабул, 1 таклиф қисман қабул шуд.

Кумита бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо  Мансурӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуда, дар ин замина лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба овоз монда  шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби ягона ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироту иловаи зеринро пешниҳод намудааст:

1. Сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи  7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- бо пешниҳоди шаҳодатномаи волонтёрӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд;».

2. Ба моддаи 10 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;».

Хоҳиш менамоям, ки пешниҳоди мазкурро  ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.

Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз ҚУРБОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизмат­расонӣ ба шахсони имтиёздошта тағйироту илова ба моддаҳои 7 ва 10 ворид мегардад, ки тибқи он, волонтёрон, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода менамоянд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2020 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил 7 таклиф манзур намуданд.

Кумитаи масъул 16 октябри соли 2020 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор намуда, лоиҳаи қонуни мазкурро бо дарназардош­ти таклифу пешниҳодҳо дастгирӣ намуданд. Он ба моддаҳои 1 ва 73-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ва ба моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт», ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мусофиронро муайян мекунад, мутобиқ мебошад.Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар Ашӯриён: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мушаххас ва пурра намудани ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дар иртибот ба принсипи инсондӯстӣ сабук намудани ҷазои маъмурӣ таҳия шуд.

Дар асоси лоиҳа ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба моддаи 295 ва илова намудани  моддаи  нави 2951 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Тибқи он дар ном ва моддаи 295, ки барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёт сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак ва бор ҷавобгариро муқаррар менамояд, пас аз калимаҳои «кӯдак» ва «калон»  калимаҳои «бағоҷ» илова гардида, аз санксияи модда калимаҳои «нақлиёти мусофиркаши коммуналии шаҳрӣ ва» хориҷ карда шуд.

Дар ин замина ҳуқуқвайронкунӣ барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии коммуналии шаҳрӣ сафар намудан пурра карда шуда, бо моддаи нави 2951 иловашаванда пешбинӣ гардид.

Мутобиқи моддаи 2951, барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин истифодаи корти имтиёзноки шахси дигар ҷарима ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар иртибот бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2019» 14 сомонию 50 дирамро ташкил менамояд, таъин карда мешавад.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед АҲМАДЗОДА:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар баён гардид, ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва беҳтар намудани фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ таҳия шудааст.

Бо мақсади пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, риояи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, инчунин дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида амалӣ намудани фаъолият дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо корҳои назоратӣ ба роҳ монда шуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта чора андешида мешавад.

Санҷишҳои дар соли сипаригашта дар бинову иншооти сохташавандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронидашуда нишон доданд, ки дар 198 бинову иншоот аз ҷониби баъзе аз субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда нашуда, 19 иншоот бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо (дар нуҳ моҳи соли 2020 – 15 иншоот), 13 иншоот бе лоиҳаи корӣ (дар нуҳ моҳи соли 2020 – 12 иншоот), 67 иншоот бе хулосаи мусбати экпертизаи давлатӣ (дар нуҳ моҳи соли 2020 – 43 иншоот) ва 99 иншоот бе иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ бунёд шуда истодаанд.

Гарчанде сохтмони иншооти бе лоиҳаи корӣ ва  бе дастрасии хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ сохташудаистода манъ, нисбат ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ чораҷӯӣ шуда бошад ҳам, аммо корҳои сохтмонӣ идома дода мешаванд.

Мутобиқи моддаи 409 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар гардидааст, ки андозаҳои зикршуда барои амалӣ намудани сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва ё худдорӣ кардан аз он таъсирбахш набуда, фармоишгарон ва ё пудратчиён бе ягон душворӣ онро пардохт намуда, фаъолиятро идома дода истодаанд.

Ҷиҳати андешидани чораҳои қатъӣ дар ин самт зарурати ба боби 24 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба миён омадааст.

Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба 16 моддаи боби 24 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти меъморӣ ва сохтмонӣ андозаи ҷаримаҳои маъмурӣ зиёд карда мешаванд.

Мақсад аз зиёд намудани андозаи ҷаримаҳои маъмурӣ пешгирӣ кардани сохтмонҳои ғайриқонунӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии шаҳрсозӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Сухан ба узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Усмонзода Саид­ҷаъфар Усмон дода мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода: — Чанд соли охир дар шаҳри Душанбе босуръат хонаҳои баландошёна қомат афрохта истодаанд. Аммо иморатҳо хеле бо ҳам наздиканд. Оё хонаҳои баландошёнаи навсохт ба нақшаи генералӣ мувофиқанд, бо лифт таъминанд ва то чӣ андоза ба заминҷунбӣ тобоваранд?

Ҷамшед АҲМАДЗОДА: — Тамоми иморатҳои навбунёд тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сохта шудааст. Ҳар як иморат пеш аз мавриди истифода қарор гирифтан аз экспертизаи давлатӣ мегузарад. Ягон хонаи баланд­ошёна бе лифт нест. Мувофиқи нақша ҳар як иморати баландошёна бояд дорои се лифт ва бо гармию рӯшноӣ таъмин бошад.

Аз сабаби камии замин минбаъд ба сохтмони биноҳои баланд­ошёна бартарӣ дода мешавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан Раҷабзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз санксияи моддаи 295 калимаҳои «нақлиёти мусофиркаши коммуналии шаҳрӣ» хориҷ карда, минбаъд ин масъала бо моддаи нав — 2951, ки«Бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин, истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар» ном дорад, танзим карда мешавад. Моддаи мазкур дар оянда барои беҳтар кардани хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон ва боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин, ташаккули механизмҳои нави ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар рушди соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия шудааст.

Санҷишҳои соли 2019 дар бинову иншооти сохташавандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида нишон доданд, ки 198 бинову иншоот аз ҷониби баъзе аз субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ бе риояи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 19 иншоот бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, 13 иншоот бе лоиҳаи корӣ, 67 иншоот бе хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ ва 99 иншоот бе иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ сохта шуда истодаанд. Гарчанде сохтмони ин бинову иншоот боздошта, нисбат ба шахсони масъул мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чораҷӯӣ карда шуда бошад ҳам, аз ҷониби масъулини ҳамин гуна сохтмонҳо камбудиҳои ҷойдошта бартараф накарда, корҳои сохтмонӣ идома дода мешаванд, ки метавонанд ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, беосеб нигоҳ доштани молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳдид кунанд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки ба як қонун дахл доранд, бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид намуда, ҳамчун лоиҳаи ягона барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуд.

Қайд кардан зарур аст, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ хубтар ва сохтмони ғайриқонунӣ пешгирӣ карда, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии шаҳрсозӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаи 36 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1 ва 2 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 2 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва муқаррароти Кодекси амалкунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АШӮРИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади сода намудани раванди татбиқи ҷавобгарии маъмурӣ дар соҳаи нақлиёти коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таҳия карда шуд. Дар асоси он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 87 ва 111 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба моддаи 87 пешниҳодшуда, ҳангоми содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки дар моддаи 2951 Кодекси ҳуқуқвайронкуиии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки намунааш аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муқарраргардида ба расмият дароварда мешавад ва дар сурати ситонидани ҷарима дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, пардохтномаи намунаи муқарраргардида дода мешавад.

Ҳамчунин, ба моддаи 111 илова ворид карда шудааст, ки дар асоси он минбаъд мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар доираи салоҳият парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки дар моддаи 2951 пешбинӣ шудааст, баррасӣ менамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонов дода мешавад.

Мансур УСМОНОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқгардонии он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст. Тибқи лоиҳа, дар асоси қисми 4 ба моддаи 87 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловашаванда, яъне, ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар моддаи 2951 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки намунааш аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муқарраргардида ба расмият дароварда мешавад ва дар сурати ситонидани ҷарима дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, пардохтномаи намунаи муқарраргардида дода мешавад. Ҳамчунин, ба қисми 1 моддаи 111 кодекси амалкунанда, ки ба мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тааллуқ дорад, моддаи 2951 илова карда мешавад, яъне, минбаъд мақомоти мазкур дар доираи салоҳият ин масъаларо баррасӣ менамоянд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2020 таҳти №348 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон он ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмил, 5 таклифу пешниҳод манзур шуд, ки пурра ва қисман қабул шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 1 — 2, қисми 2 моддаи 10, қисми 3 моддаи 14, моддаи 17 Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ