МУҲОКИМАИ ПАРЛАМЕНТӣ

Қисми даромади буҷет коҳиш ва бақияпулиҳои андоз афзоиш ёфтанд

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

Сессия-мухокима26 октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015» баргузор гардид.

Ба муҳокимаи парламентӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилоту идораҳои марбута, муовинони раисони вилоятҳои Суғд, Хатлон, муовини раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Файзобод даъват шуда буданд.

РАИСИКУНАНДА:-Муҳтарам вакилони мардумӣ, ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи моддаҳои 36 ва 37-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 258-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти ташкил ва гузаронидани муҳокимаи парламентӣ оид ба таҳлил ва такмили соҳаҳои дахлдори қонунгузорӣ, рафти иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, назорати иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарии қарзҳои давлатиро дорад.

Имрӯз тибқи нақшаи корӣ ва қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба муҳокимаи парламентӣ масъала оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015» пешниҳод мегардад.

Ҳадафи асосии сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани афзалиятҳои муҳими стратегияи рушди миллӣ, таъмини рушди босуботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, суръат бахшидан ба ислоҳот дар бахшҳои идоракунии самараноки молияи давлатӣ, таъмини устувории бозори молиявӣ барои нигоҳ доштани сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо, инчунин дар сатҳи муайян амалӣ гардонидани Стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина вазифаи асосии ҳамаи мақомоти дахлдор, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, назорати хароҷоти мақсаднок ва шаффофи маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ мебошад. Ҳамзамон дар доираи иҷрои стратегияи ягонаи идоракунии молияи давлатӣ, арзёбии натиҷаҳои истифодаи захираҳои буҷетӣ ва беҳдошти сатҳи истифодабарии захираҳои молияи давлатӣ дар татбиқи сиёсати буҷет самти афзалиятнок ба шумор меравад.

Мақсади асосии ҷаласаи имрӯза дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти мақомоти масъули соҳаи молияву андози кишвар, инчунин муайян намудани камбудию норасоиҳо ва омилҳое мебошанд, ки садди роҳи иҷрои сифатноки Буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ гардидаанд, инчунин дарёфти роҳу усулҳои бартараф кардани онҳо ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, натиҷагирии имрӯза барои ислоҳи камбудию норасоиҳои дар иҷрои буҷети соли ҷорӣ ҷойдошта таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Сипас, рӯзнома ва реҷаи кори муҳокимаи парламентӣ тасдиқ гардид.

Раисикунанда: — Ҳоло сухан барои гузориш ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда, муҳтарам вакилон, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади таъмини иҷрои супориши Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин иҷрои қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2015 оид ба доир намудани муҳокимаи парламентӣ вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» дар 9 моҳи соли 2015» Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия якҷо бо сохторҳои дахлдори ҳукумат маводи заруриро омода ва ба шумо пешниҳод намуд. Вазъи иҷрои қисмҳои даромаду хароҷоти буҷет, самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ, самаранокии фаъолияти аудиторон, муайян кардани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва андешидани чораҳо барои барқарор намудани онҳо самтҳои асосии омӯзишу таҳлили мо буданд.

Зикр бояд кард, ки сарфи назар аз вазъи душвори иқтисодӣ ва кам шудани воридоти маҳсулот аз хориҷи кишвар, инчунин нисбатан суст шудани фаъолияти соҳаҳо дар дохили мамлакат Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва таъмини сифатноки иҷрои Буҷети давлатӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

Нишондиҳандаҳои зерини иқтисодӣ баёнгари вазъи иқтисоди кишвар мебошанд: рушди воқеии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфтааст. Қурби пули миллӣ низ нисбати  аввали сол хеле паст шудааст.

Албатта, хуб аст, ки дар чунин вазъият ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ  6,4 фоиз афзуда, 33,6 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2047,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз он ҷумла афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  12,8 фоиз, кишоварзӣ 5,0 фоиз ва гардиши чакана  7,3 фоизро ташкил намуд. Сатҳи таваррум низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ поён аст. Вале ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, ки яке аз сарчашмаҳои назарраси ташаккули буҷет мебошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ин тағйирот боис шуд, ки ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 10,8 млрд. сомонӣ ё 96,5 фоизи нақшаро ташкил диҳад. Дар натиҷа, 391,9 млн. сомонӣ  ба буҷет ворид нагардид. Албатта, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи худро барзиёд (101,8 фоиз) иҷро кард, вале бо сабабҳои маълум нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ҳамагӣ 82,5 фоиз иҷро шудаасту халос. Нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа низ ҳамагӣ 87,0 фоиз иҷро шудааст, ки боиси ташвиш аст.

Дар ин давра бақияпулиҳои андоз 118,2 млн.сомонӣ афзоиш ёфта, 737,0 млн. сомониро ташкил дод.

Бақияпулиҳо асосан ба корхонаҳои азими ҷумҳурӣ – 339,8 млн.сомонӣ (46,1 фоиз), вилояти Хатлон – 127,0 млн. сомонӣ (17,2 фоиз), вилояти Суғд – 148,1 млн. сомонӣ (20,1 фоиз), шаҳри Душанбе – 65,1 млн. сомонӣ (8,8 фоиз), шаҳри Ваҳдат – 9,8 млн. сомонӣ (1,3 фоиз ), шаҳри Турсунзода – 6,8 млн. сомонӣ (0,9 фоиз), ноҳияи Рӯдакӣ – 12,3 млн. сомонӣ (1,7 фоиз), ноҳияи Ҳисор – 8,8 млн. сомонӣ (1,2 фоиз), ноҳияи Шаҳринав – 6,1 млн. сомонӣ (0,8 фоиз)  ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост  меояд.

Таҳлили фаъолияти корхонаҳои калони ҷумҳурӣ нишон дод, ки дар ин давра аксарияти онҳо уҳдадориҳои андозии худро низ дар назди буҷет пурра таъмин накарда, аз ҳисоби онҳо ба Буҷети ҷумҳуриявӣ 97,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» — 23,0 млн. сомонӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик» -  49,6 млн. сомонӣ, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» — 12,4 млн. сомонӣ ва ҶСК «Тоҷиктелеком» — 12,0 млн. сомонӣ ворид нагардидааст.

Мушкилиҳои  бамиёномада ва камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти  маҳаллӣ  боис шуданд, ки дар даҳ шаҳру ноҳияҳо иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои даромади дохилӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ҳисор ба маблағи 4,7 млн. сомонӣ (7,6 фоизи нақша), ноҳияи Тоҷикобод ба маблағи 190,0 ҳазор сомонӣ (6,8 фоизи нақша) ва ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ (2,8 фоизи нақша) таъмин нагардид.

Дар вилояти Хатлон ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ (11,6 фоизи нақша) ва Фархор ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ  (10,1 фоизи нақша) қисми даромади буҷетро таъмин карда натавонистанд.

Дар вилояти Суғд қисми даромади буҷетро чор шаҳру ноҳияҳо: шаҳрҳои Исфара ба маблағи 4,9 млн. сомонӣ (8,1 фоизи нақша) ва Истаравшан  1,0 млн. сомонӣ (1,9 фоизи нақша), ноҳияҳои Зафаробод 1,2 млн. сомонӣ (8,3 фоизи нақша) ва Ҷаббор Расулов  3,6 млн. сомонӣ (12,7 фоизи нақша) таъмин карда натавонистанд ва аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 10,8 млн.сомонӣ ворид нагашт.

Дар маҷмӯъ, аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳое, ки қисми даромади буҷетро таъмин карда натавонистанд, ба буҷет зиёда аз 33,5 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Мушкилиҳо дар таъмини сифатноки иҷрои буҷет низ вуҷуд доранд, ки оид ба онҳо роҳбарони сохторҳои дахлдор маълумот хоҳанд дод. Танҳо, зикр карданием, ки аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ зиёда аз 128,0 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Хурсандиовар аст, ки сарфи назар аз мушкилиҳои ба миёномада  дар партави супоришҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ таъмин гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории музди меҳнат, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ пурра иҷро шудааст. Албатта, вобаста ба сатҳи иҷрои қисми даромади буҷет маблағгузории моддаҳои дигари он нисбатан камтар аст.

Бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти маблағгузории соҳаи маориф, истифодабарии самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ меъёрҳои минималии маблағгузорӣ ба сари ҳар як хонанда ва ҳар як мактаб, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 таҳти №796 тасдиқ  шудааст, ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағгузории сарикасӣ гузаронида шудаанд.

Барои амалӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ 47,3 млн. сомонӣ равона шудааст, ки иҷрои он 81,1 фоизи нақшаи аниқшудаи нуҳмоҳаро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои марказонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири муассисаҳои тиббӣ  23,1 млн. сомонӣ ва хариди таҷҳизот 16,5 млн. сомонӣ равона шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ барои сари вақт пардохт намудани нафақа ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40,0 млн. сомонӣ ба сифати мусоидати молиявӣ дода шудааст.

Дар доираи амалишавии барномаҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва кадастри замин дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба соҳа 60,7 млн. сомонӣ равона шудааст.

Аз ҷумла барои татбиқи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ ва нигоҳдории муассисаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 15,6 млн. сомонӣ, муассисаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ – 28,3 млн. сомонӣ, барои нигоҳдории муассисаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 9,3 млн. сомонӣ, барои ҳифзи табиат ва корҳои обуҳавосанҷӣ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 3,9 млн. сомонӣ, барои харидорӣ намудани маводи асосӣ ва гузаронидани кадастри замин ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 3,6 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2015 барои сохтмони капиталӣ  1,6 млрд. сомонӣ ё 100,0 фоизи нақшаи нуҳмоҳаи соли 2015 ҷудо шудааст. Бо мақсади таъмини самаранокӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, аз ҷониби Раёсати аудити дохилии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раёсати аудити дохилӣ ва назорати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он 1257 таҳлилҳои аудитӣ гузаронида шуда, 13,7 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он 8,7 млн.сомонӣ ё 63,6 фоиз барқарор шудааст. 116 мавод ба маблағи 6,6 млн. сомонӣ барои баррасӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби мақомоти андоз фаъолияти 1520 андозсупорандагон — шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷида, маблағи пинҳонкардашудаи андозҳо дар ҳаҷми 420,0 миллион сомонӣ ошкор шудааст. Аз ин маблағ ва бо дарназардошти маблағҳои дар соли 2014 ошкоршуда, ба Буҷети давлатӣ 392,0 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.

Илова ба ин, нисбати андозсупорандагоне, ки ба қонунвайронкунӣ ва пинҳонкунии андозҳо роҳ додаанд, барои чораҷӯии минбаъда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 260 маводи санҷишӣ ба маблағи 289,2 млн. сомонӣ пешниҳод шудааст.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 3944ҳодисаи қонуншикании гумрукиро ошкор намудааст. Парвандаҳои ҷиноятӣ баъд аз гузаронидани таҳқиқи ибтидоӣ, аз рӯи тобеият ба мақомоти тафтишотӣ фиристода шудаанд.

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 314 санҷиши аудиторӣ гузаронида, камбудиҳоро дар истифодаи маблағҳои буҷетӣ муайян намудааст. Дар рафти санҷишҳо 25847 ҳазор сомонӣ  барқарор карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ санҷиши аудиторӣ оид ба баҳодиҳии ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии вилояти Суғд, шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ноҳияҳои Фархору Қумсангири вилояти Хатлон, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рашт анҷом дода шуд. Дар ин раванд дар 126 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ санҷишҳои аудиторӣ гузаронида шуда, ба маблағи 7050 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд, ки аз он 5063 ҳазор сомонӣ ё худ 71,8 фоиз  барқарор карда шуд.

Ҷиҳати чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор дар ин давра аз ҷониби Палатаи ҳисоб ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 123 маводи санҷиши аудиторӣ ирсол шудааст.

Ҷиҳати таъмини хароҷоти мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ дар нуҳ моҳи соли 2015 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайян анҷом дода шудаанд.

Дар ин давра Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 692 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронид.

Натиҷаи тафтишу санҷишҳо дар вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, 653 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содиркардаашон ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифтанд, аз ҷумла 49 нафари онҳо аз вазифа озод шуданд. Бо мақсади додани баҳои ҳуқуқӣ нисбат ба камбудию норасоиҳои ошкоргардида ва барқарор намудани зарари молиявӣ дар ин давра ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 544 маводи тафтишӣ фиристода шуданд.

Санҷишҳои мутақобилаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд, ки дар фаъолияти сохторҳои назоратии вазорату кумитаҳо низ камбудиҳо вуҷуд доранд, ки боиси ташвиш аст.

Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон доданд, ки сарфи назар аз вазъи душвори иқтисодӣ, коҳиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва воридоти ками маблағҳо ба буҷет корҳои зиёде барои таъмини иҷрои буҷет ва истифодаи самараноки он ба анҷом расонида шудааст. Сохторҳои назоратӣ фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, камбудиҳои мавҷударо ошкор ва маблағҳои муайянро барқарор намудаанд.

РАИСИКУНАНДА: — Ҳоло сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим дода мешавад.

Абдусалом ҚУРБОНИЁН:Муҳтарам Раисикунанда ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани идоракунии самараноки молияи давлатӣ дар доираи афзалиятҳое, ки Ҷаноби Олӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намудаанд ва тавсияҳое, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ҳангоми муҳокимаи парламентии соли гузашта дар назди мо гузошта буданд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони тиҷоратӣ, пастравии нархи молу ашёи асосӣ (нефт, тилло, алюминийи аввалия) дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои беруна бевосита ба иқтисодиёти кишварамон таъсири манфӣ расонида, боиси пастравии баъзе нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла коҳишёбии суръати рушди воқеии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби пули миллӣ, хизматрасониҳои пулакӣ, қобилияти харидории аҳолӣ ва даромадҳои Буҷети давлатӣ гардидааст.

Бо дарназардошти таъсири омилҳои зикргардида, суръати рушди воқеии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз, қурби пули миллӣ нисбат ба як доллари ИМА 30,0 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо афзоиши реалии 6,4 фоиз ба 33,6 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз, кишоварзӣ 5,0 фоиз ва гардиши чакана 7,3 фоиз афзоиш ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба андозаи 8,1 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 3158,8 млн. доллари ИМА баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз кам гардидааст.

Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ ба 683,6 млн. доллари ИМА  ё 21,6 фоиз ва воридот ба 2475,2 млн. доллари ИМА ё  78,4  фоиз баробар гардид.

Ҳаҷми содирот дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,6 фоиз зиёд ва воридот 21,8 фоиз кам гардидааст.

Бояд зикр кард, ҳиссаи содирот 13,0 фоиз ва воридот 47,0 фоизи ММД- ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот 2,3 банди фоиз зиёд ва воридот 3,0 банди фоиз кам мебошад.

Даромади ҳақиқии аҳолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 фоиз  кам ва музди миёнаи моҳона 6,0 фоиз афзоиш ёфтааст.

Индекси нархҳои истеъмолӣ, яъне меъёри таваррум дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда – 3,6 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷа, ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 10,8 млрд. сомониро ташкил дода, ба андозаи 96,5 фоиз таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 391,9 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Даромади ҷории Буҷети давлатӣ ба андозаи 95,7  фоиз иҷро гардида, ба он зиёда аз 8,8 млрд. сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нақша 391,9 млн. сомонӣ кам ва нисбати соли гузашта 480,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Мақомоти андоз нақшаи қисми даромади буҷетро 101,8 фоиз  таъмин  карда, ба  буҷет 5,8 млрд. сомонӣ маблағ ворид намудааст, ки  ин нисбат ба нақша 102,8 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 659,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 2,6 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки ин 82,5 фоизи нақшаро ташкил дода,  нисбат ба  нақша 548,2 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 336,8 млн. сомонӣ кам мебошад, ки сабаби асосии он  коҳишёбии воридоти мол ба ҷумҳурӣ ба андозаи 21,8 фоиз мебошад.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Маблағгузорӣ аз Буҷети давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» амалӣ гардида, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Буҷети давлатӣ ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10,1 млрд. сомонӣ равона карда шудааст, ки 90,0 фоизи  нақшаро ташкил медиҳад.

Сабаби асосии дар сатҳи паст қарор доштани иҷрои қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ, ин, пеш аз ҳама, коҳиш ёфтани қисми даромади буҷет, инчунин мувофиқи Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 таҳти №1 ва Фармоиши  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2015 таҳти №192  маҳдуд кардани хароҷоти бесамар ва дуюминдараҷа, аз ҷумла  хариди  нақлиёти хизматӣ, мебел, таъмири биноҳои маъмурӣ ва сохтмонҳои шурӯънагардида мебошад.

Дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, бо дарназардошти хароҷоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз  ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 5,3 млрд. сомонӣ равона гардид, ки ин зиёда аз 52,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил дода, дар доираи он маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳо ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ таъмин шудааст.

Лозим ба зикр аст, ки маблағгузории соҳаи маориф дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1678,0 млн.сомонӣ ё 90,5 фоизи нақшаро  ташкил дода, ба16,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ баробар мебошад.

Дар давраи мавриди назар сохтмон ва азнавсозии иншооти соҳаи маориф 119,1 млн.сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар хориҷи кишвар 4,6 млн. сомонӣ ва амалӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ 47,3 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Барои рушд ва тараққиёти соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла маблағҳои буҷетӣ 613,0 млн.сомонӣ, маблағҳои махсус — 41,0 млн. сомонӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ– 15,1 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 669,1 млн. сомонӣ ё 90,7 фоизи нақша равона шудааст.

Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 62 нафар беморон аз оилаҳои камбизоат кумаки молиявӣ ба маблағи 329,5 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки аз ин 17 нафар барои табобат ва муолиҷа дар хориҷи кишвар фиристода, 45 нафар дар беморхонаҳои ҷумҳурӣ табобат шудаанд.

Инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои марказонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири муассисаҳои тиббӣ 23,1 млн. сомонӣ ва барои хариди таҷҳизот 16,5 млн. сомонӣ сомонӣ равона шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои Буҷети ҷумҳуриявӣ барои харидорӣ намудани ваксина ҷиҳати эмгузаронии аҳолӣ 2,7 млн. сомонӣ равона шудааст.

Инчунин барои сохтмон ва азнавбарқароркунии иншооти соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ дар доираи сармоягузориҳои асосии мутамарказ 23,7 млн. сомонӣ равона шудааст, ки ин 81,7 фоизи нақшаи нуҳмоҳаро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 1910,6 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин ба 81,4 фоизи нақшаи нуҳмоҳа баробар мебошад.

Дар доираи маблағҳои мазкур барои пардохти нафақа -1376,7 млн. сомонӣ,  ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо, расонидани кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат 11,3 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки он 75 ҳазору 861 оилаи камбизоатро дар бар мегирад.

Инчунин ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил менамоянд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ кумакпулӣ ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ, иштирокчиёну маъюбони бартараф намудани фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил ва кӯдакони маъюби онҳо 10,0 млн. сомонӣ, инчунин пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ 10,3 млн. сомонӣ равона шудааст.

Дар баробари ин, барои таъмини маъюбон бо таҷҳизоти протезию ортопедӣ аз ҳисоби Буҷети ҷумҳурӣ 2,3 млн. сомонӣ равона гардида, аз маблағҳои мазкур 3122 нафар маъюб баҳравар шудаанд.

Дар ин давра аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ барои сари вақт пардохт намудани нафақа ва кумакпулиҳо ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40,0 млн. сомонӣ ба сифати мусоидати молиявӣ ҷудо шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои сохтмон ва азнавсозии иншооти муҳими давлатӣ аз Буҷети давлатӣ зиёда аз 1,6 млрд.сомонӣ равона гардидааст, ки 91,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Бояд зикр кард, ки маблағгузории ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки афзалияти онҳо  аз ҷониби Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян гардидааст,  сари вақт таъмин шуда, ба ин мақсад 3,5 млрд. сомонӣ равона гардид.

Маблағгузории мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ,  мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ низ дар доираи буҷети тасдиқшуда пурра таъмин гардидааст.

Дар ин давра аз Буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ субвенсия ба маблағи 564,1 млн. сомонӣ (93,0 фоизи нақша), бо роҳи ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарӣ 3,6 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ 567,7 млн. сомонӣ равона шудааст.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Идоракунии қарзҳои берунӣ  таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, дар доираи Стратегияи  идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.

Қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2015-ум 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ба 19,5 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.

Хизматрасонӣ ва пардохти қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти қарзи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва қарзҳои кафолатноки ҳукуматӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 109,7 млн. доллари ИМА, аз ҷумла барои пардохти қарзҳои асосӣ – 86,1 млн. доллари ИМА ва фоизи қарзҳо – 23,6 млн. доллари ИМА таъмин гардидааст.

Аз аввали соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи 290,6 млн.доллари ИМА, аз ҷумла  созишномаҳои грантӣ ба маблағи  93,5 млн. доллари ИМА ва  созишномаҳои қарзӣ ба маблағи 174,1 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2015 ҳаҷми умумии маблағҳои азхудгардида дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ 815,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла қарз – 121,3 млн. сомонӣ ва грант – 660,3 млн. сомонӣ, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 34,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Яке аз масъалаҳои муҳим ин таъмин ва назорати истифодабарии мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, оид ба ташкили семинар — машваратҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбию ҳуқуқии мутахассисон,тайёр намудани кадрҳои баландихтисос чораҳои мушаххас андешидем.

Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии молияи давлатӣ, мустаҳкам намудани банақшагирӣ ва иҷрои буҷет, афзун намудани иқтидори молияи давлатӣ, таъмини интизоми молиявӣ, сари вақт бо маблағ таъмин намудани муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои номатлуб, дар сатҳи Буҷети давлатӣ пурра пардохти электронӣ ҷорӣ шуда, мақомоти маҳаллии  хазинадорӣ бо Сарраёсати хазинадории марказӣ тариқи онлайн пайваст шуданд.

Инчунин аз 1 январи соли 2015 дар сатҳи Буҷети ҷумҳуриявӣ барномаи банақшагирӣ ва иҷрои Буҷети давлатӣ (SGB.net) ҷорӣ гардида, аз 1 ноябри соли 2015 ҳамчун барномаи омӯзишии таҷрибавӣ (пилотӣ) ва аз 1 январи соли 2016 бошад,  амалиётҳои даромад ва хароҷоти муассисаю ташкилотҳои буҷетҳои маҳаллӣ ва аз 1 сентябри соли 2016 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ пурра тавассути барномаи мазкур ба роҳ монда мешаванд.

Муҳтарам  вакилони  Маҷлиси намояндагон !

Буҳронҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳонӣ, бахусус дар давлатҳои асосии шарикони савдо, пастшавии рейтинги қарзгирии онҳо дар бозори ҷаҳонӣ,  номуътадилии нархи нефт, сӯзишворӣ ва дигар мавод моро водор месозад, ки барои пешгирӣ намудани таъсири омилҳои берунӣ ҳама вақт омода бошем.

Аз ин лиҳоз, вазифаи аввалиндараҷаи мо пешбурди сиёсати устувори буҷету андоз, аз ҷумла таъмини иҷрои сифатнок ва самараноки Буҷети давлатӣ, пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бақияпулиҳои андоз ва пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав, ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва дар доираи Стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ ҷалб намудани қарзҳои берунӣ  мебошад.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим дода мешавад.

Нусратулло ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда! Вакилони гиромӣ! Ҳозирини муҳтарам!

Мақомоти андози ҷумҳурӣ дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, дар нуҳ моҳи соли 2015 самараноктар фаъолият намуданд.

Дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андозҳо ба андозаи 101,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 5 млрд. 745 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет  5 млрд. 848,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 103,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаиворидоти андозҳо ва пардохтҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар нуҳ моҳи соли 2015 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 111,0 фоиз, вилояти Хатлон – 106,2 фоиз, вилояти Суғд – 101,3 фоиз, шаҳри Душанбе – 97,2 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 96,7 фоиз таъмин шуд.

Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо ба Буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 106,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1 млрд. 884 млн. сомонии пешбинишуда, ба буҷет 2 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 116,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Мутаассифона, таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёт ба нисбатан коҳиш ёфтани воридоти маблағҳо аз хориҷи кишвар, бад шудани вазъияти молиявии корхонаҳо, зиёд нашудани музди меҳнат, нигоҳ дошта нашудани ҷойҳои корӣ оварда расонд, ки дар натиҷа, дар давраи ҳисоботӣ 24 шаҳру ноҳияҳо иҷрои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро бо дарназардошти андози иҷтимоии ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ таъмин карда натавонистанд.

Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз аз арзиши иловашуда  96,4 фоиз, андоз аз фурӯш (нахи пахта)– 67,7 фоиз, андози тибқи низоми содакардашуда – 99,1 фоиз, андоз аз воситаҳои нақлиёт – 87,7 фоиз, боҷи давлатӣ – 84,0 ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ – 87,0 фоиз таъмин шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 253,6 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Аз он ҷумла ба таъмин нагардидани нақшаи андоз аз фурӯши нахи пахта коҳиш ёфтани нархи нахи пахта ва кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба нишондиҳандаҳои оморӣ, ки аз рӯи он воридоти андоз аз фурӯши нахи пахта ба нақша гирифта шуда буд, таъсир расонд.

Нақшаи андоз аз арзиши иловашуда асосан бо таъсири омилҳои зерин иҷро карда нашуд, аз ҷумла коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, пурра фаъолият накардан ва кам шудани даромади як қатор корхонаҳои калон, таъмин нагардидани  иҷрои Буҷети ҷумҳуриявӣ ва сари вақт маблағгузорӣ нашудани ширкатҳои сохтмонӣ доир ба татбиқи лоиҳаҳое, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятҳо пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин, нисбатан кам гардидани амалиётҳои нотариалӣ, аз ҷумла коҳиш ёфтани шумораи амалиётҳо барои ба расмият даровардани шартномаҳои хариду фурӯши молу мулки ғайриманқул таъмини иҷрои нақшаи боҷи давлатиро имконнопазир гардонд.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 33 шаҳру ноҳияҳо асосан бо сабаби афзоиш наёфтани музди меҳнат ва зиёд нагардидани шумораи коргарони кироя аз уҳдаи иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ баромада натавонистанд, ки дар натиҷа, иҷрои нақшаи ин намуди андоз низ таъмин нагардид.

Сарфи назар аз омилҳои мазкур, таъмини сифатии нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар мадди назари роҳбарияти мақомоти андоз қарор дошта, дар давраҳои минбаъда ҷиҳати таъмини сифатии нақшаҳо чораҳои иловагӣ андешида мешавад.

Маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо дар таърихи 1 октябри  соли 2015-ум 713,2 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 94,4 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Қарзи нисбатан калони андоз ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 151,1 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 38,8 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар маҷмӯъ, ба ҳолати 1 октябри соли 2015 зиёда аз 43 фоизи бақияи қарзи андозҳо ба корхонаҳои воҳиди давлатӣ рост меояд (ҳамагӣ 307,3 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали сол 62,5 млн. сомонӣ, 3,5 фоиз зиёд шудааст). Бояд зикр намуд, ки сарфи назар аз корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ, ки аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешаванд, корхонаҳои воҳиди давлатӣ уҳдадориҳои худро дар назди давлат дар ҳаҷми пурра ва сари вақт иҷро накарда, қарзҳои андозии худро зиёд намуда истодаанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2015 бо мақсади кам кардани қарзи андозҳо аз тарафи мақомоти андоз 2318 қарор ба маблағи умумии 844,8 млн. сомонӣ қабул ва аз ҳисоби ин қарорҳо ва қарорҳои дар соли 2014 қабулгардида, ба Буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 239,2 млн. сомонӣ ворид шуд.

Тибқи тартиби судии маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозҳо 970 аризаҳои даъвоӣ ба маблағи умумии 75,1 млн. сомонӣ мавриди баррасии судҳои иқтисодӣ ва умумӣ қарор дошт ва аз ин ҳисоб 9,3 млн. сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид шуда, баррасии баъзе парвандаҳо ва рӯёнидани маблағҳо идома доранд.

Дар натиҷаи корҳои назоратӣ дар нуҳ моҳи соли 2015 аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ 17195 шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 110 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ шудааст. Аз ҳисоби ҷаримаҳои таъингардида ба Буҷети ҷумҳуриявӣ 82 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 32 млн. сомонӣ зиёд аст.

Анҷом додани корҳои назоратӣ самти бисёр муҳим ва назарраси фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз дар фаъолияти 1520 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ санҷиши андоз гузаронида шуд, ки дар натиҷа, ба маблағи 420 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои дар солҳои пеш ошкоршуда 392  млн. сомонӣ ба Буҷети давлатӣ дохил шуд.

Тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 235 санҷишҳои муштарак гузаронида, 215,8 млн. сомонӣ маблағи андозҳо ошкор гардида, 142,4 млн. сомонии он ситонида шуд, ки 66 фоизи маблағҳои ошкоршударо ташкил медиҳад.

(Идома аз саҳ. 1 ва 4)

Дар нуҳ моҳи соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 7800 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ, зиёда аз 670 ҳолати аз тарафи шахсони воқеӣ ба иҷора додани молу мулки ғайриманқул ва аз тарафи андозсупорандагон дар ҳисоботҳо нишон надодани бештар аз 2500 нафар коргарони кироя ва зиёда аз 1000 ҳолатҳои вайрон намудани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратии хазинавӣ ошкор карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 1700 семинар – машварат, вохӯриҳо ва намоишу мусоҳибаҳо гузаронида шуд.

Дар Бахши иттилоотӣ (Call center) бо истифодаи рақами содакардашудаи телефонии 151 ба зиёда аз 6100 муроҷиати шаҳрвандон ва андозсупорандагон оид ба тавзеҳот ба қонунгузории андоз, сатҳи маъмурикунонии андоз ва фаъолияти кормандони мақомоти андоз ҷавоб дода, дар ҳолатҳои дахлдор чораҷӯӣ карда  шуд.

Раисикунанда: — Сухан ба муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дода мешавад.

Хуршед КАРИМЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда, муҳтарам  вакилони мардумӣ!

Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти худро мутобиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи гумрук ба роҳ монда, дар нуҳ моҳи  сипаригардидаи соли ҷорӣ як қатор корҳоро дар самти ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба анҷом расонидааст.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт дар нуҳ моҳи соли 2015-ум ба андозаи 3138,2 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Аз ҷумла:

-андоз аз арзиши иловашуда   – 2 415,6 млн. сомонӣ;

-боҷи гумрукӣ – 478,2 млн. сомонӣ;

-андози аксизӣ –192,6 млн. сомонӣ;

-воридоти ғайриандозӣ – 51,8 млн. сомонӣ.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 2 608,5 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ (бо дарназардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) ворид намуд.

Тазаккур бояд дод, ки тибқи муқаррароти  моддаи 23 — юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоизи маблағи хироҷи гумрукӣ равона карда мешавад.

Бинобар ин, иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар нуҳ моҳи соли 2015 бе дарназардошти 50 фоизи  хироҷҳои гумрукӣ, маблағи 2591,2 млн. сомонӣ ё ин ки  82,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла воридоти андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 2103,2 млн. сомонӣ ё ба андозаи 87,1 фоиз, боҷи гумрукӣ ба маблағи 315,8 млн. сомонӣ ё ба андозаи 66,1 фоиз, андози аксизӣ ба маблағи 142,9 млн. сомонӣ ё ба андозаи 74,2 фоиз ва воридоти ғайриандозӣ ба маблағи 24,5 млн. сомонӣ ё ба андозаи 47,3 фоиз  иҷро шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2015 аз ҳисоби фурӯши тамғаҳои аксизӣ барои воридот ва тамғагузории маҳсулоти тамоку ва нӯшокиҳои  машруботӣ 4,8 млн. сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 млн. сомонӣ зиёд аст.

Таҳлил ва муқоисаи маълумоти омории мақомоти гумрук дар самти гардиши тиҷорати хориҷӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар нуҳ моҳи соли 2015 нишон дод, ки ба иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ асосан коҳишёбии воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт таъсири бештар гузоштааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар нуҳ моҳи соли 2015 ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии кишвар 3158,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 684,1 миллион доллари ИМА ё 17,8 фоиз кам мебошад.

Воридоти мол дар нуҳ моҳи соли 2015 маблағи 2475,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 692,8 миллион доллари ИМА ё 21,9 фоиз кам гардидааст.

Аз натиҷаи таҳлилу муқоисаҳо бармеояд, ки дар нуҳ моҳи соли 2015 ба ҷумҳурӣ бензин  ба миқдори 28,5 ҳазор тонна ва сӯзишвории дизелӣ ба миқдори 6,9 ҳазор тонна кам ворид гардидааст, ки ин номгӯи молҳо манбаи асосии андозбандӣ ба ҳисоб мераванд. Маҳсулоти нефтӣ дар маҷмӯъ нисбати ҳамин давраи соли 2014 миқдоран ба андозаи 6 фоиз ва аз рӯи нишондоди арзишӣ 25 фоиз поён рафтааст. Агар дар ҳамин давраи соли 2014 арзиши миёнаи гумрукии як тонна бензин 765 долларро ташкил медод, ҳоло бошад, арзиши миёнаи гумрукии як тонна бензин ба 626 доллари ИМА баробар гардидааст. Аз ҳисоби кам ворид гардидани маҳсулоти нефтӣ ва паст шудани арзиши он дар бозори ҷаҳонӣ, ба Буҷети давлатӣ, ба ҳисоби миёна 126 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид нагардид.

Илова бар ин, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти маҳсулоти ширӣ 4,7 ҳазор тонна ё ба маблағи 5,5 млн. доллари ИМА, маҳсулоти қаннодӣ 3,8 ҳазор тонна ё ба маблағи 8,7 млн. доллари ИМА, орд ба миқдори 17,6 ҳазор тонна ё ба маблағи 7,6 млн. доллари ИМА, нуриҳои минералӣ 1,8 ҳазор тонна ё ба маблағи 2,9 млн. доллари ИМА, чӯбу тахта 189,3 ҳазор м3 ё ба маблағи 54,7 млн. доллари ИМА, семент 355,1 ҳазор тонна ё ба маблағи 38,3 млн. доллари ИМА, масолеҳи сохтмонӣ аз керамика 27,1 ҳазор тонна ё ба маблағи 16,1 млн. доллари ИМА, воситаҳои нақлиёти сабукрав 24,3 ҳазор адад ё 115,8 млн. доллари ИМА ва ғайра коҳиш ёфтааст, ки аз ин ҳисоб  512 млн.сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ ворид нагардидааст.

Зикр намудан бамаврид аст, ки таносуби воридоти мол дар нуҳ моҳи соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 аз давлатҳои хориҷи дур назар ба давлатҳои хориҷи наздик ба андозаи ҳашт фоиз кам гардидааст. Бо дарназардошти он ки давлатҳои хориҷи наздик (Федератсияи Россия, Қазоқистон, Беларус) дар асоси муқаррароти Аҳднома оид ба ташкили  минтақаи савдои озод, дар тиҷорати хориҷӣ низоми савдои озодро татбиқ менамоянд, аз супоридани боҷи гумрукӣ озод мебошанд. Маблағи ин имтиёзҳои пешбинишуда ба иҷрои қисми даромади Буҷети давлатӣ таъсири худро расонидааст, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ маблағи боҷи гумрукии озодшуда ба ҳисоби миёна 85 млн. сомониро ташкил менамояд.

Дар маҷмӯъ, танҳо аз ҳисоби кам ворид гардидани мол ва воситаҳои нақлиёт дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба Буҷети давлатӣ тақрибан ба маблағи 723 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид нагардид.

Инчунин як қатор омилҳои берунаи дигар низ ба иҷро нагардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ таъсири манфии худро расониданд.

Аз ҷумла;

- таҳримҳои давлатҳои Ғарб алайҳи Федератсияи Россия, ки яке аз шарикони стратегии кишвари мо ба ҳисоб меравад;

- ноустувории қурби асъори миллӣ нисбат ба дигар асъори хориҷӣ;

- мушкилиҳо дар самти транзити мол ва сиёсати тарифии хизматрасониҳои роҳи оҳани баъзе аз кишварҳои  ҳамҷавор  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- демаркатсия ва делимитатсия нашудани  қисмати шимолии  сарҳади давлатӣ  миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъсири оқибатҳои офатҳои табиии соли ҷорӣ, ки дар минтақаҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омада буд;

- вазъи ноороми сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;

- паст гардидани қобилияти харидории мардум, бинобар кам ворид шудани маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ;

- кам ворид гардидани молу воситаҳои нақлиёт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта;

- дар соли ҷорӣ зиёд ворид гардидани мол ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди кишварҳое, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми савдои озодро татбиқ менамоянд;

- тағйирёбии нархи молу ашё дар бозорҳои ҷаҳонӣ (алалхусус паст рафтани нархи нефт) ва ғайраҳо.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шиддат гирифтани буҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти соҳибкориро дар кишвар коста гардонид. Иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии ба воридот ва фурӯши молу воситаҳои нақлиёт дар кишвар машғулбуда иҷборан самти фаъолияти худро дигар карданд ё тамоман аз фаъолият бозмонданд.

Имтиёзҳои гумрукию андозии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда 68 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол ва воситаҳои нақлиётро ташкил намуд, яъне аз ҳаҷми умумии воридоти молу воситаҳои нақлиёт дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 32 фоизи он пурра мавриди андозбандӣ қарор гирифтааст, ки он бешубҳа, ба воридоти пардохтҳои гумрукӣ таъсири худро расонидааст.

Дар нуҳ моҳи соли 2015 арзиши гумрукии молҳои тариқи имтиёзнок ба расмияти гумрукӣ даровардашуда 1685,3 млн. доллари ИМА- ро ташкил намуда, маблағи пардохтҳои гумрукии озодкардашуда ба 1193,4 млн. сомонӣ баробар шудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2015 иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ бар асари таъсири буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ метавонист боз аз ин ҳам камтар шавад.

Аммо чораҳои фаврии андешидаи роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили ташкили гурӯҳҳои корӣ оид ба таври фаврӣ баррасӣ намудан ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, тақвият бахшидани масъалаҳои марбут ба воридшавии саривақтии пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ, пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонунии мол, дуруст ба роҳ мондани назорати истифодаи мақсадноки молҳои аз  имтиёзҳои гумрукӣ бархӯрдор, дуруст муайян намудани арзиши гумрукӣ ва ғайра имкон доданд, ки ин раванд пешгирӣ шавад.

Нукоти зикргардида гувоҳи онанд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, бо вуҷуди он ки воридоти мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2014- ум 21,9 фоиз коҳиш ёфтааст, маблағи пардохтҳои ҷамъовардашуда дар ин давра ҳамагӣ ба андозаи 11,4 фоиз кам шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз 38 фоизи ҳаҷми умумии воридоти молу воситаҳои нақлиёти андозбандишаванда, бо дарназардошти имтиёзҳои қисман аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озодбуда, маблағи пардохтҳои гумрукӣ мебоист 2 466,0 млн. сомониро ташкил менамуд, аммо чораҳои андешидашудаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки дар ин давра ба андозаи 142,5 млн. сомонӣ иловагӣ пардохтҳои гумрукӣ ҷамъоварӣ шавад.

Муҳтарам вакилони мардумӣ!

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати беҳдошти ташкили кор, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани самтҳои ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

РАИСИКУНАНДА: — Ҳоло сухан ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсудинович дода мешавад.

Сафаралӣ  Наҷмуддинов: — Муҳтарам Раисикунанда, вакилони гиромӣ!

Сарфи назар аз мураккабии вазъи иқтисоди ҷаҳони имрӯза, ки онро буҳрони молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тавозуни буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шудааст.

Агентӣ фаъолияти худро дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти стратегияҳо ва барномаҳои амалкунандаи давлатӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пайваста чораҳои зарурӣ андешида, дар ин давра корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Қобили зикр аст, ки таъмини нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он мусоидат ба рушди сармояи инсонӣ мебошад.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии рақобатпазирӣ дар низоми нафақа ин рушди иқтисодиёти мамлакат ва расидан ба стандартҳои баланди зиндагӣ буда, воситаи асосии мубориза бо камбизоатӣ ва болоравии маҳсулнокии иқтисодиёт ва инчунин рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа низ маҳз барои расидан ба ҳамин ҳадафҳо равона карда шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, татбиқи чорабиниҳои сиёсати шуғл, иттифоқи касаба, ҷуброни хароҷоти БДАҶТ «Амонатбонк» барои хизматрасонӣ ба нафақагирон ва дигар хароҷотҳои Агентӣ 1 млрд. 475 млн. сомонӣ равона шудааст,  ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50 млн. сомонӣ ё 3,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои камдаромад, ки аз ҳисоби даромади худ маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоиро пурра таъмин карда наметавонанд,               305,3 млн. сомонӣ равона шуд.

Сарфи назар аз иҷро нагардидани қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, ки дар буҷет афзалият дода шудааст, таъмин шуданд.

Ҳоло ҳам дар иҷрои қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа камбудиҳо ба назар мерасанд. Шаҳру ноҳияҳои алоҳида қисми даромади буҷетро таъмин накарда, дар баробари ин, ба афзоиши бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ роҳ доданд.

Дигар масъалае, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати моро ба он ҷалб намуд, ин ҷой доштани баъзе камбудиҳо дар таъину пардохти нафақа мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади таъмини шаффофият ва аз байн бурдани ҳолатҳои беасос муқаррар намудани гурӯҳи маъюбӣ пардохти нафақаи 62429 нафар маъюбон муваққатан боздошта, мавриди боздиди такрорӣ  қарор дода шуданд.

Аз ин шумора, гурӯҳи маъюбии 45583 нафар тасдиқ гардида, пардохти нафақаашон амалӣ гардида истодааст ва гурӯҳи маъюбии 12473 нафар, бо дарназардошти барқарор гардидани саломатиашон қатъ гардида, аз ин шумора ба 2642 нафари онҳо бинобар расидан ба синни нафақа, нафақа аз рӯи синну сол таъин карда шудааст. Гурӯҳи маъюбии 9831 нафар бошад, пурра қатъ карда шуд, ки маблағи талаботи моҳонаи он 1,7 млн. сомониро ташкил менамуд ва маблағҳои сарфагардида барои пардохти саривақтии дигар нафақаҳо равона шуда истодааст.

Теъдоди нафақагироне, ки бо сабабҳои гуногун ба боздиди такрорӣ ҳозир нашуданд, 4373 нафарро ташкил менамоянд, ки дар ин самт тибқи фармоиши муштарак кор идома дорад.

Ҳамчунин дар ин давра 113 нафар хизматчиёни давлатие, ки дар як вақт нафақа аз рӯи маъюбӣ ва ҳам фаъолияти меҳнатиро дар сохторҳои хизмати давлатӣ пеш мебурданд (маъюбони гурӯҳҳои III) аз нафақаи таъингардида даст кашида, фаъолияти меҳнатиро интихоб намудаанд, ки талаботи моҳонаи онҳо дар як моҳ ба 63722,75 сомонӣ баробар буда, ин маблағ низ сарфа гардида, барои пардохти нафақаи шаҳрвандон равона шуда истодааст.

Дар баробар ин, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ ва мақомоти дахлдори назоратӣ дар натиҷаи санҷишҳои раванди таъину пардохти нафақаҳо, аз ҷумла нафақаҳо аз рӯи маъюбӣ, бақияи маблағҳои нафақаи нафақагирони фавтида, кӯчбаста ва дигар ҳолатҳо, пардохти кумакпулиҳо барои дафн, истифодаи мақсадноки маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар корхонаву ташкилотҳо ба суратҳисоби Агентӣ 2,8 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.

Инчунин 887,4 ҳазор сомонӣ қарзи корхонаву ташкилотҳо барои пардохти нафақаҳои имтиёзнок, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети Агентӣ амалӣ шуда буд, рӯёнида шуданд.

Барои пешгирӣ ва минбаъд роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо Агентӣ омилҳое, ки ба чунин камбудиҳо оварда мерасонанд, пайваста таҳлил намуда, ба маълумоти кормандони Агентӣ ва сохторҳои он дар маҳалҳо мерасонад.

Дар баробари ин, барои аз лиҳози ҳуқуқӣ ба танзим даровардани камбудиҳои ҷойдошта ва такмили низоми қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Агентӣ  як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва пешниҳод намуд, ки бо дастгирии шумо, вакилони гиромӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардида, мавриди амал қарор дода шуданд ва барои дар амал татбиқ намудани онҳо мунтазам мониторинг гузаронида мешавад.

Муҳтарам Раисикунанда ва вакилони гиромӣ!

Барои амалӣ намудани тавсияҳое, ки имрӯз дода мешаванд, дар ҳамкорӣ бо шумо, вакилони гиромӣ ва вазорату идораҳои дахлдор, тамоми чораҳои заруриро меандешем, то ин ки ҳадафҳо ва тадбирҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таъмин карда шаванд.

Баъд аз шунидани гузоришҳо оид ба масъалаи муҳокимашаванда миёни вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулин саволу ҷавоб сурат гирифт. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул, Зуфархон Исмоилзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Дилшод Исматуллоев, Мирзодавлат Сабурзода, Мусаллама Қодирова, Гулнора Бобоева, Ҳаёт Одинаев, Анвар Тағоймуродов, Лутфия Раҷабова, Мавлуда Қаландарзода, Баҳром Абдуалимов, Комил Салимзода, Ҳилолбӣ Қурбонзода, Ҷаббор Ахмедов, Хисрави Абдуназар, Иброҳим Абдуллозода ва Амрихудои Дамдор роҷеъ ба омилҳои паст кардани сатҳи таваррум ва нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, пешпардохти андозҳо аз ҷониби соҳибкорон, роҳҳои ҳалли рӯёнидани қарзҳои пахтакорон, пардохт нагардидани андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ аз музди меҳнати чинакчиёни пахта, таъмини шаффофияти ҳисоботдиҳии андозсупорандагони азим, пешгирии истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои Буҷети давлатӣ, зиёд шудани бақияпулиҳои андоз, таври қочоқ ворид шудани маҳсулоти зераксизӣ, ҷудо гардидани маблағҳо барои татбиқи барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда, зиёд кардани маблағгузорӣ ҷиҳати хариди доруворӣ барои баъзе намудҳои бемориҳо ва ғайра савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

РАИСИКУНАНДА: — Вакилони муҳтарам, акнун ба музокираҳо мегузарем. Аз вакилон ва ҳозирин эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки дар муҳокимаи масъала фаъолона иштирок намоянд.

Доир ба камбудиҳои ҷойдошта ва роҳу усулҳои ислоҳи онҳо ҳар вакил метавонад, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои интихобкунандагон, ки дар вохӯриҳо ба миён гузошта шуда буданд, фикру андешаашро ошкоро баён намояд.

Барои сухан кардан дар музокираҳо якчанд нафар номнавис шудаанд. Ба онҳо бо навбат сухан медиҳем.

Сипас, чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи масъалаи дар муҳокимаи парламентӣ баррасишуда музокира намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайрулло Асозода, аз ҷумла чунин иброз дошт:

- Мақсади асосии мо имрӯз дарёфти роҳҳои беҳтар намудани вазъи иқтисодии кишвар ва дар ин замина таъмин намудани ҳаҷми даромадҳои Буҷети давлатӣ мебошад.

Вобаста ба ин масъала якчанд пешниҳод дорем:

1.Оид ба сарчашмаҳои андозбандӣ. Аз воситаҳои ахбори омма, дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон  воқиф мегардем, ки корхонаҳои бисёр, соҳибкорони инфиродӣ фаъолияташонро қатъ намуда истодаанд, даҳҳо корхонаҳои хурду калон солҳо фаъолият накарда истодаанд. Дар ҷумҳурӣ пеш аз қатъ намудани фаъолияти корхонаҳо як комиссияи босалоҳият сабабҳои қатъ шудани фаъолияти корхонаро омӯхта, оид ба роҳҳои ёрӣ расонидан барои давом додани фаъолият хулосаҳо пешниҳод намояд.

Фаъолияти чӣ қадар корхона ва чӣ қадар шаҳодатномаи соҳибкорони инфиродӣ, ки дар нуҳ моҳи соли 2015 қатъ карда шудааст, омӯхта, сабабҳои қатъ шудани фаъолияти онҳо пешниҳод карда шавад.

Агар 50 фоизи ин корхонаҳо ба фаъолият шурӯъ намоянд, ҳам сарчашмаҳои андозбандӣ, ҳам ҷои корӣ зиёд мешуд.

2. Механизми таъмини имтиёзҳо ба соҳибкорон оид ба ворид намудани технология ва таҷҳизоти нав ба ҷумҳурӣ. Таклиф менамоям, ки ҳарсола таҳлили манфиатҳои технологияи воридшуда гузаронида шуда, меъёрҳои ин манфиатҳо муайян карда шаванд ва механизми озод намудан аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ба соҳибкорони ватанӣ, ки аз Паёмҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, сода гардонида шаванд, чунки на ҳамаи соҳибкорон аз ин имтиёзҳо истифода бурда метавонанд.

3. Оид ба андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андоз аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ бо бисёр давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон монанд аст. Меъёрҳои амалкунандаи дар моддаҳои 222, 223, 224, 225 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, ки бонуси обунавиро муайян менамояд, имконияти шаҳрвандон ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳдуд намуда, имконияти шаҳрвандон ва корхонаҳои хориҷиро зиёд менамояд, чунки вазъи молиявии мо ва кишварҳои мутараққии хориҷӣ фарқияти ниҳоят баланд дорад.

Аз ин лиҳоз, хоҳиш менамоям, ки меъёрҳои пардохти андозҳо оид ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ нисбат ба  корхонаҳо ва шаҳрвандони ватанӣ аз нав баррасӣ шавад.

Вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Қудратов оид ба баъзе қазияҳои банақшагирӣ ва хароҷоти Буҷети давлатӣ ибрози назар кард.

Мавсуф дар робита ба ин гуфт, ки таҳлили нуҳ моҳи соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки арзиши маҳсулоти саноатӣ — 12,8 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ- 5 фоиз, гардиши чакана- 7,3 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ — 8,1 фоиз коҳиш ёфтаанд.

Даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ соли ҷорӣ нисбат ба нақша 391,9 миллион сомонӣ кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ иҷрои сифатноки қисми даромади буҷет аз рӯи баъзе намудҳои андоз таъмин нагардид, ки дар натиҷа 785 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нашуд

Ин ҷо савол ба миён меояд: «Барои чӣ чунин ҳолат рух дод?». Ба фикри ман, сабаби ин нодуруст ба нақша гирифтани қисми даромади буҷет мебошад.

Таҳлили банақшагирии даромади буҷет дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ нишон медиҳад, ки мақомоти дахлдор барои таҳияи қисми даромади буҷет олимҳои макроиқтисоддон, мутахассисоне, ки ба воситаи усул ва моделҳои математикӣ банақшагирии даромади буҷетро пешгӯӣ менамоянд, ҷалб мешаванд.

Омили дигаре, ки барои дақиқ банақшагирии буҷет халал мерасонад, ин нодурустии маълумотҳои оморӣ мебошад. Бинобар ин, дар ин самт чорабиниҳои зиёдеро амалӣ кардан лозим аст.

Таҳлилҳои қисми хароҷоти буҷет нишон медиҳанд, ки сохтори хароҷот дар соҳаи иҷтимоӣ беҳбудиро талаб мекунад. Ҳоло қариб 90 фоизи маблағҳои ба соҳаи тандурустӣ ҷудошуда ба беморхонаҳо ва танҳо даҳ фоиз ба муассисаҳои пешгирии касалиҳо (дармонгоҳҳо ва дигар муассисаҳои ташхисӣ) ҷудо карда мешаванд.

Тавре аз гузоришҳои имрӯза бармеояд, дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ зарари молиявӣ ба маблағи 102,5 миллион сомонӣ ошкор шудааст. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар низоми идоракунии молия оид ба шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ камбудиҳо вуҷуд доранд.

Аз ин лиҳоз, барои беҳбудӣ бахшидани идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва таъмини сифатноки Буҷети давлатӣ якчанд пешниҳод дорам:

1. Барои асоснок ва бо эҳтимолияти баланд пешгӯйӣ намудани банақшагирии буҷет ба гурӯҳҳои корӣ олимони макроиқтисоддон, мутахассисони математик — моделсозҳо ҷалб карда шаванд.

2. Дар оянда идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дуруст ва саҳеҳ дарҷ кардани маълумоти оморӣ чорабиниҳои мушаххас андешанд.

3. Барои самаранок намудани таъсири буҷет ба тараққиёти иҷтимоӣ, тандурустӣ, неруи инсонӣ дар сохтори хароҷоти буҷет маблағҳое, ки ба муассисаҳои пешгирии касалиҳо (дармонгоҳҳо, амбулаторияҳо ва дигар муассисаҳои ташхисӣ) ҷудо мешаванд, зиёд карда шавад.

4. Дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи таҷдиди идоракунии соҳаи молия, ки аз соли 2015 то соли 2018 амалӣ мегардад, оид ба шаффоф намудани механизмҳои хароҷоти буҷет ва пешгирии коррупсия чораҳо андешида шаванд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов минҷумла чунин зикр кард:

- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ба арзишҳои демократӣ ва мардуми кишвар дар давраи мутобиқшавӣ ба ин арзишҳо қарор дорад, аз ин лиҳоз, баъзе мушкилот ва камбудиҳо низ вуҷуд дорад.

Мо тамоми санаду қонунҳоро мутобиқи арзишҳои демократӣ аз корхонаи хурд то институти президентӣ дар асоси талабот ва пешниҳодҳои мардуми кишвар ва сохторҳои марбутаи давлатӣ иваз кардем.

Имрӯз мо дар ғанӣ кардани буҷет баъзе мушкилот дорем. Вале дар солҳои наздик ин мушкилот бартараф хоҳад шуд, чунки иқтисодиёти Тоҷикистон сол то сол рушд меёбад ва дар давраи гузариш ин воқеият аст. Мо дар сатҳи идоравӣ ва салоҳиятнокии кормандони гумрук ва мақомоти андоз мушкилот надорем. Онҳо вазифаи худро пурра иҷро мекунанд. Мо дар масъулият ва интизоми баъзе андозсупорандагон мушкил дорем, масалан андозсупорандагони азим. Сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ ин масъаларо бояд баррасӣ намоянд.

Мехоҳам баҳри ташаккули Буҷети ҷумҳурӣ ва иҷро гаштани қисми даромади он чанд пешниҳодро ба самъи шумо расонам, зеро имрӯз мо бояд манбаъҳои нав барои қисми даромади буҷет дарёфт намоем:

- таъмини шаффофияти ҳисоботҳои андозсупорандагони азим;

- баланд бардоштани андози иҷтимоии ширкатҳои телефонҳои мобилӣ;

- пурра ба монополияи давлат даровардани коркард ва истеҳсоли сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо, аз қабили тилло, нуқра, сурб ва ғайра;

- бамаротиб баланд бардоштани ҳама гуна андозҳо аз истеҳсол ва фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку;

- ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ бояд вобаста ба иқлим андозбандӣ карда шаванд, зеро иқлим дар Тоҷикистон гуногун аст. Масалан, дар ноҳияҳои кӯҳӣ як бор ҳосил мегиранд, вале дар ноҳияҳои дигар се — чор маротиба.

- андоз аз ҳар саҳмия даҳ сомонӣ аст, вале дар баъзе ҳолатҳо ба як саҳмия даҳ сотих, 20 сотих, 50 сотих ва 80 сотих замин рост меояд. Яъне, адолати андозбандӣ риоя карда шавад;

- андози иҷтимоӣ дар тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзӣ кам карда шавад. Имрӯз ба чунин ислоҳот ниёз ҳаст.

Вакили Маҷлиси намояндагон Мирзоанвар Ахмедов дар оғози суханронӣ таъкид дошт, ки солҳои охир дар таъмини рушди иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ дигаргуниҳои назаррас ба миён омадаанд, ки аз ташаккулёбии имкониятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дар натиҷаи изофанависии корҳои сохтмонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ ва дигар сабабҳои субъективӣ ба сатҳи самаранокии хароҷоти давлатӣ таъсири манфии худро расонида истодаанд.

Инчунин дар ҷараёни таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба камбудиҳои ҷиддӣ дар самти истифодаи имкониятҳои афзоиши ҷамъоварии андозҳо роҳ дода мешавад. Бо сабаби дар сатҳи воқеӣ муайян накардани нақшаи даромад ва пурра ба инобат нагирифтани рӯёнидани бақияпулии пардохтҳою андозҳо мақсаднок истифодабарии Буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда намешавад. Умуман, имконияту захираҳои дар гузориш зикргардида шаҳодат медиҳанд, ки онҳо дар ҷараёни банақшагирии қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2016 бояд ба инобат гирифта шаванд.

Ҳамзамон таклифҳои зеринро барои дар оянда ба инобат гирифтан пешниҳод менамоем:

-таҳлили иҷрои уҳдадориҳои гирандагони маблағҳои буҷетӣ, яъне бозпас гардонидан бо пардохти фоизи истифодабарии маблағҳои буҷетӣ;

- таҳия ва қабули нақшаи ҷудо намудани маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати хариди маҳсулоти кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва иҷрои он;

- ҷудо намудани маблағҳои буҷетии суроғавӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ, хусусан дар дарёи Панҷ (ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ);

- фароҳам намудани имкониятҳои афзоиши ҷамъоварии андозҳо дар буҷетҳои маҳаллӣ.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз зимни суханронии хеш чунин зикр намуд:

-Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд зикр намуданд, ки «Дар чунин шароит, яъне дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои мавҷуда, аз ҷумла дар самти истифодаи захираҳои табиии кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ватанӣ, коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон пайваста чораҷӯӣ намоем».

Бо дарназардошти ин ва баррасии масъалаи муҳокимашаванда ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ пешниҳодоти зеринро ироа менамоем:

1. Дар тамоми ҷумҳурӣ эълон намудани ташаббуси думоҳаи (моҳҳои ноябр ва декабр) «Мо — андозсупорандагон рушди Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем». Бо мақсади дастгирии ин ташаббус бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдор омилҳои ҳавасмандгардонӣ муайян шуда, ҳамзамон бо мақсади мусоидат дар кам намудани бақияпулиҳои андоз аз ҳисоби намояндагони сохторҳои давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шавад. Оид ба дастгирии ташаббуси мазкур роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол намоянд.

2. Андешидани чораҳои иловагӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидорҳои содиротии кишвар аз ҳисоби содироти сабзавот, пиёзи барвақтӣ, мевагӣ ва меваи хушк, ки дар содироти он хоҷагиҳои деҳқонӣ мушкилӣ мекашанд.

Дар самти мазкур бояд аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо намояндагони тиҷоратии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, соҳибкорони дохилӣ ва бурунмарзӣ, вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Нақшаи кӯтоҳмуҳлати амал барои муайян намудани шарикони хориҷӣ ва ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ бо мақсади дастгирии содироти маҳсулоти номбурда дар соли оянда таҳия карда шавад.

3. Аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани лоиҳаи Барномаи амал барои зиёд намудани молҳои содиротивазкунанда дар соли 2016. Дар барномаи мазкур бояд якчанд номгӯи молҳои содиротивазкунанда (на зиёдтар аз панҷ номгӯй, масалан бастабандии гиёҳҳои шифобахш ва афшурдаи мевагӣ, истеҳсоли гаҷ ва ғайра) ва чораҳо оид ба дастгирии давлатии корхонаҳои истеҳсолкунандаи ин номгӯи молҳо муайян карда шаванд.

4. Вусъат бахшидани бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул бо мақсади аниқ ва муайян намудани манбаъҳои андозбандӣ ва ташкили алоқаи электронии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул бо сохторҳои бақайдгирии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Баланд бардоштани меъёри андози замин ва амвол барои корхонаҳое, ки хусусӣ карда шудаанд ва фаъолият намекунанд.

5. Мавриди омӯзиш қарор додани имтиёзҳои андозбандӣ.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагон Ҳилолбӣ Қурбонзода ба музокира баромада, зимни суханронӣ, аз ҷумла, чунин иброз дошт:

- Бо қаноатмандӣ бояд зикр намоем, ки самтҳои асосии сиёсати Буҷети давлатӣ барои таъмини нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии кишвар, суръат бахшидан ба ислоҳот дар раванди идораи босамари сиёсати молиявӣ тариқи амалӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ равона гардидааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»  танҳо ба ин мақсад қариб ҳашт миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин рақам зиёда аз 50 фоизи хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, бо дарназардошти хароҷоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, зиёда аз 5,3 млрд. сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин 52,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Инчунин бо мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷетӣ давлатӣ зиёда аз шаш миллиард сомонӣ равона мегардад.

Ҳамзамон аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа мунтазам дастгирӣ меёбанд. Ҳамасола афзун намудани маблағгузорӣ дар ин самт, ёрмандӣ ба ятимону маъюбон, нафақахӯрон, дастгирии оилаҳои камбизоат,  таъмиру таҷдиди мактаб — интернатҳо, хонаҳои кӯдакону пиронсолон ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани онҳо пайваста амалӣ гардида истодааст.

Сарфи назар аз дастгириҳои пайгиронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ҳанӯз мушкилиҳо зиёданд.  Бинобар ин, пешниҳод менамоем, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зеринро мавриди  таҳлилу баррасӣ  қарор дода, дар таҳияи Буҷети давлатии соли 2016 ва солҳои оянда ба маблағгузории ин соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа диққати махсус диҳад. Ба ин манзур, омилҳои зерин бояд мадди назар бошанд:

-зиёд намудани маблағгузории соҳаи тандурустӣ,  хусусан барои беморони гирифтори бемории сил, диабети қанд, кӯдакони гирифтори бемории нуқсонҳои модарзодии дил ва ғайра;

- мавриди баррасӣ қарор додани андозаи нафақаи шаҳрвандон, масалан андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ дар ин давра 249,03 сомонӣ, нафақаҳои суғуртавӣ 357,32 сомонӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ 126,63 сомонӣ ва дар маҷмӯъ, андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 230,0 сомониро ташкил менамояд, ки дар шароити имрӯза ин маблағи ночиз аст;

- бартараф намудани тафриқаи музди меҳнат байни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки айни ҳол аз 23 то 25 фоизро ташкил мекунад ва нокифоя будани маблағ барои хӯрокпулии касбомӯзон (0,48 дирам  барои як нафар дар як рӯз);

-дар сатҳи зарурӣ маблағгузорӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», Нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023».

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён зимни суханронӣ чунин иброз дошт:

- Барои ташкили Буҷет ва татбиқи самараноки он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тадбирҳои зиёде андешида шуда, аммо натиҷаҳои нақшавӣ пурра ба даст наомада истодаанд.

Яке аз усулҳои муносиб ва муътамад ин неруи зеҳнии инсон ба шумор меравад, ки бо таҳким бахшидани он, яъне баланд бардоштани маърифати иқтисодӣ ва мафкураи миллӣ ва муосири ҷомеа метавон на танҳо иқтисодиёту Буҷети кишварро ғанӣ гардонид, балки заминаи нигаҳдории суботу оромӣ, осоиштагӣ ва боамнии ҷамъиятро устувор намуд, зеро маҳз ҷомеаи дорои мафкураи устувор ва иродаи қавӣ метавонад ба ҳама гуна буҳронҳо ва таҳдиду тазодҳо истодагарӣ намояд.

Дар ин радиф, амалисозии консепсия ва ё барномаи ташаккули мафкураи миллии ҷомеа, бо дарназардошти таҳким бахшидани маърифати иқтисодии шаҳрвандон мувофиқи мақсад мебошад.

Дигар масъала, ин истифодаи усулҳои алтернативӣ ва ё ёридиҳанда дар татбиқи Буҷети давлатӣ мебошад, ки онҳоро ҷомеаи демократӣ фароҳам овардааст. Сухан атрофи фаъол гардонидани иштироки институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалисозии фармоишҳои (вазифаҳои) давлатӣ меравад. Бо ин роҳ метавон Буҷети давлатиро сарфа намуд, сарбории гурӯҳи муайяни хизматчиёни давлатиро сабук ва ҳолатҳои коррупсиониро кам гардонид, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ имконият фароҳам овард, самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетиро таъмин намуд, зеро дар ин раванд байни субъектҳои дахлдор рақобати хизматрасониҳо пайдо мегардад, ки аз манфиат холӣ нест.

Ин усулҳо метавонанд ба бартарафгардонии камбудиҳо, ба монанди самаранок истифода нашудани маблағҳои буҷетӣ ва дар сатҳи касбӣ таҳия нагардидани лоиҳаи буҷетҳо, мусоидат намоянд.

Раисикунанда: — Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини арҷманд!

Аз гузоришҳо ва раванди баррасии масъала маълум гардид, ки дар  нуҳ моҳи соли ҷорӣ иҷрои нақшаи Буҷети давлатӣ таъмин нагардидааст. Ҳамзамон дар ин давра бақияпулиҳои андоз нисбат ба 1 январи соли 2015 ба андозаи 118,2 млн. сомонӣ афзуда, маблағи 737,0 млн. сомониро ташкил доданд.

Зикр бояд кард, ки дар соли 2015 мутобиқи моддаи 10 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар Буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷетҳои маҳаллӣ 808681 ҳазор сомонӣ субвенсияҳо ҷудо шудааст, ки нисбати буҷети соли 2014 — ум 5844,0 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Ҳамзамон аз натиҷаҳои муҳокимаи парламентӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки дар раванди иҷрои буҷет дар нуҳ моҳи соли 2015 назорати истифодабарии оқилонаи маблағу воситаҳои давлатӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар давраи мазкур аз ҷониби мақомоти назоратию санҷишӣ (Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар натиҷаи 1006 санҷишҳои аудиторӣ ва молиявӣ таври умумӣ ба андозаи 307,5 млн. сомонӣ истифодаи ғайримақсаднок ва зарари молиявӣ аз ҷониби вазорату муассисаҳо ва хадамоту бонкҳои алоҳида ошкор шудааст.

Воқеан, натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ, ки аз ҷониби мақомоти назоратии давлатӣ анҷом дода шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳоло ҳам дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳои давлатӣ назорати дохилиидоравӣ таври зарурӣ ба роҳ монда нашуда, аз беназоратӣ ва бемасъулиятии роҳбарону мутасаддиёни ин соҳаҳо шахсони масъул истифода намуда, маблағу воситаҳои давлатиро тасарруф менамоянд.

Боварии комил дорам, ки иҷрои саривақтии тавсияҳое, ки мо имрӯз қабул менамоем, дар рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҷорӣ таъсири мусбии худро хоҳанд расонд.

Аз ин лиҳоз, ба роҳбарони вазорату идораҳо зарур аст, ки барои ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти хизматиашон кӯшиш ба харҷ дода, диққати асосиро ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта равона созанд.

Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти аз ҷониби вакилон баёншуда, қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул шуданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Бурҳониддин КАРИМОВ, «Садои мардум». 

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ