Иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД

№71 (4177) 16.06.2020

DSC_233115 июни соли равон таҳти раёсати Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) баргузор гардид. Дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода суханронӣ намуд.

Тавре мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи афзалиятҳои Федератсияи Россия дар давраи раисӣ дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020», «Дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи ноябрии (2019) Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазъ дар соҳаи масъулияти созмон, чораҳо оид ба муқовимати таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ ва тасдиқи аҳдномаҳои байналмилалии дар доираи СААД қабулшуда», «Дар бораи тасдиқи раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии СААД оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ»,

DSC_2321 «Дар бораи натиҷаҳои иҷрои Барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2016-2020», «Барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021–2025», «Оид ба маблағгузории фаъолияти Ассамблеяи парлумонии СААД», «Дар бораи сана, макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро, ҷаласаи сенздаҳуми Ассамблеяи парлумонии СААД ва рӯйхати масъа­лаҳои воридшуда ба лоиҳаи рӯзномаи он»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои муштараки кишварҳои аъзоро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Ассамблеяи парлумонии СААД нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

- Итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд кумаки ҷиддӣ на танҳо дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки воситаи боэътимоди таъмини субот ва таъмини амният дар соҳаи масъу­лияти созмон мебошад. Изҳори боварӣ мекунам, ки мубодилаи афкор ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва дар ҳамбастагӣ ба вазъият дар соҳаи масъулияти созмон, инчунин арзёбии объективии таҳдид ва чораҳои амниятӣ мусоидат хоҳад кард, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Маҷлиси намояндагон, инчунин иброз дошт, ки Тоҷикистон барои татбиқи барнома ва стратегияҳои СААД пайваста талош меварзад ва барои амалӣ намудани қарорҳо оид ба таъмини дастгирии ташкилӣ ва ҳуқуқии созмон чораҳо меандешад.

Ҳамчунин, иштирокчиёни чорабинӣ таҷрибаи парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД-ро дар самти дастгирии қонунии тадбирҳои андешидашуда дар мавриди паҳншавии COVID-19 ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар шароити нав баррасӣ намуданд.

Сипас, дабири кулли СААД Станислав Зас бобати вазъи иҷрои масъулиятҳои созмон, чораҳо перомуни муқовимат ба таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ ва тасвиби аҳдномаҳои байналмилалии дар доираи СААД иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД фаъолияти ташкилотро ба роҳ монда, ба он роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон шомиланд. Айни замон Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин роҳбарии Ассамблеяи парлумонии СААД-ро бар уҳда дорад.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ