Шашуми августи соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки аз тариқи системаи электронии ҳисоби овозҳо аз қайд гузаред.
Дар толор 29 аъзои Маҷлиси миллӣ ва 60 вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.
Дар кори Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шудаанд, иштирок доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 4-и Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки тартиби кори Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро баррасӣ ва тасдиқ намоем.
Лоиҳаи қарори якҷоя оид ба масъалаи зикршуда манзури шумо гардидааст. Нисбат ба он пешниҳоду таклифҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.
Бо дарназардошти таклифи баёнгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кори Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам.
Қарор қабул гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи қисми 1-и моддаи 9-и Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.
Лоиҳаи қарори якҷоя оид ба ин масъала ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба шумора, ҳайат ва лоиҳаи қарор таклифҳо бошанд, марҳамат баён намоед.
Бо дарназардошти таклифҳои баёнгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам.
Қарор қабул гардид.
Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Инчунин, лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.
Ба лоиҳаи рӯзнома масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Чӣ гуна таклифҳо доред?
Пешниҳод шуд, ки ба овоз монда шавад. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи қисми 4-и моддаи 6-и Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем.
Сухан доир ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Амонзода Илҳом дода мешавад. Марҳамат.
АМОНЗОДА Илҳом: — Муҳтарам Раёсат! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ!
Бо дарназардошти он ки дар Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, ба баррасии шумо ҷараёни инъикоси кори ҷаласа бо тартиби зайл пешниҳод мегардад:
1. Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум тавассути телевизиони «Тоҷикистон», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври фишурда ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шавад.
2. Маводи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар рӯзномаи «Садои мардум» дар ҳаҷми пурра нашр карда шавад.
3. Маводи Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нашр карда шавад.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Лоиҳаи Қарори якҷоя «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ба шумо пешниҳод гардидааст.
Марҳамат, нисбат ба он таклифу пешниҳод иброз намоед.
Бо дарназардошти таклифи баёнгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоям, ки мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба баррасии масъалаи якуми рӯзнома – лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Олимзода Насим Хоҷа» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Олимзода Насим Хоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 майи соли 2020, № 1528».
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба масъалаи баррасишаванда лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Доир ба он чӣ гуна таклиф доред?
Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Олимзода Насим Хоҷа»-ро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам, ки мавқеи худро муайян созед.
Қарор қабул гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба баррасии лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:
«Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 майи соли 2020, № 1529».
РАИСИКУНАНДА: — Ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло савол доред? Нест?
Оид ба масъалаи баррасишаванда лоиҳаи қарори якҷоя манзури шумо гардидааст. Нисбат ба он пешниҳоде доред?
Тибқи таклифи пешниҳодшуда, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло»-ро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам, ки мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул гардид.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо истифода аз фурсат вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдуллоро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи барои соҳаи тандурустии мамлакат ниҳоят ҳассос ба ин вазифаи пурмасъулият таъин намудаанд, самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти пурифтихору масъулиятнок баҳри хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон комёбиҳои беназир таманно менамоям!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба баррасии масъалаи дуюми рӯзнома – Оид ба таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамоем.
Тавре ба ҳама маълум аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир мерасад.
Тибқи талаботи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 6-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
Интихобот ифодаи иродаи олӣ ва бевоситаи ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, халқи Тоҷикистон дар он мавқеи худро вобаста ба масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ баён менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки мардуми шарифи кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар интихоботҳои президентӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолона ширкат карда, ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободии кишвар ва таъмини зиндагии шоиста ба ҷонибдории номзади арзанда овоз додаанд.
Мувофиқи талаботи Қонуни конститутсионии зикргардида интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи то ба охир расидани муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Эҳтиромона хоҳишмандам дар баррасии масъалаи мазкур фаъолона иштирок намоед.
Марҳамат, кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?
Сухан ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ дода мешавад, марҳамат.
Ватанзода Маҳмадалӣ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ!
Масъалае, ки дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешбинӣ шудааст, яъне, таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ниҳоят муҳим, тақдирсоз ва ҳалкунанда ба шумор меравад. Аз сатҳи баргузорӣ ва натиҷаи интихобот таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушду тараққии минбаъдаи кишвари соҳибистиқлоли мо, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, идомаи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ вобастагии калон доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Боиси ифтихор аст, ки баррасии масъалаи мазкур, яъне таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон вогузор гардидааст.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Яке аз нишонаҳои муҳими давлати демократӣ ин иштироки халқ-баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар идоракунии давлат мебошад, ки тавассути иштироки шаҳрвандон дар интихобот амалӣ карда мешавад, зеро ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот мебошад.
Дар таърихи Тоҷикистони сохибистиқлол борҳо интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор ва он ба як омили муттаҳидкунандаи миллат ва ваҳдату ягонагӣ мубаддал гардидааст.
Мо дар пешорӯи интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бинобар сабаби наздик омадани ба охир расидани муҳлати ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст, ки интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намоем.
Шакли идоракунии президентиро дар мамлакат халқи Тоҷикистон зимни қабули Конститутсияи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 интихоб намуда буд. Таърих собит сохт, ки мардум дар интихоби шакли идоракунии давлат хато накарда буданд.
Рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастоварду комёбиҳои мамлакат бо ниҳоди президентӣ сахт алоқаманд аст. Маҳз идораи президентӣ шароит фароҳам овард, ки оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, Тоҷикистон аз парокандагӣ раҳо карда шавад, давлатдории тоҷикон рушд ёбад, иқтидори мудофиавии мамлакат ва сулҳу ваҳдати миллӣ мустаҳкам, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар таъмин гардад.
Дар вазнинтарин давраҳои рушди давлатдорӣ, шакли идораи президентӣ нишон дод, ки метавонад мушкилиҳоро бартараф намуда, давлатро аз буҳронҳои сиёсию иқтисодӣ берун кунад.
Таърихи идораи президентӣ дар мамлакат бо фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, робитаи бевосита дорад. Маҳз ин шахсияти таърихӣ барои таъсиси идораи президентӣ саҳмгузор буда, ҳамчун Президент барои мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо иродаи қавию устувор, кордонӣ ва ҷасорати бемисл хизматҳои содиқона кардааст.
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат), ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро муайян намуда, Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ менамояд ва аз номи Тоҷикистон ҳуқуқи баромад карданро дорад.
Аз ҳамин хотир, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии одӣ набуда, дар ҳаёти ҷомеа нақш ва таъсири муҳим дорад. Дар ин маърака на танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад, балки роҳҳои рушди давлат ва ҷомеа дар ҳафт соли оянда низ пешбинӣ карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 6 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи онҳо на дертар аз ду моҳи ба охир расидани муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Тавре ки ба ҳама маълум аст, интихоботҳои пешинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шашуми ноябр гузаронида мешуданд. Вале, бо дарназардошти баъзе аз омилҳои муҳим дар моҳи октябр таъин намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи мақсад мебошад. Аз ҷумла:
- Пеш аз ҳама, интихобот маъракаи сиёсиест, ки дар он халқ бояд тамоми имкониятҳоро барои дар интихобот иштирок намудан дошта бошад, шахсияти номзадҳо ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳоро ҳаматрафа омӯзад, иродаи сиёсии худро вобаста ба номзадҳои пешниҳодгардида ташаккул диҳад, номзади арзандатаринро интихоб намояд. Барои ин, дар барообари ташкили дурусти интихобот, шароитҳои мувофиқ, аз ҷумла боду ҳавои мусоид зарур аст. Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки моҳҳои сентябр ва аввали октябр дар муқоиса бо моҳи ноябр нисбатан гарму бебориш мебошад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон рафтуомад ба ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ аз сабаби боришоти зиёд ва баъзан баста шудани роҳҳо мушкил мегардад. Дар моҳи октябр таъин намудани интихобот барои озодона гузаронидани чорабиниҳои пешазинтихоботӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба раванди интихобот таъсири мусбат мерасонад.
- Дигар, имсол мардуми сайёраро паҳншавии бемори сироятии COVID-19 ба ташвиш овардааст. Бахусус мавҷи дуюми ин беморӣ дар бисёр давлатҳои дунё, аз ҷумла, дар баъзе давлатҳои минтақа ба назар расида, хатари паҳншавии он вуҷуд дорад. Ба ақидаи мутахассисон суръати паҳншавии ин беморӣ дар мавсими гармтар суст ва дар мавсими нисбатан хунук бештар мегардад. Ҳарчанд вазъи кунунии эпидемияи COVID-19 дар ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дорад, мувофиқи мақсад аст, ки интихобот дар мавсими гармтар гузаронида шавад. Ин имконият медиҳад, ки чорабиниҳои пешазинтихоботӣ бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ баргузор гарданд ва хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ пешгирӣ карда шавад.
- Қобил ба зикр аст, ки дар аввали моҳи октябр баргузор намудани интихоботи Президент барои риояи муҳлатҳое, ки Конститутсия ва қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ягон монеа эҷод намекунад. Чорабиниҳое, ки дар раванди интихобот бояд гузаронида шавад, имкон доранд, дар вақту давраҳои муайяншуда баргузор карда шаванд.
- Қонунгузории амалкунанда дар санаи мушаххас баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ накардааст ва барои дар дигар вақт баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маҳдудият мавҷуд нест.
Вобаста ба гуфтаҳои боло пешниҳод менамоям, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе — 11 октябри соли 2020 таъин карда шавад.
Қобили зикр аст, ки сатҳи ташкилию сиёсии гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ аз тайёрии интихобкунандагон вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар як субъекти раванди интихобот вазифадор аст, ки барои дар доираи қонунгузории амалкунанда ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани интихобот мусоидат намоянд.
Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин маъракаи бисёр ҳам муҳиму сиёсиро дар сатҳи баланди ташкилӣ мегузаронанд ва он ҷомеаи моро боз ҳам муттаҳиду ягона мегардонад, халқи Тоҷикистон номзади арзандатаринро интихоб намуда, дар роҳи созандагию ободкорӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузоранд.
Дар охир аз шумо — аъзои муҳтарами Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки таклифҳои пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИСИКУНАНДА: - Сухани навбатӣ ба муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой дода мешавад, марҳамат.
АҲМАДЗОДА Раҷаббой: — Муҳтарам Раёсати Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Боиси ифтихори бузург ва ҳамчунин, масъулияти баланди шаҳрвандии мову шумо — аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мебошад, ки мо имрӯз дар асоси талаботи моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи ҳар ду палатаи парламент рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян ва таъин менамоем.
Дар Конститутсия дарҷ гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи он президентӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳам сарвари давлат ва ҳам сарвари ҳокимияти иҷроия аст.
Аз ҷониби дигар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳои мамлакат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорӣ ва бардавомии давлат, муратаббии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва робитаҳои байниҳамдигарии онҳост.
Яъне маснади президентӣ он қадар масъулияти бузург ва бори гарони ҷавобгариро бар дӯши як нафар шаҳрванди, воқеан, содиқу арзандаи кишвар вогузор менамояд, ки ҳатто тасаввур кардани он, ки барои амалигардонии ҳамаи ин вазифаҳои муқаддасу муҳим, ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини ҳуқуқ, озодию шарафи шаҳрванд ва ҳифзи сарзамину истиқлолият чӣ қадар заҳмату матонат, нерую хирад ва сабру таҳаммулро тақозо менамояд, ниҳоят кори душвор аст.
Ҳозирини муҳтарам!
Чун дар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маъракаи интихоботӣ дар кишвари азизамон — Тоҷикистон низ бо риояи пурра ва бечунучарои принсипҳои демократӣ ва меъёрҳои қонунгузории дахлдор, ки аз Конститутсия маншаъ мегирад, доир карда мешавад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар баробари таъини рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда, бахусус Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври шаффофу воқеъбинона ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир гардидани он низ саъю кӯшиш намоем. Зеро, интихобот раванди иштироки озоду баробари шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии давлат ба ҳисоб рафта, ҳар як интихобкунанда ҳуқуқи ихтиёран дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ ширкат варзиданро дорад.
Дар баробари ин, ҳамчун намояндаи мақомоти иҷроия ва намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мехоҳам қайд намоям, ки тибқи қонунгузорӣ мақомоти давлатӣ, ки дар ҷараёни ташкил ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, фаъолияти худро бояд ошкоро ва фаъолона амалӣ намоянд.
Роҳбарият ва хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро мебояд бо истифода аз малака ва таҷрибаи андӯхтаи худ зимни корҳои омодагӣ ва гузаронидани интихобот ба комиссияҳои интихоботӣ ҳамаҷониба мусоидат карда, барои иштироки фаъолонаи ҳар як интихобкунандаи солимфикру ватандӯст баҳри интихоби роҳи ба даст овардани ояндаи неку дурахшони давлату миллат шароити зарурӣ муҳайё созанд.
Дар навбати худ, мехоҳам зикр созам, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани он тамоми шароит ва имконият мавҷуд мебошанд.
Мо кӯшиш менамоем, ки дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҷиҳати дар сатҳи ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонии овоздиҳӣ ташкил кардани кору фаъолияти комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот, гузаронидани тадбирҳои вобаста ба барӯйхатгирӣ ва хабардоркунии интихобкунандагон, пешбурди тарғибу ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ва дигар масъалаҳои марбута корҳои заруриро анҷом диҳем.
Боварӣ дорам, ки тавассути ҳамфикрию ҳамбастагӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми кишвар интихоботи дарпешистодаро ба як маъракаи баландмазмуну муташаккилонаи мардумӣ табдил дода, ба ҷаҳониён фарҳангу маданияти волои худро дар пешбурди сиёсати сулҳхоҳонаю ваҳдатсарои сокинони кишвар бори дигар намоиш медиҳем.
Бо таваҷҷуҳ ба андешаҳои мазкур, пешниҳоди муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадалӣ Ватанзодаро оид ба санаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ҷонибдорӣ карда, аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.
РАИСИКУНАНДА: - Ҳоло сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Музаффарҷон Ҷусупович дода мешавад, марҳамат.
Музаффарҷон МАҲМУДОВ: - Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ ва муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Муҳтарам ҳозирин!
Боиси сарфарозии ман мебошад, ки аз минбари баланди парлумони кишвар доир ба ин масъалаи муҳими сиёсӣ баромад мекунам.
Ҳамаи он фикру андешаро, ки ин ҷо баромадкунандагони пешин нисбати гузаронидани интихобот гуфта гузаштанд, пурра ҷонибдорӣ мекунам.
Мо — вакилон зимни баромадҳои худ, пеш аз ҳама, бояд фикри интихобкунандагонро дошта бошем.
Ман мехоҳам қайд намоям, ки интихоботи Президенти мамлакат барои ҳар як сокини кишвар, дар навбати аввал барои сокинони маҳалҳои дурдасту кӯҳистон, рӯйдоди муҳиме мебошад, ки фаъолнокии сиёсии мардумро нишон медиҳад.
Бахусус дар моҳи октябр гузаронидани интихобот барои мардуми ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат боиси хурсандист, зеро моҳи ноябр дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ боришоти барфу сардиҳо оғоз мегарданд ва гузаронидани маъракаҳои пешазинтихоботӣ мушкилтар мегашт.
Мо шоҳиди бисёр дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти халқи Тоҷикистон, дар пешрафту тараққиёти гӯшаю канори он ҳастем. Хусусан, дар ҳафт соли охир бисёр ободкориҳо амалӣ шуда, симои аксарият шаҳру ноҳияҳои мамлакат дигар шуданд.
Орзуи чандинсолаи мардуми Тоҷикистон. Неругоҳи барқи обии «Роғун» буд, ки ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, ба кор даромад.
Ҳоло дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳе намондааст, ки тахту ҳамвор набошад. Аз ҷумла, мардуми водии Рашт аз роҳи навбунёд то сарҳади Қирғизистони ҳамсоя, ки бешубҳа, ба сатҳи зиндагӣ ва ҳолати иҷтимоию иқтисодии аҳолии ин минтақа таъсири мусбат расонд.
Мо боварӣ дорем, ки дар давраи нави рушди мамлакат ин корҳои бузург идома ёфта, шароити меҳнату зиндагию истироҳати ҳар як шаҳрванд аз пештара дида, боз беҳтар мешавад.
Ҳамаи ин дастовардҳо дар натиҷаи тинҷию амонии кишвар, меҳнати шабонарӯзии мардуми сарбаланди он ба даст омадаанд.
Шубҳае нест, ки мардуми мо ба қадри ин неъматҳои бебаҳо мерасанд ва барои боз ҳам рушд намудани сарзамин кӯшиш мекунанд.
Бинобар ин, дар назди ҳамаи мо — намояндагони халқи шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи масъулиятнок истодааст, ки бояд ин интихоботро тавре ташкил ва гузаронем, ки намунавӣ бошад ва барои ояндаи неки Тоҷикистони азиз ва халқу миллатҳои сершумор, ки дар он зиндагонӣ мекунанд, хизмат намояд.
Бо истифода аз ин имконияти хуб, пешниҳоди муовини якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзодаро оид ба таъини рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамоям, зеро 11 октябр гузаронидани интихобот барои мардуми ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат аз лиҳози боду ҳаво хело мувофиқ аст.
Хоҳишмандам барои дастгирии пешниҳоди мазкур овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунзода Шодигул дода мешавад, марҳамат.
ҚОНУНЗОДА Шодигул: — Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозирини гиромӣ!
Соли 2020 дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани роҳу василаи рушду такомули он дар марҳилаи минбаъда нақши бениҳоят муҳиму арзишманд дорад. Зеро ҳамагон дар арафаи баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Итминони комил дорам, ки ин рӯйдоди муҳим барои боз ҳам ободу зебо ва дар давоми солҳои наздик ба яке аз давлатҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтани кишвари азизу маҳбубамон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ҳоло бо амалӣ кардани салоҳияти конститутсионии худ мо — аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон карда, ҳамчунин, давраи ҳассосу пурмасъулияти омодагиро ба ин маъракаи дарпешистодаи сиёсӣ расман ҳусни оғоз мебахшем.
Яъне, дар баробари ҳалли вазифаҳои ҳамарӯзаи худ, мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки сар то сари мамлакат дар ҳар як ҳавза ва участкаи интихоботӣ, ки барои баргузории интихоботи президентӣ таъсис дода мешаванд, тамоми талабот ва принсипҳои интихобот пурра ва бечунучаро риоя гардида, он дар чаҳорчӯбаи арзишҳои волои демократӣ, озод ва шаффоф баргузор гардад.
Бояд қайд намоям, ки ҳоло барои расидан ба ин ҳадаф шароиту имконият ва заминаҳои зарурии ҳуқуқиро доро мебошем. Зеро дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир як қатор барномаҳои муҳиму мақсаднок амалӣ карда шуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии сокинон мусоидат намуданд.
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар моҳи феврали соли 2020 бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон дигар фирефтаи найрангу гапҳои беасоси дасисабозону сафсатаи бадхоҳони миллат нагардида, балки тавассути ширкати бевоситаю фаъолона дар маъракаи интихоботӣ бо чашму дили равшан ва пур аз умеду боварӣ фардои дурахшони хешро ҷонибдорӣ менамоянд.
Дар ин росто мехостам ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат намоям, ки дар интихоботи дарпешистода тамоми кӯшишро дар самти беҳбуди фазои ҳуқуқӣ боз ҳам тақвият бахшида, барои баланд бардоштани нақши аҳли ҷомеа, бахусус занону духтарони мо дар ин кори умумиҷамъиятӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.
Дар охир, ман ҳам тарафдории худро аз пешниҳоди муовини якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таъини рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта, аз ҳамаи намояндагони халқ хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоянд.
РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Пешниҳод шуд, ки ба баромадҳо хотима дода шавад. Таклифи дигар ҳаст? Нест.
Бо дарназардошти фикру андешаҳое, ки дар ҷаласа оид ба таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, пешниҳод карда мешавад, ки 11 октябри соли 2020 рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Боз ягон пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Доир ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод карда шудааст ва онро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Инак, мо интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намудем.
Ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуда, он ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.
Ин интихобот бояд сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд.
Аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш карда мешавад, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо ҳамин баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба итмом расид.
Ҳоло сухан ба раиси котибот, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим дода мешавад. Марҳамат.
Низом Қосим: — Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Унвонии ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ягон мактуб, дархост ва барқия ворид нашудааст.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ворид гардида буданд, баррасӣ карда шуданд.
Ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳозирини арҷманд барои иштироки фаъолона дар кори ҷаласаи якҷоя миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Бо ҳамин ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ