Иштироки ҳайати парламентии мамлакат дар Ассамблеяи парламентии СААД

№133 (3927) 06.11.2018

Чаласаи 11 АП СААД30 октябри соли 2018 дар меҳмонхонаи «Президент Отел»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо ширкати роҳбарону намояндагони парламентҳои ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти ­иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Саёҳат Дадаҷонова, Абдурасул Насимов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ иштирок карданд.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин сурат гирифт, масъалаҳои лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 11-уми пленарии Ассамблеяи парламентии СААД мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба татбиқи афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар созмон барои соли 2018 ҳисобот пешниҳод гардид.

Сипас, масъалаҳо оид ба натиҷаи ҷаласаи сайёри намояндагони кумитаву комиссияҳо оид ба мудофиа ва амнияти давлатҳои аъзои СААД-и назди Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Чолпон — Атаи Ҷумҳурии Қирғизис­тон, иштироки ҳайатҳои парламентии давлатҳои аъзои СААД дар иҷлосияи тобистонаи Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (7-11 июли соли 2018 дар шаҳри Берлин) ва Нақшаи кории Ассамблеяи парламентии СААД барои соли 2019 баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, иштирокчиён ба Барномаи фаъолияти Ассамблеяи парламентии СААД оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзо дар солҳои 2016 — 2020 тағйиру иловаҳо ворид карданд.

Дар хотима, макон, вақти баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро, ҷаласаи дувоздаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии СААД ва лоиҳаи рӯзномаи он баррасӣ ва тасдиқ шуд.

 С. ДАДАҶОНОВА,

А. НАСИМОВ,

аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон