Муҳокимаи парламентӣ

Истифодаи маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ аз маърифати пасти истеъмолкунандагон аст

№128 (3922) 23.10.2018

DSC_680618 октябри соли 2018 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода «Оид ба рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷиҳати назорати бехатарии ғизо дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарону масъулони вазоратҳои молия, маориф ва илм, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

- Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи бехатарии маҳсулоти хӯрок­ворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Сарвари давлат нисбат ба воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат эродҳои ҷиддӣ гирифта, оид ба ҳалли масъалаи мазкур ба сохторҳои ваколатдор супоришҳои қатъӣ доданд. Аз ин ҷост, ки имрӯз ин масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор мегирад, — иброз намуд Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳоким Холиқзода вобаста ба мавзӯъ андешаронӣ намуда, ин нуктаро аз Паёми Президенти кишвар ёдовар шуд: «Ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст». — Аз ин рӯ, — гуфт, Сарвари давлат мақомоти ваколатдори давлатиро ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ вазифадор ва таъкид намуданд, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт «Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ»-ро таҳия ва амалӣ намоянд. Ҳамзамон, Ҳукумати кишвар вазифадор гардид, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат бо озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат «Барномаи нави давлатии амнияти озуқаворӣ»- ро таҳия ва татбиқ кунад.

Айни замон мақомоти бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи тухмӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амалӣ намуда истодааст.

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёмашон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохтории заруриро амалӣ созад. Дар ин асос, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, таҳти №595 «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи 4 мақоми давлатӣ — Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода иброз дошт, ки мақомоти мазкур тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фаъолияти худро ба самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона намуда, дар давоми 9 моҳи соли 2018 корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, бо мақсади эмин нигоҳ доштани вазъи боэътимоди эпизоотӣ ва таъмини саривақтии чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ дидбонгоҳҳои роҳҳои чорвогузарро бо ваксина ва маводи шустушӯйӣ таъмин намуд.

Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни 12 453 283 сар чорво ва паранда чорабиниҳои табобатӣ гузаронида шуд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои безарар­гардонӣ, дезинфексия дар масоҳати 453,7 ҳазор м.кв., дезинсексия 25,4 ҳазор м.кв. ва дератизатсия дар масоҳати 25,1 ҳазор м.кв. амалӣ карда шуданд.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолӣ 715 403 маротиба ташхис гузаронида, маҳсулоти ба талаботи байторию беҳдоштӣ ҷавобгӯнабуда, аз ҷумла 13401,9 кг маҳсулоти гӯштӣ, 8156,7 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 57137 дона тухми паранда, 57388,9 кг меваю сабзавот, 587 кг моҳӣ, 1207,9 кг маҳсулоти намакин, 457 литр равғани растанӣ ва 147 кг асал муайян ва тибқи тартиби муқарраргардида нобуд карда шуд.

Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаралӣ Файзализода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сайҷон Давлатзода низ роҷеъ ба масъалаи мавриди баррасӣ гузориш доданд.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагон Мусалам Қодирова, Мирзодавлат Сабурзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Рус­там Қудратов, Ҳоким Холиқзода роҷеъ ба тадбирҳои нокифоя дар самти пешгирии маҳсулоти пастсифати озуқа, ҷой доштани ҳолатҳои фурӯши маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта ва ба саломатӣ зараровар дар бозору марказҳои савдо, маърифати пасти истеъмолкунандагон ва ғайра ибрози назар ва бо масъулин суолу ҷавоб карданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар муҳокимаи парламентӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар хотима, бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти баёнгардида, қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ