Муҳокимаи парламентӣ

Истифодаи оқилонаи чарогоҳ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми калон дорад

№80 - 81 (3874 - 3875) 30.06.2018

DSC_0500Бисту панҷуми июни соли равон бо ибтикори Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин таҳти раё­сати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев оид ба татбиқи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ вобаста ба лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд.

- Барои мутобиқгардонии фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ба талаботи иқтисоди бозорӣ барномаҳои давлатӣ қабул гардида, лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ карда мешаванд, ки ташаббускори онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

DSC_0516Гузаронидани ислоҳот дар соҳа барои ташаккули истеҳсолот имкониятҳои зиёд ба миён овард. Дар натиҷа, ҳар як деҳқон ба ҳуқуқи истифодаи якумраи замин ва мустақилона хоҷагидорӣ намудан соҳиб гашт. Эътироф бояд кард, ки истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳа, аз ҷумла чарогоҳ, беҳбудиро талаб менамоянд. Зеро ҷорӣ гардидани муносибатҳои иҷораи фаръӣ (субаренда), барои пайдо шудани истифодабарандагони дуюм ва сеюми чарогоҳ сабаб гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар ҳолат маҳз сабабҳои субъективӣ барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи чарогоҳ мушкилӣ ба миён меоранд, — гуфт зимни ифтитоҳ А. Фелалиев.

Ӯ, инчунин зикр намуд, ки истифодаи чарогоҳ аз ташаккул­ёбии фазои институтсионалӣ бештар вобастагӣ дорад. Фазои институтсионалӣ бо роҳи ворид намудани маҳдудиятҳо ба рафтори одамон дар шакли қоидаю дастурамалҳо, меъёрҳои рафтор ва истифодаи фишанги маҷбуркунӣ ташаккул меёбад.

Акрамшо Фелалиев фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ»-ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 таъсис дода шудааст, қаноатбахш арзёбӣ кард. Аз он ёдовар гардид, ки марказ дар самти рушди институтсионалии истифодаи чарогоҳ корҳои муайянро ба итмом расонида, дар деҳаҳои зерҳадафи ноҳияҳои Ш. Шоҳин, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг ва Балҷувон 203 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳро таъсис додааст.

Вобаста ба мавзӯъ, ҳамчунин директори Муассисаи давлатии лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  Саъдӣ Ғаффорзода маълумот дод. Номбурда гуфт, ки татбиқи лоиҳа якуми сентяб­ри соли 2012 шурӯъ шуда, то 30 сентябри соли 2018 давом мекунад. Он панҷ ноҳияи вилояти Хатлон — Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалингро фаро гирифта, мақсад ва вазифаи он таъмини амнияти озуқаворӣ ва зиёд намудани даромади 22400 хонаводаи камбизоат тавассути баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ мебошад. Маблағи умумии лоиҳа 15,55 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 14,6 миллион доллар саҳми Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, 329,84 ҳазор доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шакли озод намудан аз боҷи гумрукӣ ва андоз ва 628,56 ҳазор доллари ИМА саҳми манфиатгирандагон мебошад.

Зикр шуд, ки  дар 203 деҳаи зерҳадаф бо фарогирии 23840 хонавода Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон (ҶЧ)  ташкил шуда, бо мақсади анҷом додани киштукор ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои хӯроки чорво дар асоси дархости ҶЧ — и ноҳияҳои зерҳадаф 8 комбайни ғалладарави тамғаи «Нива эффект», 133 трактор, 2 экскаватори тамғаи «Хантер», 3 нақлиёти боркаш, 73 ядаки трактории тамғаи «2ПТС — 4,5», 32 ғаллакӯбаки истеҳсоли ватанӣ, 30 мотоблок, 10 таҷҳизот барои ҷамъоварии хӯроки чорво, 190 алафдаравак, 2 алафтойкунак, 12 борбардори фронталӣ, 111 испор ва 389 сихмола  дастрас карда шуд.

Бино ба гуфти Саъдӣ Каримзода, дар самти беҳсозии инфрасохтор дар чарогоҳҳо дар асоси пешниҳоди Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони ноҳияҳои зерҳадаф 119 зерлоиҳа-сохтмони 80 хати оби нӯшокӣ барои чорво дар чарогоҳҳо ва наздикии деҳаҳо бо дарозии умумии 116,6 километр, 20 зерлоиҳа оид ба сохтмон ва таъмири роҳҳои чорвогузар бо дарозии умумии 16,5 километр, 14 зерлоиҳа оид ба сохтмони пул ва гузаргоҳ барои чорво бо дарозии умумии 115 метр ва 5 зерлоиҳа оид ба сохтмони кашар дар чарогоҳҳо, амалӣ гардид.

- Дар самти беҳтар намудани заминаи истеҳсоли хӯроки чорво хонаводаҳои эҳтиёҷманди ҷамъиятҳои зикршуда бо 109,7 тонна тухмии зироатҳои хӯроки чорво (ҷав, юнучқа, эспарсет) ва 593,3 тонна нуриҳои минералӣ таъмин гардида, дар масоҳати 823 га кишти онҳо анҷом дода шуд. Аз ин ҳисоб дар  солҳои 2016 ва 2017-ум 707,6 тонна тухмии зироат ва 6896 тонна хӯроки хушки чорво истеҳсол гардид, — изҳор дошт Саъдӣ Каримзода. Илова бар ин, 45 зерлоиҳа дар самти беҳтаркунии зоти чорвои  аҳолӣ амалӣ шуд, ки дар доираи татбиқи онҳо ба 45 Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон 510 сар қучқори зоти ҳисорӣ тақсим гардид.

Тибқи нақша беҳсозии 80 000 гектар чарогоҳ пешбинӣ шуда, аз аввали татбиқи лоиҳа ҳолати 83980 гектар чарогоҳ беҳбудӣ ёфт.

Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мусоев гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 3 832 085 гектар чарогоҳ мавҷуд буда, аз ин миқдор 783684 гектар зимистона, 2055320 га тобистона, 714623 гектар баҳорию тирамоҳӣ ва 278458 гектарро чарогоҳҳои доимӣ ташкил медиҳанд. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 таҳти № 696 «Дар бораи истифодабарии чарогоҳҳои мавсимӣ» чарогоҳҳои ҷумҳурӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста карда шудаанд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар натиҷаи бе низом чаронидани чорво растаниҳои барои хӯроки чорво пешбинишуда нобуд шуда, тибқи маълумоти оморӣ  нисбат ба соли 1991 саршумори чорвои калон 53,  асп  49 ва моли майда 50 дарсад зиёд гардидааст.

- Чарогоҳҳои ҷумҳурӣ асосан мавсимӣ мебошанд. Дар фаслҳои тирамоҳ, зимистон ва баҳор бештари чорво дар чарогоҳҳои зимистона нигоҳубин карда мешаванд. Ин ҳолат ба камҳосилии чарогоҳҳо боис шуда, дар онҳо эрозияи хок авҷ гирифтааст.

Чарогоҳҳои баландкӯҳ бештар ба марғзори пасталаф мансуб буда, аз гиёҳҳои хӯшадору лӯбиёгӣ иборатанд. Ғизонокии онҳо хеле баланд буда, шароити муътадили баландкӯҳ барои тез фарбеҳ шудани чорво мусоидат мекунад. Дар маҷмӯъ, истифодаи оқилонаи чарогоҳ барои рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат мусоидат менамояд, — изҳор дошт Нусратулло Мусоев.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Саидов, А. Ғаффоров, М. Сабурзода, Н. Оқилзода, Б. Абдуалимов, З. Исмоилзода, Р. Латифзода, М. Ахмедов ва  О. Сафаров ба масъулини Вазорати кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» савол дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар охир вобаста ба масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛЛОЕВ,

«Садои мардум»