Истиқлолиятро сано хонда, ҳақиқатро ситоиш кардаам

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

DSC_8972Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» дар давоми мавҷудият чун садои ҳақиқии дили мардуми кишвар ба ҷомеа хидмат намуда, дар ташаккули афкори сиёсиву иҷтимоӣ, худогоҳиву бедории миллӣ саҳм дош­ту дорад. Он чун нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтани ҷомеаи қонунмадор, худогоҳу бедор саҳми бузург мегузорад. Биноан, ба таври рамзӣ бо рӯзномаи ­«Садои мардум» суҳбат оростем, ки манзур мегардонем.

  Дар дунё ҳама чиз ба сӯи камолу ҷамол дар ҳаракат аст. Ҳар мелод низ ҳикмат дорад. Оғози зиндагиро дар ёд доред?

- Ман садое пинҳон дар дилҳо будам: садои ободӣ, садои озодӣ, садои худогоҳиву ҳувиятшиносӣ. Қафаси синаҳо бароям тангӣ мекард, неруе ҳидоят месохт, ки фарёд каш, дар фазои кӯҳу саҳро, деҳу шаҳрҳои Тоҷикистон садои мардум шав! Хуни қаламро ба ҷӯш овар, ҳақиқатро, адолатро, саодатро пайғом деҳ. Ва ман аз дилҳои мардум ба забонҳояшон ва аз забонҳояшон ба фазои сухани ишқофарин пар кушодам ва то ба ҳол бо хуни қалам зиндагӣ дорам.

- Аммо оғоз басо сангину душвор набуд?

- Оре, пайки бедорӣ мерасид. Овои худшиносӣ мавҷи фазоро меларзонд. Ватанхоҳӣ, истиқлолталабӣ овоз меандохт. Одамон ташнаи озодӣ дар канори Тоҷикистон буданд, аммо неруҳои аҳриманӣ қомати овози додхоҳонро шикастан, пора кардан мехостанд. Замоне ҳасос ва давроне тақдирсоз буд. Ман, ки он вақт дар дилҳои одамон манзил доштам, эҳсосоташонро мешинохтам, самимияташонро ҳис менамудам. Ба ҷуз ин, фиғони неруҳои аҳриманӣ ба гӯшам мерасид. Ҳамон аҳримане, ки қомати таманнои тоҷикро шикастан мехост, орзуҳояшро ба сӯи хок мебурд ва саодаташро хоҳиши ба хокистар нишондан дошт. Ва он гоҳ ман чун «Садои мардум» қад алам кардам ва барои расидан ба рӯзи босаодат талош варзидам.

- Ибтидои солҳои навади асри XX дар Тоҷикистон ҷунбишу пархошҳо ба вуҷуд омад ва аз онҳо чӣ гуна худро дифоъ кардед?

- Ман садои мардум будам, садое, ки аз соҳиб дифоъ мекард. Дар пушти ман мардуми Тоҷикистон меистод. Аз ин рӯ, тарсеву ҳаросе дар вуҷудам пар намекашид ва ҳастиямро намеларзонд. Дар дунё қавитар аз садои мардум, садои адолату ҳақиқат чизи дигаре нест. Он вақт Муродулло Шерализода, ки нахустин сармуҳаррир таъин гардид, мақсади маро ошкор карда, дар шумораи нахустин навишт: «Садои мардум» минбари халқ ва барои халқ аст. Дар саҳифаҳои он барои чапгароию ростгароӣ, барои моҷароҷӯию фитнаангезӣ, хусумату ниқоргирӣ ва таҳрифи ҳақиқат ҷой нахоҳад буд».

- Магар он вақт ҳақиқат таҳриф мешуд?

- Он вақт неруҳое пайдо шуда буданд, ки парокандагӣ ва таҳрифи ҳақиқат пешаашон буд. Мехостанд бедории миллиро барои қонеъ гардонидани нафси балоангези худ истифода баранд. Ин чиз бузургтарин хатар барои миллати тоҷик буд. Он бадхоҳон мисли табаре буданд, ки ҳам ба реша ва ҳам ба қомати миллат зарба задан мехостанд.

Он замон барои тоҷикону тоҷикис­тониён минбаре лозим буд, ки ҳарфи ҳақро бигӯяд ва мардумро аз инҳирофу нобудӣ ҳушдор диҳад, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Ман — «Садои мардум», ана, ҳамин гуна минбар шудам.

Рӯзноманигороне, ки дар оғӯши ман фаъолият доштанд, ифодагарони афкору андешаи поку беолоиши халқ буданд. Онҳо тавассути нигоштаҳо пули устуворе гаштанд миёни мардум ва Ҳукумат.

- Ба оташу дуди бархоста магар сухан корагар мешуд?

- Сухан муъҷиза аст. Гоҳ оташ асту гоҳ об. Ман ҳам бо обу оташи айём мубориза мебурдам. Ҳақиқат пешаи ман буд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ростиро завол нест. Аммо чун хонаи ман дили мардум буд, аз сӯзи қалби онҳо огоҳ будам, ҳамроҳашон месӯхтаму мегудохтам. Касе чун ман бо рамзи зиндагии онон ошно набуд. Ман ишқро мешинохтам, ишқе, ки аз дилҳо саршор аст. Ин сухани шоир ҳамеша дар ёдам буд:

Дили ман равшан аз сӯзи дарун аст,

Ҷаҳонбин чашми ман аз ашк хун аст.

Зи рамзи зиндагӣ бегонатар бод,

Касе к-ӯ ишқро гӯяд ҷунун аст.

- Яъне, рисолатро аз ибтидо шинохта, қадам ба қадам барои расидан ба ҳадаф пеш рафтед?

- Ҳастии ман зарурати таърихӣ буд. Ман дар дили мардуми Тоҷикистон камол ёфта, пухта расидам. Қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон «Дар бораи ташкили нашри рӯзнома – органи Совети Олии РСС Тоҷикис­тон» 29 августи соли 1990 роҳи маро барои фаъолият боз намуд. Ман худ­ро аз банди эҳсос раҳонидам, роҳи ман ҷиддият ва қотеъиятро тақозо дошт. Лағжидан бароям бегона буд ва агар мелағжидам ба вартаи нобудӣ мерафтам. Воқеаҳои сиёсие, ки ба вуҷуд омаданд, бедории миллии  фазои тафаккури одамонро пур кард ва маро водор месохт қадаме ноҷо нагузорам.

- Оё онҳоеро, ки замони таъсис кор карданд ва ниёзҳои маърифатхоҳиро бароварда сохтанд, ёд доред?

- Магар мешавад таърихро фаромӯш кард. Ҳар кас, ки гузаштаро аз ёд мебарорад ояндаро сохта наметавонад. Дар он даврони ҳассос Муродулло Шерализода, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Додоҷон Раҷабӣ, Бахтиёри Муртазо, Шарифи Ҳамдампур, Фотеҳ Абдулло, Ғанӣ Ҷӯразода, Умриқул Ҳақбердиев, Мақсуд Ҳусейн, Қироншоҳ Шарифзода, Камоли Қурбониён, Мардони Муҳаммад, Тиллои Некқадам, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Қурбон Мадалиев, Зулфиқори Шодӣ, Акбаралӣ Сатторов, Маҳмадшариф Бобошоев, баъдтар Неъматулло Солеҳов, Аъзам Мӯсоев, Парда Ҳабиб, Низом Қосим, Абдурофеъ Рабизода, Ҳуринисо Ализода, Далер Мерганов, Шаҳрияи Адҳамзод, Мухтори Абдулло, Абдумаҷид Муродов, Ҳусейни Назрулло, Давлат Султонов, Шоҳтолиби Шоҳқосим, Карим Давлат, Ҷумъа Қувват, Бурҳониддин Каримзода, Толиб Сафаров ва даҳҳо нафари дигар кор мекарданду ҳоло ҳам фаъолият доранд. Онҳо аз зумраи қаламкашоне буданду ҳастанд, ки мактаби бузурги эҷодии «Садои мардум»-ро ба вуҷуд овардаанд.

- Барои рушди ҳар соҳа роҳбарон нақши бузург мебозанд. Оё аз онҳое, ки ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» сарварӣ кардаанд, розӣ ҳастед?

- Журналистони номдору инсонҳои озода зимоми роҳбариро дар «Садои мардум» ба даст дош­танд. Муродулло Шерализода, Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Ҷумъахон Наботов касоне буданд, ки ҳама неруро ба кори рӯзнома бахшиданд. Ҳоло Самариддин Асозода роҳбарии рӯзномаро ба дӯш дорад. Ҳамаи ин фарзандон ҷонбоз, бомаърифат ва худогоҳе буданду ҳастанд, ки роҳи маро ба сӯи фардои дурахшони миллат равшан намуданд. Ман ҳамеша дасти мардони муваффақро барои хизматҳои арзандаашон самимона мефишорам.

- Аз он ифтихор доред, ки ҳамсоли Истиқлолияти давлатӣ ҳастед?!

- Шарафмандам, ки қадам ба қадам бо Истиқлолият зиндагӣ кардам. Шоҳиди ҳодисаҳои ғамангезу фархундагиҳо гаштам. Аммо ҳамеша Истиқлолиятро сано хондам. Ишқро ово кардам. Худогоҳиву худафрӯзиҳои миллиро ситоиш намудам. Ҳамроҳи Совети Олии РСС Тоҷикис­тон, ки баъд номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт, нафас кашидам, шебу фарози зиндагиро таҷриба намудам. Қонунҳои қабулкардаи парлумонро ба мардум расонидам, ширкати фаъолонаи онҳоро дар қабули ин ё он қонун таъмин сохтам.

Ман — «Садои мардум» ҳоло дар сиюмин солгарди умр саҳифаҳои ҳаёт­ро варақгардон карда, бо итминон мегӯям, ки лаҳзае аз зиндагии халқ ғофил набудам. Умрро сарфи хидмат ба онҳо намудам.

Суҳбаторо ВОРИС, «Садои мардум»