Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ-дастовардҳои бузурги таърихӣ

№77 (4027) 27.06.2019

DSC_1359Асри XX ва ибтидои асри XXI барои татбиқи идеяи миллӣ ва давлати миллӣ давраи санҷиш буд. Ҳатто ақида паҳн шуд, ки худшиносии миллӣ падидаи асримиёнагӣ ва барои қафомонии инсон равона шудааст. «Равшанфикроне» пайдо шуданд, ки ташкилоти миллии ҷомеаро принсипи куҳнашуда медонистанд, сулҳу оромиро дар созиши демократӣ ва ғайримиллӣ медиданд. Миллатро душмани либерализм ва демократия хонда, ба ҳамин васила асоси назариявии азбайнравии давлати миллиро шарҳ медоданд. Танҳо иродаи давлатдории лидерҳое, ба монанди Эмомалӣ Раҳмон, тавонист пеши роҳи парокандагии миллату давлат гардад. Ҳоло мебинем, ки демократия дар Осиё ва Африқо дар асоси ақидаи этникӣ ва қабилавӣ решакан намешавад, баръакс идеяи миллӣ метавонад асоси сарҷамъии шаҳрвандон ва суботу пешравии давлат гардад. Бояд гуфт, ки ҳар як миллат анъанаи хоси фарҳангию давлатдорӣ дорад. Дар таърихи давлатдорӣ фарқияти табиию манфиати халқҳо ва қавмҳо табиатан мавҷуданд ва онҳо сабаби тарҳрезии сиёсати дохиливу беруна мегарданд. Мавҷуд будани ихтилоф дар табиати одамон сабаби ташаккули тафаккур ва пайдоиши анъанаҳои гуногун мегардад. Ҳар миллат қонун ва санадҳои меъёрии давлатиро мутобиқи менталитет ва хусусияти хоси миллӣ таҳия менамояд. Татбиқи механикии қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки барои халқҳои дигар номатлубанд, ба оқибатҳои нохуш мерасонад.

DSC_5238Дар замони муосир бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи илмҳои ҷомеашиносӣ ҳар як кишвар модели давлатдориро интихоб менамояд. Албатта, ин ба бозингарони абарқуд­рати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ на ҳамеша маъқул мешавад. Интихоби хоси модели давлатдорӣ, ки ба таъриху фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ мувофиқ бошад, ягона роҳ барои нигоҳ доштани миллату давлат мебошад. Танҳо бо дастгирии аъзои ҷомеа ва баланд будани сатҳи худшиносии миллӣ ин ва ё он давлат суботу якпорчагиро нигоҳ дошта метавонад. Дар акси ҳол, давлатҳое, ки побанди шиорҳои қалбакии либерализму демократия шуданд, дар гирдоби ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ гирифтор шуда, ба парокандагӣ расида, шаҳрвандонро ба сарсонӣ дучор намуданд. Бинобар ин, бо мурури вақт аҳамияти бузурги таърихиву сарнавиштсози Ваҳдати миллӣ барои давлату миллати тоҷик боз ҳам бештар аён мегардад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва дарки аҳамияти сулҳу ваҳдат ба ҷомеа бениҳоят муҳим ва ибратомӯз мебошад.

Истиқлолияту ваҳдати миллӣ ҳамчун дастовардҳои бузурги таърихӣ барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон шароиту имконоти мусоид фароҳам овард. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ваҳдат ва Истиқлолият ду мафҳуми ба ҳам тавъаманд. Тоҷикистон дар даврони истиқлолият марҳилаҳои хеле вазнину пурхатар ва санҷишҳои вазнини иҷтимоиву сиёсиро паси сар намуд. Алҳол ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушд­ёбанда табдил ёфтааст. Зарурати таърихии инкишофи ояндаи миллат дар замони муосир талаб менамояд, ки гуфта, амал ва нақшаҳои кормандони мақомоти гуногунзинаи давлатӣ баҳри рушду нумӯи давлат, соҳибмаърифат намудани шаҳрвандон ва баланд намудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа бояд равона гардад. Дар ҳамин замина, барои ба ваҳдати комили миллӣ расидан, давлати миллӣ, бояд ба идеологияе такя намояд, ки дигар рукнҳои давлатдорӣ аз он маншаъ гиранд. Чуноне маълум аст, давлате, ки идеологияи ягона надорад, пояаш бебунёд, қудраташ заиф ва ҳамеша дар гирдоби сиёсатҳои таҳмилӣ ғутавар мебошад. Тавре воқеияти зиндагӣ кайҳо собит намудааст, давлате, ки сокинонаш маърифати зарурӣ надоранду шуурнокии онҳо дар сатҳи паст қарор дорад, махсусан дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ дида намешавад, дер ё зуд ба нокомӣ ва шикаст дучор мегардад. Аз ин рӯ, давлати миллиро зарур аст, ки аз тамоми нерую имконият баҳри баланд бардоштани маърифатнокӣ, шуурнокии мардум, баланд намудани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвият бахшидан ба ваҳдату якдилии халқ, беҳ намудани маҷрои зиндагӣ, рушду беҳдошти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии бошандагон талош намояд. Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ба василаи кӯшишҳо озодии сиёсӣ ва якпорчагии кишварро ҳифз карда тавонистем. Вале бо ҳамин набояд хотирҷамъ шуд, зеро масъалаҳои зиёде дар пеш истодаанд, ки баҳри ҳалли онҳо бояд чораҷӯӣ намуд. Бахусус, таъмини истиқлолияти иқтисодию энергетикӣ, давом додани сохтмон ва бунёди неругоҳҳо, ба кишвари транзитӣ табдил додани Ватан, пурра аз байн бардоштани камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги сиёсии мардум, боло бардоштани мақоми зиёиён, кормандони соҳаҳои илм, маориф, тиб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёд намудани музди меҳнати онҳо ва ғайра хеле муҳиманд.

Бояд гуфт, ки яке аз аз муҳимтарин шартҳои такмили фарҳанги сиёсӣ худшиносии миллӣ ва таҳкими истиқлолияти маънавӣ, пеш аз ҳама, худро ба сифати ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсӣ ва ҷомеа донистан ва дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ мубориза бурдан аст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикис­тон аз тарафи СММ дар се самт: истифодаи оқилонаи об, ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои баланд гирифт. Ин далели он аст, ки таваҷҷуҳ ва эҳтироми роҳбарони кишварҳои дигар ба кишвар, пеш аз ҳама, ба Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст. Ва ин боиси ифтихор аст. Имрӯз Тоҷикистон проблемаҳои ҷаҳониро хуб дарк карда, дар радифи давлатҳои бузург метавонад дар амнияти экологӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад.

Тоҷикистони дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хос мебошад. Саммити панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 14-15 июни соли ҷорӣ дар Душанбе доир шуд, далели он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро дигар кишварҳо дастгирӣ менамоянд ва пойтахти мамлакат яке аз марказҳои фаъоли сиёсиву фарҳангӣ мебошад.

Гуфтаҳои боло далели онанд, ки истиқлолият ва ваҳдат аз се ҷиҳат – миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун дастовардҳои бузурги таърихӣ эътироф шудаанд. Аз ҷиҳати миллӣ раҳоӣ аз фалокати миллӣ ва таҳкими пояҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа, баланд шудани худшиносии миллӣ. Аз ҷиҳати минтақавӣ ба ваҳдат омадани тоҷикон собит намуд, ки сарвари қавииродаю хирадманду миллатдӯст метавонад кафили сулҳу амният дар кишвар ва минтақа гардад. Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад ҳамчун кафили рушди босуботи давлатҳои минтақа баромад кунад. Аз ҷиҳати байналмилалӣ таҷрибаи сулҳу ризояти миллии Тоҷикистон метавонад ҳамчун роҳи баромадан аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ барои дигар давлатҳо намуна гардад. Ва ташаббусҳои Тоҷикистон, ки дар боло қайд намудем, аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, самараи истиқлолияту ваҳдат мебошанд. Аз ин хотир, дар шароити кунунии давлатдорӣ, баҳри ҳифзи истиқлолияти давлати миллӣ, таҳким ва рушди ҳокимияти сиёсӣ, баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинии мардум ва такмили фарҳанги сиёсии ҷомеа, зарур аст, ки чораҳои қатъӣ андешида шавад, зеро ягонагию ваҳдати тамоми мардум аз он вобаста аст. Имрӯз ба ҳар як фарди соҳибақл, соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун, миллатдӯсту ватандор зарур аст, ки баҳри халалдор нагаштани ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол ва ободу зебо намудани Ватан талош намояд. Манфиатҳои умумимиллию умумидавлатиро аз манфиатҳои қавмию шахсӣ боло гузорад. Дар кору фаъолият масъулиятшинос ва дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои сокинони кишвар саҳмгузор бошанд. Зеро демократияву пешравии иҷтимоиву иқтисодӣ дар шароите имкон дорад, ки дар он сулҳу субот мавҷуд бошад. Истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ оғози ҳама пешрафти имрӯзаю оянда мебошад.

СОДИҚӢ Насиба Нуруллозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа