Иштиёқмандони парлумони пурхархаша чӣ мақсад доранд?

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

DSC_9717Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар арафаи интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ  санги маломат задан ба сари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кори  маъмул табдил ёфта, аз ҷониби як идда то андозае суиистифода гашта истодааст. Ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нес­там, ки оид ба  фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат матолиби танқидӣ набошад. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров низ борҳо ба ин нукта ишора намуда буд. Аммо, замоне ки шахс миёни танқид  ва таҳқир фосила намегузораду ҳардуро дар як  қабо пешниҳоду қабул менамояд, боиси нигаронист.

Дар воситаҳои ахбори омма чун сухан дар бораи парлумон равад, ҳатман андешае пешниҳод мегардад, ки  «Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби Ҳукумат пешниҳодгардидаро бидуни баррасӣ ва муҳокимаву баҳс қабул менамояд». Кор то ҷое расидааст, ки ин назари билкулл хато чун хулосаи ниҳоӣ ба мардум таҳмил мешавад.

Ибрози чунин андешаҳо далели умуман огоҳ набудани «баъзеҳо» аз фаъолияти мақоми олии қонунгузори мамлакат аст, на чизи дигар.

Дар бораи ин раванд метавон зиёд гуфту навишт. Вале ман бо овардани чанд далел, ки гуфтаи болоро тақвият мебахшанд, иктифо менамоям. Сухан сари он аст, ки то ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон дилхоҳ лоиҳаи қонун дар марҳилаҳои гуногун, аз ҷумла, сатҳи кумита, ҷаласаи васеи кумитаи масъул ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасии амиқу доманадор қарор мегирад. Дар ин раванд лоиҳа аз ҳама ҷиҳат, бо дарназардошти пешниҳодоти вакилон, такмил меёбад ва дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набуданаш, бозпас гардонида мешавад. Ба ҳайси корманди рӯзномаи парлумонӣ шоҳиди ҳол будам, ки ба як лоиҳаи қонун аз ҷониби вакилон то 300 таклифу пешниҳод ироа гардид, ки қисмати зиёдаш аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ қобили қабул дониста шуд.

Вале ашхоси ҳангоматалаб аз ин марҳилаҳо бехабаранд. Онҳо, ҳамчунин, намедонанд, ки рисолати ду зинаи парлумон мутобиқи  талаботи қонуни конститутсионӣ муайян шудааст ва амалӣ намудани  «орзуҳои мушкил»-и эшон ваколат ва рисолати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон нест.

Тибқи муқаррароти Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода, ризоят ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, таъини интихоботи Президент, қабули истеъфои Президент ва сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ дохил мебошад.

Дар қонуни зикршуда салоҳияти Маҷлиси миллӣ дар алоҳидагӣ низ мушаххас шудааст, ки таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, интихоб ва бозхонди раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент, бекор кардани дахлнопазирии раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, ризоят барои таъин ва озод намудани прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, интихоби намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамон ҷумлаанд.

Моддаи 36 қонуни мавриди назар муқаррар кардааст, ки Маҷлиси намояндагон барои таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент, ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ, тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ризоят ба додугирифти қарзи давлатӣ, тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ, таъини раъйпурсӣ, таъсиси судҳо, тасдиқи рамзҳои давлативу мукофотҳои давлатӣ, тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, ризоят барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ғайра салоҳият дорад.

Дар қонуни зикршуда, ҳамчунин, пешбинӣ гардидааст, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон савганд ёд мекунанд. Илова бар ин, Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар бораи буҷети давлатӣ қабул мекунад ва назоратро аз болои иҷрои он ба роҳ мемонад.

Нафарони аз набзи ҷомеа ва рӯйдодҳои ҷаҳони муосир огоҳ хуб медонанд, ки фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ аз самтҳои афзалиятнок дар умури давлатдорӣ  маҳсуб меёбад. Ҳарчанд баъзе «коршиносон» мавҷудияти парлумони Тоҷикистонро атрибути давлатдорӣ, ки гӯё фаъолияти начандон муассир дорад, арзёбӣ менамоянд, аммо дар асл ин гуна набуду нест. Аз фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ  дар бораи ҳар як давлат, роҷеъ ба дараҷаи демокративу муосирӣ ва тамаддуннокии он баҳо дода мешавад. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо беш аз пеш шиддат ёфта истодааст, масоили ба тавсеаи фаъолияти  қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқӣ рабтдошта  сатҳу сифати навро касб намудаанд.

Тааҷҷубовар аст, ки баъзе ба ном коршиносон парлумонҳои пурмоҷарои дигар кишварҳоро намунаи ибрат нишон медиҳанд.  Парлумонҳои пурхархашаеро, ки ба «шарофаташон»  кишварҳои воҳид ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ба давлатҳои пароканда табдил ёфтанду иқтисодиёташон фурӯ пошид. Қисме аз ҳудуди чунин давлатҳоро  давлати дигар бидуни парронидани тире ба қаламраваш «ҳамроҳ» намуду дар манотиқи дигар задухӯрд идома дорад.

Агар амиқтар масъаларо мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, «сабаб»-ҳои «фаъол» будани вакилони парлумони кишварҳое, ки  як идда журналистону коршиносони мо намуна арзёбӣ менамоянд, маълум  мегардад. Дар ин маврид нақши муҳимро на фаъол будани вакилон, балки мавҷудияти бархӯрди манфиатҳо, ихтилофи назар дар мавриди таъини  аъзои Ҳукумат, ҳосил нашудани созиш, ки боиси «бенасиб» мондани гурӯҳе шудааст, мебозанд. Агар чунин намебуд, зуд-зуд ба истеъфо рафтани аъзои Ҳукумати баъзе ҳамсоякишварҳо ва ба мувофиқа нарасидани Президент бо вакилон дар мавриди тасдиқи вазирон рух намедод. Ба назар мерасад, ки баъзе «коршиносон» ин паҳлуи масъа­ларо намедонанд ё нодида мегиранд.

Бегуфтугӯ, аз замони таъсисаш парламенти мамлакат баҳри таҳкими  асосҳои давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун, густариши муносиботи гуногунҷанба бо созмон ва иттиҳодҳои байнипарламентӣ фаъолияти шоиста дорад. Муҳим он аст, зимни  баррасии масъалаҳои ба парламент воридгардида, тамоми махсусияти фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузорӣ ба назар гирифта мешавад.

Дар маҷмӯъ, парлумон, ки фароҳамоварандаи  фазои мукаммали ҳуқуқӣ мебошад, рисолаташро дар сатҳи баланд иҷро карда истодааст.

Далер Мерганов, «Садои мардум»