Истиқлолияти энергетикӣ — замина баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

№108 (4214) 05.09.2020

МАхмудовИнак, 29 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамчун кишвари соҳибис­тиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона пеш бурда истодааст.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати мамлакат сол ба сол дастовардҳои сокинони кишвар дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат афзун мегардад. Тоҷикис­тон пайгирона ва тадриҷан ба марҳилаи нави тараққиёт ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ворид шуда, ба сӯи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мезанад.

Дастовардҳои сиёсии солҳои охири Тоҷикистон, ки дар маҷмӯъ, аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат мебошанд, ҳамчун омили асосии ризояти ҷомеа ва нишони маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегарданд.

Ислоҳот, дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони кӯпрукҳо, нақбу роҳҳо, эҳёву рушди соҳаҳои саноат, энергетика, металлургияи ранга ва бунёди дигар иншооти ҳаётан муҳим шароити муносиби зиндагиро барои сокинон ва пешрафту ободии ҷумҳурӣ фароҳам овардаанд.

Бунёди иншоот на танҳо аҳамияти бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ дорад, балки барои боз ҳам мустаҳкам гардидани истиқлолияти комили ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Ҳоло дар кишвар шароите ба миён омадааст, ки ҳар як шаҳрванд метавонад дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеашро бо хости худ муайян намояд.

Бамаврид аст аз дастовардҳои соҳаи энергетика, ки дар таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва рушду устувории он заминаҳои боэътимод фароҳам меоварад, ёдовар шавем.

Воқеан ҳам, шароити солҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ, ки мардуми кишварро ба душвориҳо рӯ ба рӯ гардонид, дарёфти роҳҳои судманду муассирро дар ин самт тақозо менамуд. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир ва тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд.

Бо ибтикори Пешвои миллат ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат эълон гардид, ки дар партави он корҳои бузург анҷом ёфтанд. Аз ҷумла, иншооти бузурге, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 2» бо иқтидори 220 МВт, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» (марҳилаи аввал бо иқтидори 100, марҳилаи дуюм бо иқтидори 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ) мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бар илова, соли 2018 агрегати якуми НБО-и «Роғун» ва соли 2019 агрегати дуюми он ба кор даромад.

Ҳамчунин, неругоҳҳои барқии обии хурд, ки 16 ададашон бо иқтидори 11,4 МВт таҳти назорати ШСХК «Барқи Тоҷик» қарор доранд, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра амалӣ намудани лоиҳаи минтақавии CASA — 1000 шурӯъ гардид, ки сохтмони он идома дорад.

Ҳамчунин, аз давлатҳои Фаронса, Италия, Испания ва Олмон таҳҷизоти асосии дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВт, кабелҳои баландшиддат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратии сис­темаи телекоммуникатсионӣ ба ҷумҳурӣ ворид ва ба НБО-и «Норак» насбу васл карда, 27 апрели соли 2016 ба истифода дода шуд.

27 апрели соли 2015 зеристгоҳҳои барқии «Шаҳринав» бо иқтидори 2 х 150 МВт, «Хонақоҳ» бо иқтидори 2 х 25 МВт, хатти интиқоли барқии 110 кВт барои пайвастани зеристгоҳ дар доираи лоиҳаи «Сохтмони дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 300 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ғайр аз ин, хатти интиқоли барқии 220 кВт «Гулистон» дар ноҳияи Ашт ба кор даромад. Таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» соли 2019 ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардид. Татбиқи чунин лоиҳа дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар назар аст, ки таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» аввали соли 2021 ба анҷом расад. Дар натиҷа, иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад.

Айни замон, кор дар самти оғози бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон босуръат идома дорад. Барои бунёди он беш аз 470 миллион сомонӣ сармояи давлатӣ равона гардидааст, ки соли 2022 ба истифода дода мешавад.

Зимнан, таъкид бояд кард, ки ояндаи кишварро бе соҳаи энергетика тасаввур намудан ғайриимкон аст. Амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути рушди энергетика ба даст хоҳад омад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки: «Барои расидан ба ҳадафи истиқлолияти энергетикии кишвар дар давоми ҳафт соли минбаъда сохтмони НБО-и «Роғун» идома ёфта, ба истифода додани НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA — 1000» анҷом хоҳад ёфт. Дар ин бахш таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд», оғози лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии «Фон- Яғноб» ва дигар неругоҳҳои барқи обӣ дар нақшаҳои минбаъдаи мо пешбинӣ шудаанд».

Бо итминон метавон гуфт, ки рушди энергетика муҳаррики иқтисодиёти мамлакат, омили ғанӣ гардидани буҷети кишвар ва тавсеабахши соҳаи саноат аст.

Татбиқи тарҳҳои бузург Тоҷикистонро аз вобастагиҳо раҳо намуда, барои дастовардҳои нав ба нав ва таҳкими истиқлолияти Ватан заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА,  

вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон