Интихобкунандагон аз кори парлумон ибрози ризоият намуданд

№126 (3427) 21.09.2015

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Сомонӣ № 8, ноҳияи Рӯдакӣ Хайрулло Суфиев давоми ду ҳафта мешавад, ки бо интихобкунандагон  вохӯриҳо доир намуда истодааст. Дар вохӯриҳое, ки дар деҳоти «Сарикиштӣ» ва «Чимтеппа»-и ноҳия баргузор гардид, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор ва Хайрулло Суфиев иштирок доштанд.

Дар ин мулоқот Хайрулло Суфиев  ва Холиқзода Абдураҳим Ғафор нахуст ба интихобкунандагон дар бораи фаъолияти зиёда аз семоҳаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, қарору қонунҳои қабулшуда, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар маълумот доданд.

Ҳамзамон оид ба вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)  маълумот дода, зикр карданд,  ки дар Тоҷикистон баргузор шудани чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз обрӯ ва эътибори баланди мамлакати мо дар миқёси ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Тавре  мушоҳида мекунем, имрӯз  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи  ҷомеаи ҷаҳонӣ иштирокчии фаъоли рӯйдодҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ соҳиби мавқеи хос ва сазовор гардидааст. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳама дастовардҳоро самараи сиёсати фаъолу муваффақонаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд.

Вакилон ҳамчунин дар бораи баргузории муҳокимаҳои парламентӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сухан ронда, иброз доштанд, ки муҳокимаҳои парламентӣ ҳамчун институти ҳуқуқии парламентаризм дар мамлакати мо дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад.

Тавре  таҷрибаи баргузории муҳокимаҳои парламентӣ нишон дод, гуфтугузори миёни мақоми қабулкунандаи қонуни Буҷети давлатӣ ва тарафи иҷрокунандаи он воситаи мувофиқ ва самаранок барои ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти ҷойдошта мебошад.

Вобаста ба арзу муроҷиатҳои интихобкунандагон ҳангоми вохӯрӣ тазаккур дода шуд, ки ҳамаи онҳо сари вақт ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фиристода мешаванд  ва  ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Интихобкунандагон зимни суханрониҳои худ аз натиҷаҳои кори парлумон ибрози ризоият намуданд. Умуман, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ қариб дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳо ва чораҳои зарурӣ  андешида шуда истодаанд, ки ин боиси рушди бемайлон ва назарраси хоҷагии халқ, таҳкими эҳсоси худшиносию ватандӯстии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон, мегардад.

Раҳмоналӣ  ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»