Иштироки ҳайати парламентии мамлакат дар чорабиниҳои АБ ИДМ

№141 (4091) 23.11.2019

Ҳайати парламентии мамлакат таҳти сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар кори Комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи Шӯро ва панҷоҳумин ҷаласаи пленарии ассамблея қарор дорад.

 Emblem_of_CIS.svg21 ноябри соли 2019 парламентарҳои мамлакат ҳамчун узви комиссияҳои доимии АБ ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатдорӣ ва худидораи маҳаллӣ, оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, оид ба иқтисоду молия ва илму маориф, тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ҷаласаҳои марбута ширкат намуда, бо қабули қарорҳо масъалаҳои матраҳшударо ба баррасии ҷаласаи Шӯрои АБ ИДМ пешниҳод намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаҳо намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, Наргис Раҳмонова, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Зикрихудо Самадзода, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия иштироки фаъолона доштанд.

Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки дар Қасри Таврический ҷаласаи чордаҳуми Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҳамоҳангсозии он ба зиммаи Парламенти Тоҷикистон вогузор гардидааст, таҳти роҳбарии Қиёмиддин Миралиён, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон доир ва дар он, дар радифи дигар масъалаҳо, ширкат ва омодагии Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар баргузории чорабиниҳои марбут ба таҷлили Ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар кишварҳои аъзо баррасӣ гардид.

Нимаи дуюми 21 ноябр дар Қасри Таврическийи Санкт-Петербург бо иштироки раисони парламентҳои кишварҳои аъзо ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Раиси Шӯрои АБ ИДМ — Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҷаббор Азизӣ ширкат намуданд.

Аъзои Шӯро дар баробари ҷонибдории масъалаҳои ба рӯзномаи панҷоҳумин ҷаласаи пленарии ассамблея воридшаванда, инчунин, масоили ҷорӣ вобаста ба натиҷа ва дурнамои фаъолияти дастаҷамъона, аз қабили «Нақшаи дурнамои қонунэҷодкунии моделии ИДМ барои солҳои 2020 -2024», «Ташкили мушоҳидаҳои нозирӣ дар ҷараёни интихоботҳо дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Натиҷаҳои баргузории Конференсия оид ба муқовимат ба терроризми байналмилалӣ»-ро баррасӣ карданд.

www.majmilli.tj