Иштирок дар чорабинии Байналмилалӣ

№152 (3453) 11.11.2015

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии ЮСАИД конференсияи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон роҷеъ ба мавзӯи «Ғанигардонии орди гандум бо иловаҳои витаминию минералӣ»  баргузор гардид.

Ҷамшед Муртазоқулов — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар конференсия ширкат варзид, дар радифи дигар намояндагони Осиёи Марказӣ роҷеъ ба мавзӯи «Ғанигардонии маҳсулоти озуқа бо иловаҳои витаминию минералӣ дар Тоҷикистон» ва фаъолияти парламенти касбии мамлакат дар бунёди заминаи ҳуқуқии рушди ин раванд маълумот дода, ба саволҳои сершумори иштирокчиёни конференсия  посух гуфт.

Ёдовар мешавем, ки дар конференсия зиёда аз 400 нафар намояндагони ҳукуматҳо, парламентҳо, соҳибкории хурд ва миёна, бизнес — ассотсиатсияҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони савдои хориҷӣ, коршиносони байналхалқӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Дар анҷом изҳорот ва пешниҳодҳои иштирокчиёни конференсия дастраси ҳамагон гардонда шуд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон