Иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ дар маросими тоҷгузории Императори Япония

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

74156187_975816052775729_3128783563743297536_n22 октябри соли 2019 дар шаҳри Токио Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маросими тоҷгузории Императори Япония Наруҳито, ки дар толори «Сейден» (толори давлатӣ) — қасри Императори Япония баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ин маросим беш аз дусад роҳбари воломақоми кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва роҳбарони корпуси дипломатии муқими Токио, аз ҷумла, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов иштирок намуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 22 октябри соли 2019 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Япония Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо тоҷикони муқими Япония мулоқот намуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи дастовардҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, дастгирии ҷавонон, хусусан, дар бахши омӯзиш дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи ҷаҳон, ёдовар шуда, нақши шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Японияро дар тарғибу муаррифии шоистаи кишвари азизамон ба сокинони мамлакати иқомат ва бо ҳамин тартиб саҳмгузорӣ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунсоҳа, дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан муфид арзанда арзёбӣ намуданд.

Бо изҳори боварӣ зикр шуд, ки ҳамватанони муқими мо дар Япония бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ки асосан устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии илмӣ ва тадқиқотӣ мебошанд, пас аз забономӯзию такмили ихтисос ва таҷрибаҳои касбӣ дар риштаҳои фанновариҳои технологӣ, кибернетикӣ, иттилоотӣ, менеҷерӣ ва дигар соҳаҳои марбута, ки талабот дар кишвар ба онҳо беш аз пеш рӯ ба афзоиш дорад, ба Ватан баргашта, дар рушди Ватани маҳбубамон саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Иштирокдорони вохӯрӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Япония пешниҳодҳои судманд ва оид ба масъалаҳои ба фаъолияти ҳамватанон, донишомӯзии донишҷӯёни тоҷик алоқаманд изҳори андеша намуданд.

Дар интиҳо, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба суолҳои ҳамватанони муқими мо дар Япония посух гуфт.

24 октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба нишони поси хотири қурбониёни шаҳри Хиросима дар «Боғи ёдбуди сулҳ» зери Муҷассамаи ёдбуд гулчанбар гузошт.

Сипас, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳудуди «Боғи ёдбуди сулҳ» аз Осорхонаи ёдгории сулҳи Хиросима — муҷассама ва нигораҳои гиромидошти хотираи қурбониёни фоҷиаи соли 1945 боздид намуда, дар дафтари меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.

www.majmilli.tj