Истиқлолияти давлатӣ — кафили рушди иқтисоди миллӣ

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

improved_photoЯке аз дастовардҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ истиқлолияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Он аз рукнҳои калидии таъмини пойдорӣ, буда, устуворӣ ва эътимоднокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро таъмин менамояд. Вобаста ба ин аз оғози Истиқлолияти давлатӣ таҳкими пояҳо ва тақвияти истиқлолияти иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, ислоҳоти густурдаи раванд­ҳои иқтисодиву иҷтимоӣ имкон дод, ки барои рушди иқтисодиёти миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам ояд.

Қобили зикр аст, ки солҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо сабаби нооромӣ ва адами суботи сиёсӣ иқтисодиёт дар ҳолати рукуд қарор гирифта, нишондиҳандаҳо рӯ ба таназзул ниҳоданд. Вазъи номусоиди пешомада ва аз байн рафтани низомҳои мавҷудаи идоракунии равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба фақру бенавоӣ ва буҳрони шадиди иҷтимоию иқтисодӣ сабаб гардиданд. Дар ҳамон ҳол, кундшавии суръати рушди иқтисодӣ ва рукуди соҳаҳои асосии он ба амнияти давлат ва истиқлолият хавфи бузург эҷод карданд.

Хушбахтона, бо ноил шудан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар фазои мусоид таъмин карда шуд, зеро суботу оромӣ шарти асосии рушди иқтисодиёт ва таъмини амнияти субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 1997 афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъмин гардида, хусусигардонии моликияти давлатӣ ҷиҳати таъсиси асосҳои иқтисодиёти бозорӣ вусъат ёфт.

Ташкил ва такмили фаъолияти шохаҳои ҳокимият, ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ, ташаккули доираҳои корӣ ва густариши равобити иқтисодию тиҷоратии хориҷӣ имконият фароҳам овард, ки зина ба зина ислоҳоти соҳавӣ татбиқ гардида, иқтисодиёти миллӣ аз буҳрони шадиди сохториву соҳавӣ раҳо ёбад. Хусусигардонӣ, ташаккули бахши хусусӣ, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ бо иштироки созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва аз ҳама муҳим, танзими асосҳои институтсионалии таъмини фаъолияти иқтисодӣ барои рушди фарогири иқтисоди миллӣ замина гузошт.

Татбиқи ислоҳоти густурда, ки дар заминаи таъмини асосҳои институтсионалии мукаммал ба роҳ монда шуд, имкон дод, ки дар иқтисодиёти миллӣ шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омада, дар ҳама самту соҳа қадамҳои устувор гузошта шаванд. Бо муътадил шудани вазъи сиёсӣ дар самти ҷорӣ кардани пули миллӣ, густариши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва ташкили корхонаҳои муштарак, озод намудани нархҳо ва таъмини рушди иқтисодӣ корҳои назаррасе ба анҷом расиданд. Ҳамаи ин имконият дод, ки нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) зиёд гардад.

Дар бист соли охир ММД ба ҳар нафар аҳолӣ аз 288,7 сомонии соли 2000 то ба 7637, 2 сомонии соли 2018 расидааст. Ҳамчунин, суръати афзоиши ММД дар сатҳи мусбат нигоҳ дошта шуда, бо нархҳои ҷорӣ агар соли 2009-ум 20,6 млрд. сомониро ташкил медод, соли 2018 ба 68844,0 баробар шуд. Ба андозаи чанд баробар зиёд шудани нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодӣ далели сиёсати бобарор ва самараноки Ҳукумати кишвар буда, аз натиҷабахшии тадбирҳо ва ислоҳот шаҳодат медиҳад. Қобили зикр аст, ки аз рӯи арзёбии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 аз рӯи суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар байни 193 давлати ҷаҳон мақоми 11 ва дар байни давлатҳои пасошӯравӣ мақоми аввалро ишғол менамояд.

Яке аз хусусиятҳои рушди иқтисодиёти миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ тавассути эълони ҳадафҳои миллӣ инкишоф ёфтани он мебошад. Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015» ҳадафҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар муайян шуданд, ки татбиқи онҳо иқтисодиётро ба сатҳи сифатан нав баровард. Ҳоло амалишавии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷараён дошта, чорабиниҳои афзалиятноки давраи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» шомил шуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ иҷро мегарданд.

№108 3-4Бо таваҷҷуҳ ба иқтидори бузурги гидроэнергетикии кишвар ва аҳамияти муҳими соҳаи энергетика дар иқтисодиёти миллӣ таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба сифати ҳадафи муҳими стратегӣ интихоб шуд. Вобаста ба ин, солҳои охир тавассути ҷалби сармоягузорӣ ва маблағгузории буҷетӣ неругоҳҳои хурду бузург бунёд ва инфрасохтори соҳа таҷдид гардид. Дар баробари ин, ҷиҳати содироти қувваи барқ татбиқи лоиҳаи CASA – 1000 бо маблағи қариб 11 миллиард (ҷониби кишвари мо-3,4 млрд. сомонӣ) сомонӣ идома дошта, ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми НБО «Роғун» дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ қадами устувор ба ҳисоб меравад.

Айни замон дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ дар ҳоли татбиқшавӣ буда, барои таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» 5,5 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Ҳамчунин, бо мақсади бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 470 миллион сомонӣ сармояи давлатӣ пешбинӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 — ум 1,3 баробар афзоиш ёбад.

Бояд гуфт, ки роҳҳо шоҳрагҳои иқтисодиёти миллӣ ба шумор рафта, мавҷудияти ба стандарт ҷавобгӯи онҳо ва инфрасохтори нақлиёти муосир ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ имконият дод, ки Тоҷикистон аз қаламрави сепорча ба қаламрави ягона табдил дода шуда, рафту омади фаромавсимӣ таъмин гардад. Ҳукумати мамлакат баҳри дар амал татбиқ­намоии ҳадафҳои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.

Барои мисол, солҳои 2008-2016 аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ 38 лоиҳаи инвеститсионӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард татбиқ гардид. Дар ин муддат сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Мурғоб – Қулма», «Шоҳон – Зиғар, марҳилаҳои 1, 2, 3», «Шкев – Зиғар», «Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб», «Дӯстӣ – Панҷи Поён, марҳилаҳои 1, 2», «Душанбе – сарҳади Қирғизистон, марҳилаҳои 1, 2, 3», «Душанбе – Чаноқ – сарҳади Ӯзбекистон», «Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ, марҳилаи 1», «Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон», «Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон», инчунин нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» ба анҷом расонида шуданд.

Айни замон дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истода, таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук — Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо дар назар аст. Ҳамчунин, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳҳои мошингарди Душанбе — Бохтар, Хуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Кӯлоб — Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ ба истифода дода мешаванд.

Тибқи омори расмӣ, аз оғози Истиқлолияти давлатӣ то давраи таҳлилшаванда дар соҳаи нақлиёти кишвар 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1,4 млрд. доллари ИМА татбиқ гардиданд. Дар натиҷа, беш аз 2000 километр роҳи автомобилгард, 31 километр нақб, беш аз 240 адад пул, 3,4 километр галереяҳои зиддитармавӣ ва 214 километр роҳҳои оҳан бунёд ёфтанд. Айни ҳол 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии лоиҳавии 638 млн. 771,0 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда истодааст, ки аз ин шумора 8 лоиҳа ба таҷдиду сохтмони роҳҳо, 3 лоиҳа ба харидории техникаи нигаҳдории роҳҳо ва рушди неруи инсонӣ дар соҳа ва 1 лоиҳа ба роҳи оҳан рост меояд.

Тадбирҳои андешидашуда на танҳо ба сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар, балки ба нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расониданд. Масалан, Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) дар маърӯза перомуни вазъи рақобатпазирии ҷаҳонӣ (Global Competitiveness Report) сифати роҳҳоро (Quality of roads) дар кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мақоми 70-умро ишғол меанмояд, ки байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал мебошад (Қазоқистон мақоми 115 ва Қирғизистон мақоми 122).

Яке аз ҳадафҳои марказии Ҳукумати кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти баландсифати ғизоӣ ба ҳисоб рафта, вобаста ба ин солҳои охир ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва комплекси агросаноатӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Такмили низоми муносибатҳои заминдорӣ, ба деҳқон додани замин, азхудкунии заминҳои нав, бунёди боғу токзорҳои нав имконият доданд, ки дар соҳаи кишоварзӣ тағйироти чашмрас ба вуқӯъ пайвандад. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ соли 2019 нисбат ба соли соли 1997-ум 5,6 маротиба афзоиш ёфтааст.

Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият доданд, ки фаъолиятҳои рустанипарварӣ ва чорводорӣ назаррас афзоиш ёбанд. Дар баробари ин, тавассути қабули барномаҳои давлатӣ рушди соҳаи занбӯри асал ва моҳипарварӣ низ инкишоф ёфта, солҳои охир маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ қисми муҳими маҳсулоти содиротиро ташкил медиҳад.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки саноат соҳаи муайянкунандаи иқтисоди миллӣ буда, сатҳи рушди муносибатҳои истеҳсолӣ ва сифати зиндагонӣ ба он алоқамандии бевосита дорад. Вобаста ба ин, солҳои охир саноати кишвар дар маркази татбиқи ислоҳот қарор дошта, саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми рушди миллӣ эълон шуд.

Саноатикунонии босуръати мамлакат ба бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори он мусоидат карда, сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони кишвар ва беҳтаршавии сатҳи зиндагии онҳо мегардад.

Ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, криолит, фториди алюминий, кислотаи сулфат ва коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба самти саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ роҳи васеъ мекушоянд. Дар амалишавии ҷараёни саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо доир ба ҷалби сармояи мустақим бояд саҳми калон дошта бошанд, баҳри бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои кор тадбирҳои мушаххас андешанд.

Тазаккур бояд дод, ки раванди саноатикунонӣ ба бунёди корхонаҳо дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ ва канданиҳои зеризаминӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, масъалаи тайёр намудан ва бозомӯзии кадрҳо барои соҳа пеш омада, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзиро талаб менамояд.

Дар чаҳорчӯбаи амнияти миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти нисбатан муҳим пайдо намуда, ба таъсиси ҷойҳои нави кор, фаровонии бозор, арзонии нарху наво, истифодаи дурусти қувваи қобили меҳнат ва ҳалли мушкилиҳои ҳаёти ҷамъиятию иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Дар ин замина, тавассути бунёди корхонаҳои хурду миёна ва калони саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар ММД аз 15,2 фоиз соли 2016 то 17,3 фоиз соли 2019 афзоиш ёфт. Дар баробари ин, айни замон соҳаҳои алоҳидаи саноати миллӣ, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноати истихроҷ тавонистанд, ки истеҳсоли кифояи маҳсулотро ба роҳ монда, воридотро коҳиш диҳанд ва ё пурра аз байн баранд.

Маҳсулоти саноатӣ соли 2019 нисбат ба соли 2012 зиёда аз дувуним баробар зиёд гардида, айни замон дар кишвар зиёда аз 2160 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Шумораи миёнасолони коркунони истеҳсолоти саноатӣ 85,6 ҳазор нафарро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ мувофиқи омори расмӣ соли 2019 ба 27586,6 млн. сомонӣ баробар гардида, аз ин 4853,3 млн. сомонӣ ба саноати истихроҷ, 15927,5 млн. сомонӣ ва 6624,2 млн. сомонӣ ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво рост меоянд. Ҳамчунин, сохтори соҳавии саноат тағйир ёфта, саноати коркард 57,7 фоиз, саноати истихроҷ — 17,6 фоиз ва истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ ва об 24,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар 6 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 13137,0 млн.сомонӣ, суръати рушди он ба 9,2 фоиз баробар шуд.

Вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтори саноатӣ фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ рушд намуда, дар онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 198486,8 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар МОИ «Суғд» 163260,8, МОИ «Данғара»-34339.3 ва МОИ «Панҷ» 886,7 ҳазор сомонӣ баробар шуд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар 7 соли охир бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи саноати сабук 49 корхонаю коргоҳ ифтитоҳ ёфтаанд, ки дар онҳо зиёда аз 7300 ҷойҳои кори нав муҳайё гардидааст. Аз ин шумора 11 корхонаю коргоҳ бо 1475 ҷойи кор ба соли 2013, 7 корхонаю коргоҳ бо 950 ҷой кор соли 2014, 8 корхонаю коргоҳ бо 1710 ҷойи кор соли 2015, 3 корхонаю коргоҳ бо 995 ҷойи кор соли 2016, 5 корхонаю коргоҳ бо 600 ҷойи кор соли 2017, 6 корхонаю коргоҳ бо 510 ҷойи кор соли 2018, 5 корхонаю коргоҳ бо 280 ҷойи кор соли 2019 ва 4 корхонаю коргоҳ бо 850 ҷойи кор ба соли 2020 (7 моҳ) рост меоянд.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолияти давлатӣ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ мебошад. Дар ин давра на танҳо асноди меъёриву ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул гардиданд, балки механизмҳои дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонии бозорӣ низ такмил дода шуданд. Дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва танзими шароити созгор барои рушди соҳибкорӣ имкон дод, ки ҳиссаи бахши хусусӣ дар ММД ба андозаи назаррас боло рафта, соҳибкорӣ ба фишанги муҳимтарини таҳрикдиҳандаи иқтисодиёти миллӣ табдил ёбад.

Ба рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ тадбирҳои иловагии иқтисодӣ ва институтсионалӣ низ таъсири мусбат бахшиданд. Барои мисол, ташкили МД «Фонди дастгирии соҳибкорӣ», эълони моратория ба санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои хоҷагидор, такмили низоми иҷозатномадиҳӣ ва ташкили «равзанаи ягона» муҳити соҳибкориро комилан тағйир дода, барои рушди ҳаматарафаи он замина гузоштанд. Мувофиқи омори расмӣ, дар кишвар 284,7 ҳазор нафар ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғул буда, дар баробари ин 172668 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳукумати мамлакат ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ҷидду ҷаҳди зиёд намуда, ислоҳоти иқтисодиро мунтазам идома дод. Дар натиҷа, Тоҷикистон тибқи арзёбии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба рӯйхати 10 кишвари пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дохил гардид.

Истиқлолияти давлатӣ имконият дод, ки кишвар робитаҳои мустақими тиҷоратию иқтисодиро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор намуда, дар баробари амалисозии фаъолияти содиротию воридотӣ, ҳамчунин ҷалби сармоягузориро ба роҳ монад. Ин буд, ки тавассути андешидани чораҳои мушаххас сармоягузорӣ дар кишвар такмил ёфта, ба сармоягузорони хориҷӣ як қатор имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешниҳод шуд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки бахши сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми муассир гузорад. Масалан, айни замон дар кишвар 649 корхонаи муштарак фаъолият дорад, ки на танҳо дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ, балки дар баландбардории самаранокии истифодаи захираҳои таббиию иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои кор ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар аҳамияти калидӣ доранд. Даромади корхонаҳои муштарак соли 2018 ба 10751,0 млн. сомонӣ баробар гардида, дар сохтори маҳсулоти саноатӣ саҳми калон доранд.

Ҳамин тавр, бо гузашти 29 соли соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ дар заминаи сиёсати комил ва фарогири давлатӣ рушди бемайлон дошта, такмили муносибатҳои истеҳсолӣ, таҳкими ҳавасмандии субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ ва иҷрои босифати стратегия ва барномаҳои давлатӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари пешрафтаи саноатӣ ва сарзамини амалишавии орзуҳо табдил ёбад.

Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) омадааст: «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».

Мардуми шарифи кишвар итминони комил доранд, ки сиёсати созандаю ободкоронаи кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаву тақвият меёбад, зеро мақсаду ҳадафи сиёсати воқеӣ фақат пешрафти иқтисодиёт, маънавиёт, илм, фарҳанг ва иҷтимоиёти ҷомеа буда, дурнамои ҳадафҳояш расидан ба саодати мардум ва осудагиву тараққиёти оламшумули мамлакат мебошад. 

Машраб ФАЙЗУЛЛОЕВ,

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор