Иштироки Маҳмадалӣ Ватанзода дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии ассамблеяи парламентии СААД

№23 (4285) 20.02.2021

IMG_034618 феврали соли 2021 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, ки роҳбари ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парламентии САҲА низ ҳаст, ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз тариқи фосилавӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони ҷумҳуриҳои аъзои СААД – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ширкат намуда, масъалаҳо «Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷии ҳайатҳои парламентии кишварҳои аъзои СААД дар Ассамблеяи парламентии САҲА», «Оид ба масъалаҳои иҷлосияи 20-уми зимистонаи АП САҲА (24-26 феврали соли 2021) ва табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрам», «Дар бораи тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалҳои ҳайатҳои парламентии кишварҳои аъзои СААД дар ташкилотҳои байналмилалии парламентӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маҳмадалӣ Ватанзода зимни баромад, аз ҷумла, иброз намуд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои муштараки кишварҳои аъзоро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Ассамблеяи парламентии СААД нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

- Мо итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд кумаки ҷиддӣ на танҳо дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки воситаи боэътимоди таъмини амният дар соҳаи масъулияти Созмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол раисиро дар СААД ба уҳда гирифта, ба ин васила, ҳайати мо иродаи раисони парламентҳои кишварҳои СААД-ро дар самти идомаи амалияи мулоқотҳои мунтазами роҳбарони ҳайатҳо дар ҳошияи ҷаласаҳои САҲА иҷро менамояд, — гуфт муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва афзуд: — Бо дарназардошти он ки формати ҷаласаҳои зимистони АП САҲА овоздиҳӣ дар бораи қарорҳо ё қабули ягон маърӯзаро пешбинӣ намекунад, ҷамъ омадаем, то нуқтаи назари умумиро оид ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи ҳисоботи кумитаҳои САҲА муҳокима намоем. Инчунин, ман ба шумо — ҳамкасбони азиз иттилоъ медиҳам, ки маълумот дар бораи мулоқот бо шумо ва кори ҳайатҳо дар сессияи зимистони имсола ва натиҷаҳои он ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД, ки охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дохил карда мешавад.

Дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи парламентии СААД фаъолияти Созмонро ба роҳ монда, ба он роҳбарони парламентҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизис­тон, Россия ва Тоҷикистон шомиланд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон