Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ

№162 (3463) 28.11.2015

Чаласаи Шурои АБ ИДМ Фото26 ноябри соли 2015 ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи пар­ламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ширкат варзид.

Дар ҷаласаи Шӯро дар баробари аъзои Шӯро ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти роҳбарии Раиси Ассамблеяи миллӣ Сардор Аёз Содиқ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии Раиси Вулус Ҷиргаи Ассамблеяи  миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Скупшинаи халқии Сербия ва дигарон ширкат варзиданд.

Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ масъалаҳоеро, ки ба баррасии Ассамблеяи пар­ламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ пешниҳод карда мешаванд, мавриди муҳокима қарор дод. Аз ҷумла масъалаҳо «Дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи Мушовараи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои иштирокчии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба мудофиа ва амният ва мониторинги ҳолати ҳарбӣ — сиёсии амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ», ки 26-27 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, «Иштироки намояндагони Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон», «Интихоботи вакилони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон»,  «Натиҷаҳои иҷлосияи сентябрии (соли 2015) Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ» ва «Натиҷаҳои фаъолияти кунунии Созмон доир ба мубориза бар зидди даъватҳо ва таҳдидҳо» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 Х. ҚУРБОНОВ, мудири  шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ  бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ