Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

«Ҳисор» ба рӯйхати гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дохил карда мешавад

№21 (3971) 21.02.2019

DSC_3012Бистуми феврали соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Дар толор 60 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Одиназода М. Г.»

2. Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002

3. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»

4. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Одиназода Маҳмадӣ Гул» шурӯъ менамоем.

Дар бораи Одиназода Маҳмадӣ Гул маълумотнома дастраси шумо — вакилони муҳтарам гардидааст. Номбурда баъди хатми донишгоҳ дар вазифаҳои муҳосиб, сармуҳосиби хоҷагӣ кор карда, фаъолияти минбаъдаро дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст. Аз соли 2014 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои гуногун кор кардааст ва ҳоло вазифаи сардори яке аз раёсатҳои Палатаи ҳисобро ба уҳда дорад.

Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода номбурдаро аз ҷумлаи мутахассисони соҳибтаҷрибаю кордон муаррифӣ намуданд.

Ба Одиназода ягон суол ё пешниҳод дошта бошед, марҳамат! Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Одиназода Маҳмадӣ Гул» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» Одиназода Маҳмадӣ Гул савганд ёд кард.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дода мешавад.

 Раҷабалӣ РАҲМОНАЛӢ: - Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 34 гузаргоҳ -16 гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, ҳафт гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, панҷ гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, як гузаргоҳ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва панҷ гузаргоҳ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ иборат мебошад. Айни ҳол миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 12 гузаргоҳи сарҳадии автомобилӣ ва чор гузаргоҳи сарҳадии роҳи оҳан фаъолият дорад.

Бояд зикр намуд, ки бо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои дӯстона миёни халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон равнақ ёфта, ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳарбиву техникӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сайёҳӣ, нақлиётию транзитӣ, инчунин амниятӣ ба хотири таъмини амну субот дар минтақа, ба роҳ монда, барои муошират ва рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар ҷиҳати дидорбинии хешовандон, ёру дӯстонашон ва саёҳату тиҷорат имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Баъди ба фаъолият оғоз намудани гузаргоҳҳо, рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекис­тон соли 2018 нисбат ба соли 2017 беш аз 6,5 маротиба афзуд. Аз ҷумла, агар соли 2017 аз рафтуомади шаҳрвандони Ӯзбекистон тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 204858 нафарро ташкил карда бошад, пас ин нишондод аз моҳи марти соли 2018 ба 1388 180 нафар расид.

Мавриди қайд аст, ки бо мақсади баланд бардоштани иқтидори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, рушди соҳаҳои савдо, тиҷорат, сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ зарурати кушодашавии гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ ба миён омадааст. Бо ин мақсад лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002», ки 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст, аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар мувофиқа бо вазорату идораҳо, таҳия гардид.

Тибқи моддаи 11 — уми Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002, ҷиҳати эътибор пайдо кардан протоколи мазкур бояд аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шавад.

Протокол бо мақсади хубтар шудани муносибатҳо байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекис­тон, содагардонии рафтуомади аҳолии ҳар ду кишвар ва рушди савдои наздисарҳадӣ, ба имзо расонида шудааст. Дар асоси санади зикршуда, гузаргоҳи дутарафаи автомобилии «Ҳисор» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Боботоғ» аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба рӯйхати гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ дохил карда мешаванд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки протоколи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Аҳматҷон Қобилов дода мешавад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002, ки 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади хуб шудани муносибатҳо байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва содагардонии рафтуомади аҳолии ҳар ду кишвар ва рушди савдои наздисарҳадӣ, ба имзо расонида шудааст.

Протокол аз дебоча ва 2 модда иборат мебошад. Дар муқаддима асос ва зарурати ба имзо расидани он баён шудааст. Тибқи протокол,  ворид намудани илова ба номгӯйи гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатӣ, ки замимаи созишномаи номбурда мебошад, яъне илова намудани банди 17 пешбинӣ гардида, гузаргоҳи дутарафаи автомобилии «Ҳисор» ба рӯйхати гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дохил карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон протоколи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ аз 12 феврали соли 2002» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» шурӯъ менамоем.

Мутобиқи муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагон, дар сурати аз ҷониби Маҷлиси намояндагон такроран баррасӣ намудани қонуне, ки онро Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ накардааст, қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул кардани қонуни мазкур аз эътибор соқит дониста мешавад.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»-ро бо дарназардошти ҷонибдорӣ накардани он аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти ҷой надоштани калимаҳои «маҳсулоти биологиро» дар муқаддима ва моддаҳои алоҳидаи қонуни амалкунандаи «Дар бораи истеҳсолот ва хоҷагидории биологӣ», мафҳуми «сертификати истеҳсолоти биологӣ ва маҳсулоти он» дар матни қонуни мазкур, мутобиқ набудани мафҳумҳои «низоми экологӣ» ва «регламенти техникӣ» ба мафҳумҳои соҳавии дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» пешбинишуда, қонуни мазкурро ҷонибдорӣ накард.

Дар асоси зербанди а) банди 366 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоду эродҳои Маҷлиси миллӣ, ки дар шакли тағйиру иловаҳои мушаххас пешниҳод гардидаанд, қабул карда, қонун такмил дода шуд.

Дар мувофиқа бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз қисми 1 моддаи 1 қонун калимаҳои «маҳсулоти биологиро», қисми 2-юми ҳамин модда мафҳуми «сертификати истеҳсолоти биологӣ ва маҳсулоти он» хориҷ карда, дар қисми 2 мафҳумҳои «низоми экологӣ» ва «регламенти техникӣ» ба мафҳумҳои соҳавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» мутобиқ гардонида шуданд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки бо дарназардошти қабули пешниҳоду эродҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» оғоз менамоем.

Мутобиқи муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагон, дар сурати аз ҷониби Маҷлиси намояндагон такроран баррасӣ намудани қонуне, ки онро Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ накардааст, қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи қабул кардани қонуни мазкур аз эътибор соқит дониста мешавад.

Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» 31 октябри соли 2018 дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, бо қарори Маҷлиси миллӣ аз 25 декабри соли 2018 (№596) ҷонибдорӣ наёфт ва вобаста ба он якчанд таклиф пешниҳод гардид. Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 21 январи соли 2019 қонуни мазкур барои баррасӣ ва пешниҳоди хулоса ба Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон супорида шуд. Дар натиҷа, қисми 4-уми моддаи 9 қонун такмил дода шуд, ки тибқи он, ба экспертизаи давлатӣ пешниҳод накардани ашёи берун баровардашаванда асос барои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул кардани қарор дар бораи иҷозат надодан барои берун баровардани он мебошад.

Пешниҳодот ба моддаҳои 4 ва 9 қонун хусусияти аниқкунанда, пурракунанда ва мушаххаскунанда доранд. Мафҳумҳои «Рӯйхат ва феҳрис­ти объектҳои ҳифзшавандаи давлатӣ», ки дар матни қонун дар шакли кӯтоҳ истифода гардидаанд, аниқ ва пурра гардонида, минбаъд чун «Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст» ва «Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ифода карда шуданд.

Ҳамчунин, бо дарназардошти матни қисми 4 -уми моддаи 7, қисмҳои 1-уми моддаҳои 10 ва 13 қонуни мазкур таҳрир карда шуданд. Тағйироти қисми 4 -уми моддаи 8 хусусияти таҳрирӣ дорад.

Ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон 15 феврали соли 2019 тағйиру иловаҳоро ҷонибдорӣ намуд. Ҳама расмиёти вобаста ба пешниҳоди қонуни мазкур ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон, риоя карда шуд.

Тағйиру иловаҳо бо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, шуъбаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагон мувофиқа шудааст.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро, бо дарназардошти тағйиру иловаҳо, ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», мутобиқи банди 371 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ