Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонии раисони парламентҳо

№118 (3419) 04.09.2015

31-уми августи соли 2015 ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар кори Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок намуд.

Ба ҳайати парлумонии кишвар раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Дилшод Исматуллоев шомиланд.

Ёдовар мешавем, ки дар кори конфронси мазкур зиёда аз сад нафар раисони парлумонҳо аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Хитой, Эрон, Ҳиндустон, Белгия, Канада, Швейтсария, Кипр, Умон, Тунис, Ангола, Мозамбик,  Чехия, Туркманистон ва ғайра иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Президенти Иттиҳоди байнипарлумонӣ Сабер Чаудлхарӣ, Президенти Ассамблеяи генералии СММ Сам Кутеса суханронӣ намуданд. Зимни ин баромадҳо мавзӯъҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, демократия ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баромадкунандагон иброз намуданд, ки ин созмони  муътабари байналмилалӣ  дар ҳалли тамоми масъалаҳои  доғи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ нақши арзанда мегузорад.

Дар ҷаласаҳои якум ва дуюми кори конфронс ширкаткунандагон роҷеъ ба масъалаҳои «Иҷрои тавсияҳои асосии конфронсҳои гузашта ва афзоиши меъёри ҳамкориҳои байналмилалии парлумонӣ», «Баробарҳуқуқии гендерӣ дар кори парлумонҳо – тамоюли ҷаҳолат», «Демократия дар хидмати сулҳ», «Нақши парлумонҳо дар рушди устувор», «Мушкилоти парлумонҳои ҷаҳон» ва дигар масъалаҳо андешаҳояшонро баён доштанд.

М.Султонов, котиби матбуотии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон