Иштироки ҳайати парлумонии кишвар дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД

№135 (4085) 09.11.2019

IMG_69385 ноябри соли 2019 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гашт, ки дар он ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ширкат варзид.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин баргузор гардид, масъалаҳо «Дар бораи раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи тасдиқи раиси Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии СААД оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи тасдиқи муовини раиси Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии СААД оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи дувоздаҳуми Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», «Вазъият дар минтақаи ­масъулияти СААД ва ҳадафҳои Созмон дар шароити муосир» ва «Ҷамъбасти натиҷаи мониторинги вазъи сиёсӣ ва амниятии минтақаи Осиёи Марказии СААД» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба мудофиа Владимир Шаманов роҷеъ ба натиҷаҳои кори ҷаласаи сайёри муштараки Маҷлиси ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо ва комиссияҳо оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои  аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, маълумоти муфассал дода, ба парлумон ва роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Шукурҷон Зуҳуров аз баргузории кори ҷаласаи сайёри муштараки Маҷлиси ҳамоҳангсозии  раисони кумитаҳо ва комиссияҳо оид ба мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои  ­аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, ба раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба мудофиа Владимир Шаманов ва роҳбарияти сиёсии Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техникаи ҳарбӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

- Баргузории ҷаласаи душанбегӣ, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — далели равшани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои СААД мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии давлатҳои аъзои созмон аст.

Дар робита ба масъалаҳои рӯзнома Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар интиҳо нақшаи чорабиниҳои ҷаласаи дарпешис­тодаи Шӯрои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки моҳи майи соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, тасдиқ карда шуд.

Нимаи дуюми 5 ноябр сарони парлумонҳои давлатҳоро Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Никол Пашинян роҳбарони парлумонҳои аъзои СААД — ро ба Ҷумҳурии Арманистон хайра мақдам гуфта, аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла, ба минтақаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ёдовар шуд ва тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб мувофиқи мақсад шуморид.

Ҳамон рӯз ҷаласаи 12-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор шуд, ки дар он иштирокчиён бори дигар якдилона Вячеслав Володинро ба сифати Раиси созмон интихоб намуданд.

Сипас, тибқи рӯзнома якчанд қонун ва санади тавсиявӣ баррасӣ ва дар робита ба онҳо қарор қабул гардид.

Дар анҷом оид ба гузаронидани ҷаласаи навбатии сайёри сарони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (нимаи дуюми моҳи майи соли 2020) низ қарор қабул шуд. 

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон