Иштироки ҳайати парлумонии мамлакат дар ҷашни 100-солагии парламенти Озарбойҷон

№117 (3911) 27.09.2018

SHA_9212Ҳафтаи сипаришуда Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро дар ҷаласаи идона бахшида ба 100 — солагии Парламенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бахтовар Сафарзода намояндагӣ карданд.

Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронӣ доир ба раванди фаъолияти пурҷанбаи Парлумони Озарбойҷон, нақши он дар таҳкими муносибати кишварҳо ва робитаҳои байнипарламентӣ, ки дар баробари табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, ба раванди дӯстии давлатҳо ва миллатҳо мусоидат менамоянд, ибрози назар кард.

20 сентябр вохӯрии Абдуҷаббор  Азизӣ бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон, вакили Миллӣ Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Айдин Мирзазаде доир гардид, ки мақсад аз он тақвият бахшидани алоқаҳои байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон буд.

Ҳамчунин, 22 сентябр мулоқоти Абдуҷаббор Азизӣ бо муовини якуми Раиси Миллӣ Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Зиёфат Аскеров баргузор шуд.

Зиёфат Аскеров нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дар самти эҳёи давлатдории муосири тоҷикон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон махсус зикр намуда, иброз дошт, ки Президенти Тоҷикистонро метавон сиёсатмадори сулҳпарвартарин дар ҷаҳон номид.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон